Баҳои талхи Меркелро ба мусулмонон маҷбурем фуру барем, зеро дуруст гуфтааст

Март 2, 2016 09:13

Душанбе, 02.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Рӯзҳои охир суханони канслери  Олмон Ангела Меркел дар хусуси вазъи имрӯзаи ҷаҳони Ислом ва кишварҳои араб аксуссадои зиёде дар матбуоти кишвар ба вуҷуд овард. Суханони хонум Меркел чунинанд: “Ҳинду Чин наздик ба 2,5 млрд аҳолӣ, 150 Худо ва 800 ақидаи мухталиф доранду дар сулҳ зиндагӣ мекунанд. Мусулмонон як Худо, як пайғамбар ва як китоб доранд, вале хиёбонҳояшон аз хуни ҳамдигар сурх шудааст.

Қотилаш мегӯяд: Аллоҳу Акбар! Мақтул ҳам мегӯяд: Аллоҳу Акбар! Ва куштаҳои ду тараф шаҳид номида мешаванд. Ин дард аст, ки мутаваҷҷеҳ нестем дин чист”.

Ангела Меркел бо овардани танҳо ҳамин як далел тавонист зарбаи сахту ҷонкоҳе ба мусулмонону мусулмонии мо занад. Бе ягон тарғибот, бе ягон таҳқиқу далели дигар, дар ду сатр хеле нишонрас ва бе баҳс!

Ин суханон истиқболи хуб ва ҳатто пурваҷду офариномезе ёфтанд аз ҷониби аксари мардуми мо ва ҳатто яке аз ҷаридаҳои мо “СССР” фавран ба Ангела Меркел  дипломи вежаи худ ва мукофоти пулии он сад сомониро дар купюрҳои -як, панҷ, даҳ ва бистсомона сазовор дониста, бе таъхир ин диплом ва ин маблағро ба таври расмӣ ба сафоратхонаи Олмон, ба ҷонишини аввали сафир Зилке Клёвер супорид.

Суханони Ангела Меркел ҳақиқати талх ва бе баҳсе ҳастанд, ки мо онҳоро маҷбурем фурӯ барем. Аммо барои ҳар нафаре, ки худро мусулмон мешуморад ин суханон хеле нанговар ҳам мебошанд.

Ин баҳогузорӣ дар рӯ ба рӯи он шиори машҳури дини мубини Ислом:” Муъмин бародари муъмин аст” ҳақиқати дигареро барои мо боз мекунад, яъне имрӯз на танҳо муъмин бародари муъмин нест, балки муъмин душмани муъмин аст ва муъмин хуни муъминро мерезад. Албатта, ин баҳогузорӣ бо вуҷуди ҳақиқати талх буданаш ба иззати нафси мо мусулмонон дарднок мерасад.

Аммо, пеш аз он ки оем ба сари баррасиву хулосабарориҳо аз ин баҳогузориҳои хонуми канслер, бояд тасдиқ кунем, ки воқеан дар чанд соли охир дар кишварҳои мусулмонӣ ҳодисоте рух доданд, ки барои аҳли ислому дини Ислом ҷои ифтихоре надоранд. Ба ҷуз аз бадномӣ аз куштору хунрезӣ, харобиву нооромӣ ва фоҷиаҳои даҳшатбор онҳо чизи дигаре ба бор наоварданд. Ва ин суханони Меркел гӯиё ҷамъбасти ҳамаи он баҳогузориҳост, ки зуд ҷонибдорони бешуморро дар байни худи мусулмонон пайдо карданд.

Ислом ба зоти худ…

1Барои дарки он ки дини ислом чӣ дин аст ва чӣ мавқеъе дар ҷомеаи соҳибтамаддун дорад, дур намеравем ва танҳо гуфтаҳои баъзе аз бузургони оламро, ки ба донишу ҷаҳонбинӣ ва сатҳи баланди дарки фарҳангии онҳо шубҳае нест, рӯ меорем.

Шоҳи Швед, Густави 111: “Асоси ислом хеле оддӣ буда, иборат аз чунин формула мебошад: нест Худое, ки сазовори парастиш бошад, ба ҷуз Аллоҳ ва ин ҳақиқатест, ки ба Муҳаммад (с) ваҳй шуда буд. Ва дар ин китоб (Қуръон) нуктаеро наметавон ёфт, ки ба илмҳои ин аср муқобил бошад. Ва ин дин сазовор аст, ки онро пайравӣ кунанд.

Нависандаи бузурги рус Л.Н Толстой:  Ҳарчанд ин гуфтори ман боиси тааҷҷуб аст, мане ки ғояҳои насронӣ ва таълимоти онро ба  маънои ҳақиқиаш  арҷи баланд мегузорам, барои ман ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки Муҳаммадгароӣ (ислом) бо зуҳуроти зоҳирии худ хеле баландтар аз таълимоти православӣ меистад.”

Ин аст, ки агар дар назди инсон танҳо илоҷи аз ду як интихоб истода бошад, яъне интихоби ислом ё дини, ҳеҷ ҷои тардид барои одами солимфикр набояд бошад, ки ӯ Муҳаммадгароӣ (ислом)-ро қабул кунад.

Бернард Шоу:  “Агар сарварии мутлақи олами имрӯза ба инсоне мисли Муҳаммад вогузор мегардид, ӯ дар ҳалли мушкилоти он муваффақ мешуд. Ин дар навбати худ оромиву хушбахтиҳоеро меовард, ки инсоният ба он  ин қадар ниёз дорад”.

Гёте дар хусуси ислом: “Танҳо овардани тасбеҳи як ба яки номҳои Худо дар таълимоти Муҳаммад (с), ки 99 сифати ӯро таҷассум мекунанд, ниёиши олиҷаноби ситоиши Худост. Ёдовар шудани сифатҳои тасдиқкунандаву инкоркунандаи хоси Офаридгор аз бузургиву дастнорасии зоти ӯ дарак медиҳад. Ниёишгари ҳайратзада ва мафтун таслим ба иродаи ӯ мешавад ва оромиш меёбад ”.

Чунин гуфторҳоро, ки дар онҳо бартарии дини Муҳаммад сутуда шудаанд, аз забони бузургони олам зиёд метавон овард. Илова бар он, ки тамоми бузургони илму адаби гузаштаи мо ҳама муътақиди дини мубини Ислом будаву онро сутудаанд ва  ҳама аҳкоми онро риоят кардаанд.

Аммо чаро имрӯз ин дини мубин, ки дили инсониятро бо хуҷастагиҳои худ мафтун ва забт карда, мавқеи баландашро аз даст медиҳад, дар баъзе мавридҳо мардуми дунё исломӣ ё мусулмон буданро ҳамрадифи террорист, хунхор ва одамкуш будан мефаҳманд, чаро имрӯз ин вожа дар қатори экстремизм, терроризм ба забон оварда мешавад. Ин мавзӯе нест, ки  таҳқиқу шарҳи он бо ду- се ҷумла осон ба даст ояд.

НАҚШИ ДИН ДАР ҶОМЕА

This image posted on a militant website on Saturday, June 14, 2014, which has been verified and is consistent with other AP reporting, appears to show militants from the al-Qaida-inspired Islamic State of Iraq and the Levant (ISIL) leading away captured Iraqi soldiers dressed in plain clothes after taking over a base in Tikrit, Iraq. The Islamic militant group that seized much of northern Iraq has posted photos that appear to show its fighters shooting dead dozens of captured Iraqi soldiers in a province north of the capital Baghdad. Iraq's top military spokesman Lt. Gen. Qassim al-Moussawi confirmed the photosí authenticity on Sunday and said he was aware of cases of mass murder of Iraqi soldiers. (AP Photo via militant website)

Дар дунё кишваре, давлате, мамлакате нест, ки мардумаш бе эътиқод ба дин ва Худо зиндагӣ кунанд.

Давлати материалистии Шуравӣ ҳам, ки шиори доҳии муаззамаш “дин афюн аст” буд, динро аз давлат ҷудо эълон кард, аммо наметавонист аз дин сарфи назар кунад ва онро аз ҷомеа бубардорад ва ҷомеаи бе дину Худо бунёд кунад. Дин аз сиёсат ҷудо, аз давлат ҷудо эълон шуд, аммо масҷиду марказҳои динӣ амал мекарданд ва мардум дар интихоби дин озод буданд, ҳарчанд дар замони шӯроҳо илме пайдо шуд бо номи “атеизм” ва атеистони замони шӯравӣ зидди дин сахт мубориза мебурданд бо роҳбаладии ҳизби коммунист.

Давлати шӯроҳо муқобили дин буд, аммо наметавонист динро аз байн бубардорад, маҷбур буд онро таҳаммул кунад, аз ҷумла исломро.Чаро ки инсоният бе дин, бе Худо наметавонад солим зиндагӣ кунад. Аҷаб аст, ки аксари атеистони замони шӯравӣ имрӯз олимони диншиносанд, аммо на ба муқобили дин, балки баръакс, мисли ин, ки гуноҳи худро дар назди Худованд бо ин хариданӣ мешаванд.

Дин чист?Дин пеш аз ҳама бовар ба оянда, бовар ба худ аст, яъне асоси ҳастиву тараққиёт.

Аммо дин танҳо ин нест. Дин, хусусан дини ислом, пеш аз ҳама эътиқод ба муқаддасоти инсонӣ, покиву покройӣ, эҳтироми ҳамдигар, хайрхоҳиву накӯкорӣ, таҳаммул ва одоб ва ҳазорон сифатест, ки инсонро инсон нигоҳ медорад.

Дин қонуни зиндагии инсонҳо аз ҷониби Худованд аст. Яъне бе дин, бе эътиқод ба Худои ягона зиндагӣ аз маҷрои солими худ бурун хоҳад рафт.

ЧАРО ИСЛОМ?

Дар Тоҷикистони азизи худ аз деҳқону коргари оддиву зиёиву олим то Сарвари кишвар мо ҳама мусулмонем, мусулмони солим, на ифротгаро, на зиёдарав. Мусулмонии покиза ва бе ғараз дорем. Аммо мехостанду мехоҳанд исломи ҷоҳталаб, исломи дорои ҳадафҳои сиёсиро бар сари мо аз берун таҳмил диҳанд, бо ҳадафҳои таҷовузкоронае, ки хоси миллати мо нест. Сиёсати башардӯстонаи давлати мо, кишвари мо ба ин роҳ намедиҳад.

Бубинед, имрӯз бо номи ислом, бо номи “давлати исломӣ” гурӯҳе гӯё ба ҷиҳод хестааст. Мусулмон мусулмонро мекушад.  Дар зери пардаи ислом ҳадафҳои ғаразноки ғайриисломӣ пайгирӣ мешаванд ва дар ин радиф гурӯҳе фиребхӯрдагон ва гумроҳон ҷони худро гӯиё барои Худо нисор месозанд.

Ислом парастиши Худост, риояи шариат аз ҷониби ҳар мусулмон аст, на ғоратгарӣ, одамкушӣ, даъвои ҷоҳу ҷалол, мансаб ва ғайра.

Он мусулмоние, ки мо мешиносему моро дар рӯҳияи он парвариш додаанд, мусулмонии падарону бобоёни мост, ки коре ба сиёсат ва молу ҳолу ҷоҳу ҷалол надошт. Пирон ба масҷид мерафтанд, ҷавонон аз пайи кору ризқу рӯзӣ ва донишу ҳунаромӯзӣ буданд. Дар чунин дин ва мусулмонӣ пирони деҳа раҳнамои роҳи хайр, одоб, накӯкорӣ буданд. Олам гулистон буд, зеро касе аз аҳли масҷид даъвои бештар аз парастиши Худову риояи қонунҳои шариатро надошт. Ва мо мусулмониро аз тифлӣ ҳамин гуна мефаҳмидем: покӣ, некӣ, хайрхоҳӣ, дастгирӣ аз ҳамдигар, кумак ба ниёзмандон…

Инҳо баъд пайдо шуданд: ба майдон баромаданҳо, даъвои курсиву мансаб, даъвои ҳукумат карданҳо.. Беҳтарин мусулмонӣ ҳамон мусулмоние буд, ки дин аз давлат ҷудо буд, зеро кори дин бо Худост, кори сиёсат бо давлатдорист. Аммо касе муқобили мусулмон будани давлатдорон нест. Дар дини ислом ҳар кас худ барои худ, барои аъмоли худ дар пеши Худованд ҷавоб мегӯяд.

Аммо …

10Акнун меоем ба ин рӯз, ба сари гуфтаҳои Ангела Меркел, ки гӯё кашфиёте барои мо кардаву чашмони моро кушода бошад. Офарин, ба Сайёфи Мизроб, ки ба ӯ ҷоизаи “СССР”-ро барои ин кашфиёташ додааст. Қимати ин гуфтор дар он аст, ки онро як симои намоёни сиёсии дунёи имрӯза иброз доштааст.

Аммо барои мо ин ҳақиқат нав нест, мо ин андешаро солҳои сол байни худ гуфтаем. Мо  худамон аз нотифоқӣ дар сафҳои ислом ва муътақидони дини мубин, аз муборизаи мазҳабҳо ва исломиёни ифротгаро рӯзе нест, ки арзи дил накунем. Биёед акнун ба тарафи дигари масъала рӯ орем ва ба хонуми муҳтарам чанд савол бидиҳем.

Оё чаро то имрӯз хилофу низоъҳои мазҳабӣ дар кишварҳои исломӣ то ин ҳадди хунрезиҳо нарасида буданд? Мардуми Миср, Сурия, Ливия, Яман, Ироқ дар ободӣ, тинҷӣ, ба ҳар сурат бе хунрезӣ, сериву пурӣ ва дар баъзе мавридҳо беҳтар аз дигарон зиндагӣ мекарданд? Оё чӣ сон садсолаҳо намояндагони дину мазҳабу равияҳои гуногун тавонистанд дар ин кишварҳо бо мусолиҳат зиндагӣ кунанд? Ва имрӯз ҳам кам нестанд, кишварҳое, ки намояндаҳои мазҳабҳои гуногун дар онҳо бо созиши байниҳамдигарӣ зиндагӣ мекунанд, мисли Русия, Эрон, кишварҳои Осиёи Миёна, Қафқоз ва ғайра.

Тафриқаҳо на танҳо дар дини ислом, балки дар байни равияҳои гунони дигар динҳо низ ҳастанд, аммо кӣ мусулмононро ба ҳадди хунрезӣ овард? Кӣ бо туҳмате ба Ироқ ҳуҷум кард, Саддом Ҳусейнро сарнагун сохту ба дор овехт, Қаззофиро ба қатл расонду чунин кард, ки ниқори хунталабӣ, ин зиддияту ин душманиро амиқтару амиқтар ба коми хатар андохт ва роҳи ҳалли онро чигилтару чигилтар сохт? Оё низоъ, ҷанг ва хунрезиҳое, ки имрӯз дар Миср, Сурия, Яман, Ироқ, Либия, Афғонистон аз ҳама сарҳадҳои дахолату ислоҳ убур кардаанд, кори дасти кадом қувваҳост? Толибон, Ал- Қоида, ДИИШ-ро кӣ ташкил дод, кӣ маблағгузорӣ кард? Ва бо чӣ мақсад ин корҳо карда мешаванд, ин моҷароҳо бунёд меёбанд? Оё мусулмонон мехостанд, ки ин даҳшатҳо ба сарашон ояд?!

Албатта, лаънат ба нотифоқиҳои мо! Ин нотифоқиҳо аз қадим буданд, аммо мусулмонони асил ҳамеша муқобили он ва болотар аз он меистоданд. Ва овардани ин танзи Мавлоно Ҷомӣ кофист:

Гӯянд, ки Ҷомиё, чӣ мазҳаб дорӣ?

Сад шукр, ки харсунниву сагшиа наям!

Аммо, ин ки имрӯз нерӯҳое ҳастанд, ки ҳадафи ниҳоияшон ҷанг андохтани мусулмонҳост, ба касе пӯшида нест. Онҳо аз ҷониби шиа ба суннӣ ва аз ҷониби суннӣ ба шиа тир андохтанду онҳоро ба майдони хунрезӣ кашиданд ва худро канор гирифтанд.

Бозмегардем ба суханони Меркел. Дар суханҳои ӯ ҷои баҳс нест, аммо ҷои суол ҳаст, ки ин хунрезиҳоро, ин низоъҳоро дар байни аҳли ислом кӣ, бо чӣ мақсад роҳандозӣ мекунад?

Оё ин ҳақиқат нест, ки сол то сол сафи мусулмонон дар дунё меафзояд?! Оё ин ҳақиқат нест, ки теъдоди мусулмонон дар кишварҳои Аврупо беш аз худи аврупоиҳо мешавад? Оё ин ҳақиқат нест, ки дар оянда хатари исломӣ шудан тамоми сайёраро таҳдид мекунад? Ва шояд ҳадаф аз таҳмили ин ҷангҳо дар кишварҳои исломӣ бадном кардани ислом, бо дасти ҳамдигар кушта шудани мусулмонон бошад. Аммо агар ин ҷанги таҳмилӣ чунин мақсад дошт, иштибоҳе бештар набуд, зеро, баръакс, сафи мусулмононро дар Аврупо аз ҳисоби гурезагон афзунтар сохт.

Ин аст, ки гуфтори хонум Меркел ба  рафтори он шахсе мемонад, ки ду нафар одамони наздикро бо иғво ҷанг меандозад ва дар канор истода мегӯяд: ҳай –ҳай, ин хуб нест, ҳама дар сулҳу иттифоқ зиндагӣ мекунанду шумо нотифоқед!

Мехоҳам такроран бигӯям, ки ин гуфтаҳои банда маънои онро надоранд, ки хонум Меркел ноҳақ аст. Ӯ сад дар сад ҳақ аст ва суханҳояш сахт ба нишон расидаанд. Офарин! Хайрият, ки ин суханҳоро ӯ гуфт  ва ин ҳушдорест саривақтӣ барои мусулмонон, то ба худ оянд.

Бояд гуфт, ки дар рехтани обрӯи ислом чанд тоифае аз байни худи мусулмонон низ саҳмгузор  ҳастанд. Агар обрӯи исломро дар миқёси ҷаҳонӣ ғаразҳои абадқудратҳо резонда бошад, дар байни худи мусулмонон ва тоифаҳои дигар кӣ мерезонад? Хусусан дар кишвари мо?

Ман гумон мекунам, ки нақши муллоҳои бесавод ва ғаразпешаву фурӯхташударо набояд нодида гирифт, ки аслан аз илми дину ислом хеле дуранд ва исломро ба манбаи даромад табдил додаанд. Набояд нақши таассуб ва хурофотро, ки зери ниқоби дин ношоистагиҳои зиёде мекунанд, нодида гирифт.

Фаромӯш накунем, ки гаравиши кӯркӯронаи муллоҳои чаласаводе, ки хурдтарин огоҳиро аз дини ислом ва асолати он надоранд, аҳолии осоишта ва хайрхоҳу некманиши моро чӣ гуна ба ҷанги бародаркуш кашида буд. Албатта, на бе дахолати душманони беруна! Ман аминам, ки агар нӯги ин риштаро гирифта, кофта- кофта, равед, шуморо ба даргоҳи ҳамон дасисабозоне хоҳад бурд, ки мехоҳанд олами исломро нотинҷ кунанд, мусулмононро бадном созанд. Вақти он омадааст, ки ҳар мусулмон андеша кунад, ки исломро кӣ иртиҷоӣ кард ва ба дасти мусулмонон яроқи худкушӣ дод ва ҳадаф аз ин ҳама чист?

Дар қатори ҳафтаномаи “СССР” мехоҳам ташаккури худро низ ба хонум Ангела Меркел бирасонам барои ин ҳушдор ва барои ин бонги хатар, ки шояд як бор тамоми силоҳбадастонро мутаваҷҷеҳ ба худ созад.

Ин ҷанге, ки имрӯз дар олами араб оғоз ёфтааст на оқибат дораду на охир, то ба он лаҳзае, ки муъмин бародари муъмин на- бошад. Худо накунад, ки ин ҷанг ба коми худ кишварҳои дигари мусулмоннишинро фурӯ барад.

Набудаам ҳаргиз дар қатори онҳое, ки мазаммати дини мубини исломро мекунанд, балки ҷонибдори он ақидаам, ки :

 

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

Камол Насрулло

Март 2, 2016 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид