Асолати иҷтимоию фарҳангии Наврӯз хеле бузург аст

Март 18, 2016 16:27

Душанбе, 18.03.2015. (АМИТТ «Ховар»).-«Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёнажод мебошад. Бояд ёдовар шуд, ки 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон-ро дорад, қарорномаи «Рўзи ҷаҳонии Наврўз ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди давлатҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар қарорнома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рўзи байналмилалии Наврўз таҷлил гардад»,-гуфт ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Ҳайдар Одинаев имрӯз зимни ҷашни наврӯзие, ки дар факултаи сохтмон ва меъмории донишгоҳ баргузор гардид.
Ҳ.Одинаев ҳамаи меҳмонон ва донишҷӯёнро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, иброз намуд, ки Наврўз, пеш аз ҳама, дастоварди арзишмандтарини фарҳанги миллии тоҷикон мебошад. Таърихи Наврўз аз умқи қарнҳо сарчашма мегирад.
Раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Лутфия Раҷабова зикр намуд, ки ҳар гоҳ мо ёди Наврӯз мекунем, орзуҳои ҳазорсолаи ниёгонамонро ба хотир меоварем.
«Асолати иҷтимоию фарҳангии Наврӯз хеле бузург буда, он далели рушду пешрафти тафаккури созандаву бунёдкорӣ, муттаҳидию ҳамгироии мардум аст. Маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ пазируфта шуда, шукуҳу шаҳомати нав пайдо кард ва ба ҷашни воқеан мардумии ҳалқи сарбаланди тоҷик табдил ёфт»,-гуфт Л.Раҷабова.
Дар чорабинии идона донишҷӯёни ҳамаи факултаҳои донишгоҳҳо дастархони идонаи Наврӯзӣ ороста, тамоми анъанаву маросими миллии тоҷиконро дар он намоиш доданд. Дар байни донишҷӯён озмуни «Маликаи беҳтарин», қироати шеъри наврӯзӣ, табрикоти беҳтарин ва дигар озмунҳо гузаронида шуд. Гулдухтарони донишгоҳ бо либосҳои миллӣ меҳмононро мафтун намуданд.
Ректори Донишкадаи сохтмон ва меъмории шаҳри Тюмен Александр Набоков, ки дар ин ҷашн иштирок дошт, эҳсосоти худро чунин иброз намуд: «Мо ду моҳ пеш соли навамонро ҷашн гирифтему имрӯз моро боз ба ҷашни соли нав даъват карданд. Мо ҳайрон шудем, ки чӣ тавр дар баҳор соли нав? Ин хеле анъанаи хуб ва ҷашни зебо будааст. Ҳамаи шумоён ва мардуми тоҷикро бо ин ҷашни фархунда табрик менамоем. Акнун пас аз баргаштан ба ватан ман бо ифтихор метавонам гӯям, ки боз як бори дигар Соли навро ҷашн гирифтам».
Дар чорабинӣ инчунин хатнатӯйи кӯдакони омӯзгорони ин донишгоҳ гузаронида шуда, ба ҳамаи кӯдакон либосҳои идона тақдим гардид.

 

Таҳияи Л.Қосимова

Март 18, 2016 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад