Ифтитоҳи Маҷмааи тандурустии Истиқлол дар шаҳри Душанбе

Март 4, 2016 10:13

Душанбе, 04.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як маҷмааи бузурги тандурустиро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро кормандони соҳаи тандурустӣ бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Баъди буридани лентаи рамзӣ дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди табибон, ки ба истиқболи Сарвари давлат омада буданд, суҳбати самимӣ доир намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бунёду мавриди истифода қарор додани ин маркази бузургро туҳфаи арзандаи Пешвои миллат ба кормандони соҳа дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва истиқбол аз 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ кард. Президенти мамлакат пешниҳод намуд, ки Маркази тандурустӣ ба номи Истиқлол гузошта шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони сершумори соҳаи тандурустии пойтахт муроҷиат намуда, онҳоро ба садоқат ба касби пурмасъулият ва бошарафашон ҳидоят кард. Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ва муомилаю муоширатро бо мардуми ниёзманд беҳ созанд.

Бо ифтитоҳи Маҷмааи нави тандурустии Истиқлол 3500 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати бобарори иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва бо ин роҳ беҳтар кардани вазъи иқтисодию иҷтимоии зиндагии мардум мебошад.

Бунёд ва мавриди истифодадиҳии ин маркази замонавӣ барои беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба он шароити мусоид фароҳам меорад.

Чунонки таъкид гардид, саломатии аҳли ҷомеа дар мадди аввал қарор дорад, зеро ба андешаи Пешвои миллат “солимии ҷомеа- сарвати давлат аст”.

Зимни суҳбат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи технологияи пешрафтаи ташхисию табобатии муосир дастурҳои мушахас дод.

Пас аз анҷоми суханронӣ Сарвари давлат дар Маҷмааи тандурустии Истиқлол бо шароиту имкониятҳои ташхисгоҳ, шуъбаи наҷот ва муолиҷаи оҷил барои калонсолон, толорҳои ҷарроҳии асаб, ҷарроҳии умумӣ, ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, толори гиёҳдармонӣ, маркази иттилоотӣ, китобхонаи электронӣ бо 27 компютери ба интернет пайваст, таваллудхона, шуъбаи бемориҳои дарунии кӯдакона, бистарикунонии калонсолон, дармонгоҳ, озмоишгоҳ, ошхонаи кормандон бо 150 ҷойи нишаст ва дар саҳни ҳавлии маҷмаа бо варзишгоҳ шинос шуд.

Зимни шиносоӣ бо шароити корӣ ва таҷҳизоти иншооти Маҷмааи тандурустии Истиқлол, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки маркази муҳташами тандурустӣ дорои 38 бинои аз 1 то 9 — ошёна буда, дар онҳо ҳамаи шароити зарурӣ барои қабул, муоинаю ташхис, табобат ва фароғату тавонбахшӣ муҳайё карда шудааст.

Дар марказ 620 номгӯи таҷҳизоти муосири ташхису табобатии истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аз ширкатҳои бонуфузи Русия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Япония, Олмон, Финляндия ва Чехия дастрас ва насб шудааст.

Дар ошёнаи аввал ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастгоҳҳои нодиртаринро намоиш доданд, ки нахустин дар Осиёи Марказӣ буда, ба ҷумҳурӣ дастрасу дар маҷмаа насб гардидааст.

Тавре мутахассисони соҳа иттилоъ доданд, бартарияти ин дастгоҳҳо дар он аст, ки кори табибонро сабук карда, якбора бо сарфаи вақт якчанд амалиётро иҷро менамоянд. Масалан дастгоҳи ангеография, ки нодиртарин маҳсуб меёбад, ташхису табобати бемориҳои гуногун, аз қабили бемориҳои дилу рагҳои хунгард, касалиҳои занона ва ғайраро иҷро менамояд.

Дастгоҳи рентгении рақамӣ дар як лаҳзаи кӯтоҳ беморро аз ташхис мегузаронад. Дар ҳуҷраи мамографӣ бемориҳои ғадуди ширии занон ва саратони ғадудҳои ширии занон ташхис карда мешавад. Дар ҳуҷраи дансиометрӣ ҳолати физиологӣ ё потологии узвҳоро аз ташхис мегузаронанд. Яке аз бартариҳои ин дастгоҳ бо муайян кардани зичии бофтаҳои устухон пешгирии шикастани устухонҳои инсон мебошад.

Дар озмоишгоҳ аксар дастгоҳҳои муосире дастрас гардидааст, ки якбора якчанд амалиётро иҷро мекунанд. Масалан дар озмоишгоҳи ташхиси бемориҳои сироятӣ дастгоҳҳои ширкати олмонӣ насб шудааст, ки дар як соат 96 амалиётро анҷом медиҳад. Заррабин бошад, замонавӣ буда, сифати баланди оптикӣ дорад ва маводҳои ташхисшавандаи бемориҳои сироятиро аз 1000 то ба 2500 дараҷа калон мекунад. Аксари дастгоҳҳои барқии тиббӣ дар ин марказ каммасраф мебошанд.

Дар ҳуҷраи шикастабандӣ бошад, дастгоҳе насб шудааст, ки дар вақти ҷарроҳӣ беморро аскбардорӣ карда, табобат менамоянд. Барои ин шахси осебдида ба дигар ҷой барои гузаштан аз ташхиси рентгенӣ намеравад.

Барои бемориҳои гушу гулу ва бинӣ дастгоҳи муосире насб шудааст, ки якбора метовонад беморро ташхис, беҳис ва табобат намояд.

Дар дармонгоҳи маҷмаа тамоми ҷараёни бақайдгирӣ, ташхис ва табобати бемор ба таври компютерӣ ба системаи ягона ворид карда мешавад.

Дар шуъбаи наҷот ва муолиҷаи оҷил дар бахши ҷарроҳии калонсолон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои навтарини эҳёгарии беморон бо истифодаи васеъ аз технологияи компютерӣ оид ба ҳолати бемор намоиш дода шуд.

Тавре мутахассисон иттилоъ доданд, дар ин маҷмаа ба дастрас кардани дастгоҳҳои сайёр дар ҳар як ҳуҷраи ҷарроҳӣ, аз қабили рентгени мобилӣ, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти махсуси нигоҳдории кӯдакони дар вақти таваллуд бо вазни то 500 грам, интиқоли ин гуна тифлони навзод аз як ҷо ба ҷойи дигар, гузаронидани ҷарроҳӣ бевосита дар худи таваллудхона барои кӯдакони бо нуқси модарзодӣ таваллудшуда, аз тарафи духтурони табобати кӯдакон ва насби камераҳо дар вақти ҷарроҳиҳои нақшавӣ барои тибби фосилавӣ ва омӯзондани донишҷӯён афзалият дода шудааст.

Қаблан барои табобати як бемор аз дигар беморхонаҳо табиб даъват карда мешуд, ё ин ки барои ташхис шахси бемор ба дигар ҷо фиристода мешуд, акнун таҷҳизоти нодиру гаронарзиши тиббии маҷмаа имкон медиҳад, ки бемор дар ҷояш ташхис ва табобат карда шавад.

Барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар ин ҷо толори маснуъӣ фаъолият мекунад, ки тарзи расондани кумаки аввалини тиббӣ ба онҳо омӯзонида мешавад.

Дар маркази системаи ягонаи иттилоотии тандурустии ҷумҳурӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки имкон аст то дар як махзан ҳолати бемор нигоҳ дошта шавад ва ба маркази ҷумҳуриявӣ таърихи ташхису табобат ва маълумоти вазъи сиҳатии аҳолӣ расонда мешавад.

Ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин имконияти муосири тибби фосилавиро намоиш доданд. Ин таҷриба аллакай дар ҷумҳурӣ ба таври манфиатбахш муаррифӣ гардидааст. Тавассути он табибон метавонанд дар фосилаҳои гуногуни маҳалли ҷойгиршавӣ бо якдигар барои анҷоми ҷарроҳиҳо ё дигар амалиёт табодули дониш ва таҷриба намоянд.

Дар ошёнаи дуюм ва ҳаштум бахши табобат бо гиёҳ амал мекунад, ки дар ин ҷо бо истифода аз гулу гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистони биҳиштосо доруҳои гуногун омода мекунанд.

Баҳри бемороне, ки дар ин ҷо табобат мегиранд, дар ошёнаи ҳаштум толорҳои алоҳидаи варзишӣ барои занону мардон ва кӯдакон сохта шудаанд. Дар толор таҷҳизоти муосири гуногуни машқи бадан дастрас гардидааст, ки мизоҷони маркази тандурустӣ метавонанд аз он васеъ истифода баранд

Арзиши умумии иншооти маҷмааи тандурустии Истиқлол беш аз 700 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои корҳои сохтмонӣ-васлкунӣ 500 миллион сомонӣ, харид, интиқол ва васлу насби таҷҳизоти тиббӣ 270 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар маҷмуъ дар муассисаи мазкур 1000 ҳуҷраи тахассусӣ, 650 кати табобатӣ, (аз ҷумла 150 кати калонсолон, 182 кати ҷарроҳии кӯдакона, 213 кати соматикии кӯдакона, 100 кати таваллудхона), дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст, 47 шуъбаи маъмурӣ, ёрирасон, дармонгоҳӣ ва зиёда аз 50 шуъбаи бистарикунонӣ мавҷуд аст. Дар пойгоҳи маҷмаа зеристгоҳи ёрии таъҷилии тиббӣ бо иқтидори 15 нақлиёти соҳавӣ, аз ҷумла 3 бригадаи ёрии наҷотбахшӣ, 1 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ барои интиқоли кӯдакони навзод фаъолият менамояд.

Инчунин дар ин ҷо иншооти гуногуни ёрирасон, толори конфронс бо 260 ҷойи нишаст, ошхона бо 150 ҷой, хонаи либосшӯӣ, маҷмааи варзишӣ, коргоҳи истеҳсоли доруворӣ ва ғайра низ омодаи хизмат аст. Маҷмаа муассисаи калонтарин барои табобат тавассути бистаринамоӣ дар пойтахт маҳсуб ёфта, 75 фоизи иқтидори он ба солимии модару кӯдак равона карда шудааст.

Бори нахуст дар сохтори тандурустии пойтахт роҳандозӣ намудани фаъолият дар самти ҷарроҳии дилу рагҳои кӯдакон, сохтори алоҳидаи покнамоии хуни (гемодеалези) кӯдакон, шуъбаи муҳандисии клиникӣ, тибби суннатӣ ва 50 кати наҷоти бахшҳои гуногун амалӣ шудааст.

Лоиҳаи бунёди Маҷмааи тандурустии Истиқлол соли 1987 тасдиқ шуда, тайи солҳои дароз сохтмони он ба таъхир афтода буд, инак баъди беш аз 30 сол туфайли соҳибистиқлолии кишвар имкон фароҳам омад, ки дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ворид намудани тағйироту иловаҳо ба лоиҳаи марказ тибқи меъёрҳои муосир таҳия намудан, аз нав сохтмони иншоот 1 апрели соли 2013 оғоз гардид.

Иншоот дар масоҳати умумии 105 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфтааст.

6 сентябри соли 2011 Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони шифохонаи шаҳрии бисёрсоҳа бо 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар ниёзмандон дар як баст оғоз бахшида буд.

Сарвари давлат ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар мақомоти масъул дастур дод, ки дар паҳлӯи шифохонаи шаҳрӣ, воқеъ дар шафати Маркази ҷумҳуриявии ташхисӣ, ҳамчунин як осоишгоҳи хуб сохта, ба ниёзмандон пешкаш намоянд.

Дар ҷараёни сохтмони маркази тандурустии Истиқлол Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба-4 сентябри соли 2013 ва 4 ноябри соли 2014 бо рафти корҳо ва сифати сохтмон шинос шуда буд.

Дар вақти бунёди ин иншооти беназири тандурустӣ пешниҳодҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инобат гирифта шудааст ва дар натиҷа маҷмааи тандурустии Истиқлол бо назардошти завқи баланди зебоипарастӣ ва риояи қоидаву унсурҳои меъмории шарқии бо талаботи замони муосир омехта, хеле дилкашу назаррабо бунёд ёфт. Бинои маҷмаа, ки дар як ҷойи назаррас бунёд шудааст, ба симои шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам мекунад.

Ҳуҷҷатҳои лоиҳавии иншоотро се ташкилоти лоиҳакашии ватанӣ – Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз», ҷамъиятҳои саҳҳомии кушодаи «Саноатсоз» ва «Шаҳрофар» таҳия намудаанд.

Дар бунёди иншооти мазкур 8 ташкилоти сохтмонӣ ба ҳайси пудратчиёни асосӣ ва 17 адад ташкилоти молрасон иштирок кардаанд. Дар рафти сохтмони ин иншоот аз оғоз то анҷом аз 450 то 2500 нафар мутахассисони касбу кори гуногун бо кор ва маоши аз 1200 то 3500 сомонӣ таъмин шуданд. Корҳо таҳти назорати доимии 350 нафар мутахассисон ва масъулини муҳандисию техникӣ ҷараён дошт. Дар рафти бунёди иншоот корхонаҳои сохтмонӣ ва техникаҳои гуногунтамға, аз ҷумла 6 адад корхонаҳои бетонтайёркунӣ, даҳҳо адад кран-манораҳои борбардор, автокранҳо, экскаваторҳо ва дигар автомашинаҳои борбардор фаъолият мекард.

Ин маҷмаа бузургтарин иншооти соҳаи тандурустии Тоҷикистон на танҳо дар замони соҳибистиқлолӣ, балки дар даврони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ мебошад ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳам шояд беҳамто бошад.

Маҷмаа нахустин муассисаи бисёрсоҳаи тиббии кишвар мебошад, ки мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида, фарогири зинаҳои ташхис, табобат, аз ҷумла хадамоти ёрии фаврии тиббӣ ва офиятбахшии тибби муосир мебошад.

Дар пойгоҳи ин маҷмаа 14 кафедраи соҳавии Донишгоҳи давлати тиббии Тоҷикистон, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ ва ғайра фаъолият карда, метавонанд аз он чун пойгоҳи беҳтарини таълимӣ, илмӣ ва таҷрибаомӯзии амалӣ пурсамар истифода баранд.

Фароҳам овардани шабакаҳои худкори идоракунии иттилоотӣ, таъмини об,(оби тоза, гарм, хунук), газҳои табобатӣ (ҳавои фишурда, оксиген), ҳавополоӣ(тоза, гарму сард), пешгирии сӯхтор, тибби фосилавӣ, интернет, алоқаи дохилӣ ва шаҳрӣ, радиои дохилӣ, камераҳои мушоҳидавии мустақим (416 нуқта), 602 маҷмуи компютер низ маҷмааро дар ҷумҳурӣ ва минтақа беназир кардааст.

Дар масоҳати 9500 метри мураббаъ қитъаи замин корҳои кабудизоркунӣ гузаронида шудааст. 670 адад дарахту буттаҳои гуногуни ороишӣ ва 10 ҳазор адад гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст. Гулгашту фаввораҳо, ҷойҳои нишасту чароғҳои гуногунранг, ки бо завқи баланди зебоипарастӣ сохта шудааст, низ барои табобати беморон ва болидагии руҳи онҳо хизмат мерасонад.

Зимни шиносоӣ ва суҳбат бо кормандони Маҷмааи тандурустии Истиқлол Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мутахассисонро ба кори пуршарафи табибӣ, истифодаи мақсадноки техникаю таҷҳизоти муосири соҳа, хизмати содиқона ба нафъи давлату миллат ва халқи шарафманди тоҷик ҳидоят намуд.

Диққати масъулинро барои таъмини кадрҳои ҷавон ва баландихтисос бо кор дар ин марказ ҷалб кард.

Мавриди зикр аст, ки бо гузаронидани ислоҳоти муваффақ дар соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа аз тарафи Президенти мамлакат бахши тандурустӣ низ рушду тараққӣ меёбад. Дар саросари кишвар даҳҳо адад марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва беморхонаҳои муосир бунёд гардида, бо таҷҳизоти муосиру дигар технологияи компютерии пешқадам таъмин мешавад, кадрҳои баландихтисоси маҳаллӣ барои фаъолият дар ин марказҳо роҳхат мегиранд.

Бо таъмини чунин шароити муосир акнун мардум ба хориҷи кишвар нарафта, дар маҳалли зисти худ бо харҷи камтарин маблағ ва сарфаи вақт табобат мегиранд. Ин дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ, пешгирӣ ва аз байн бурдани бемориҳои гуногун, аз ҷумла касалиҳои сироятӣ, пешгирии фавти модару кӯдак, дар шароити муосир ва бо риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ расондани кумакҳои аввалияи тиббӣ мебошад ки аз ҷониби Сарвари давлат барои мардум пешкаш карда мешавад.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барномаҳои мукаммал барои рушди соҳа қабул гардида, марказҳо бо мутахассисони соҳибтахассус таъмин мешавад. Дар муассисаҳои олии кишвар бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат духтарону писарони лаёқатманди ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони мамлакат тибқи квота таҳсил карда, ба зодгоҳи хеш бармегарданд.

Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода буд, татбиқи амалии худро меёбанд. Дар паёми имсола, аз ҷумла супориш дода шуда буд, ки барои қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни мардуми Тоҷикистон ба табибони баландихтисос дар вилояти Хатлон, ки сераҳолитарин минтақаи мамлакат аст, муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ таъсис дода шавад.

Ҳамин тавр бо мақсади беҳтар намудани таъмини муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» 25 феврали соли равон ба имзо расид.

Иқдоми наву арзандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони соҳаи тиб таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мебошад, ки баҳри ҳамаи марказҳои саломатӣ кадр омода менамояд.

Ифтитоҳи маҷмааи тандурустии Истиқлол дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт низ иқдоми шоистаи Пешвои миллат барои солимии ҷомеа ва беҳдошти сатҳи зиндагии онҳост.

Март 4, 2016 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд