Ифтитоҳи корхонаи сементбарории ҶДММ «Хуаксин Ғаюр — Суғдсемент» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Март 23, 2016 10:44

Душанбе, 23.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо буридани лентаи рамзӣ корхонаи сементи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаксин Ғаюр — Суғдсемент»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони корхона аз ҷониби ширкати ватании «Ғаюрсемент» дар якҷоягӣ бо шарикони чинӣ — Ширкати «Хуаксин семент» соли 2014 оғоз ёфта буд ва дар масоҳати 48 гектар замини бекорхобида бо харҷи зиёда аз як миллиард сомонӣ бунёд гардидааст.
Иқтидори лоиҳавии корхона дар як шабонарӯз 3300 тонна ва дар як сол беш аз 1 миллион тонна семент буда, дар он беш аз 1300 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд. Беш аз 90 фоизи коргарон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки маоши онҳо аз 1500 то 12000 сомониро ташкил медиҳад. Дар корҳои сохтмонӣ ва васлгарии корхона 1400 нафар бинокор ва кормандони муҳандисию техникӣ иштирок намудаанд, ки аксари онҳо сокинони маҳаллӣ мебошанд.
Бо мақсади таъмини фаъолияти муътадили корхонаи семент нерӯгоҳи ҳароратӣ бо иқтидори  25 мегаватт дар як соат бунёд карда шудааст.
Барои таъмини шароити мусоиди кору зисти коргарон дар назди корхона хобгоҳи муосир ва ошхона бунёд гардидааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхона шинос шуда, ба кори соҳибкорон баҳои баланд дод ва арзи сипос намуд.
Корхонаи «Хуаксин Ғаюр — Суғдсемент» бо технологияи муосири ҷаҳонӣ сохта шуда, маҳсулоташ бепартов ва аз ҷиҳати экологӣ безарар мебошад. Навъи сементи корхона 400, 500 ва 600 буда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ва дар бозори аврупоӣ маъмулу рақобатпазир мебошад.
Корхона ҳамасола ба давлат беш аз 145 миллион сомонӣ андоз хоҳад супорид.
Ба гуфти соҳибкори ватанӣ Акбар Ғуломов, бо фаъол гардидани корхонаи мазкур ва афзоиши маҳсулот арзиши семент дар Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд то 35 дарсад коҳиш меёбад ва он боз воридотивазкунанда низ ҳаст.
Баъди ифтитоҳи корхонаи азими саноатӣ дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва коргарони ин коргоҳи истеҳсолӣ мулоқоти судманд анҷом дод.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи «Хуаксин Ғаюр — Суғдсемент» — ро бо таъсиси 1300 ҷойи корӣ муборакбод намуда, ба кор шуруъ намудани ин иншооти азимро туҳфаи пурарзиши наврӯзӣ номид.

Март 23, 2016 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд