Ифтитоҳи бинои сафорати Тоҷикистон дар пойтахти Амороти Муттаҳидаи Араб

Март 17, 2016 18:04

Душанбе, 17.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Абу Забӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабро ифтитоҳ намуд.

Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таҳти садои суруди миллии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз парчампоя боло бардошт.

Баъди буридани лентаи рамзӣ дар вазъияти тантанавӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кори кормандони сафорати Тоҷикистон дар толор ва утоқҳои корӣ шинос шуд.

Тавре маълум гардид, бинои сафорат дар шаҳраки намояндагони корпусҳои дипломатии Абу Забӣ бунёд шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯй аст.

Бинои хуштарҳи Сафорати Тоҷикистон аз 3 ошёна ва утоқҳои барҳаво иборат мебошад. Дари даромадгоҳ ва пешайвон бо нақшу нигори миллӣ аз ҷониби устоҳои гулдасти тоҷик — ҷавонони ҳунарманд ороиш дода шудааст.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар паҳлӯи бинои сафорат як иморати дигари дуошёна бо шароити мусоиди зист барои кормандон сохта шудааст. Ин тадбир имкон фароҳам меорад, ки масъалаи таъмини манзили зисти намояндагони сафорат ҳам ҳал гардад.

Бунёди бинои сафорат аз моҳи сентябри соли 2014 оғоз гардида, 17 марти соли 2016 дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб ба истифода дода шуд.

Дар ҳамин ҷо баъди ифтитоҳи бино Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо иштирокдорони маросими ифтитоҳи сафорат, намояндагони корпуси дипломатии муқими Абу Забӣ ва ҳамватанони мо, ки дар аморот кору зиндагӣ мекунанд, мулоқоту суҳбати самимӣ доир кард.

“Рушду густариши муносибатҳои гуногунҷанбаи судманд бо ин кишвари барои  мо дӯст яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон аст” — таъкид дошт зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Сафорат ва дипломатҳо давлаташонро дар кишвари будубош муаррифӣ намуда, бо фаъолияти ҳадафмандашон барои таҳкиму тавсеаи равобити ҳасана ва ҳамкории судманди онҳо заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Аз ин рӯ, изҳори умед карда шуд, ки кормандони сафорати мо дар Абу Забӣ барои иҷрои нияту нақшаҳои таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстиву ҳамкории мутақобилан муфиди байни ду кишвари дӯст минбаъд низ заҳматҳои пайгиронаашонро дареғ нахоҳанд дошт.

Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони сафорат ғайрати дучанд, фаъолияти ҳадафмандона ва дар кору амалашон дастовардҳо орзу намуд.

Бо ҳамин сафари расмии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Амороти Муттаҳидаи Араб анҷом ёфт.

Март 17, 2016 18:04

Хабарҳои дигари ин бахш

АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд