Изҳороти расмӣ доир ба ҷараёни амалиёти махсус дар сарҳади давлатӣ бо Афғонистон

Март 5, 2016 17:35

Душанбе, 05.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Маркази робитаҳои ҷамъиятии Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки соати 09:30 дақиқаи рӯзи 5-уми марти соли равон, ҳангоми таъмини реҷаи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи марзбонон ва афсарони КДАМ ҶТ дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии «Панҷ» гурӯҳи 9 нафараи сартопо мусаллаҳи террористон таҳти роҳбарии шаҳрванди ҶИА Мирафзал валади Арбоб Шерафзал зимни убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ошкор гардид. Ҳангоми амалиёт оид ба безарар гардонидани гурӯҳи мазкур, аъзои узви ин даста  мулло Фасҳиддин валади Қурбон ба ҳалокат расида, як нафари дигар аз ҳамин гурӯҳи қочоқчӣ захмдор шуд.
Мутаассифона, дар ҷараёни муқовимати мусаллаҳонаи қочоқчиён хизматчии ҳарбии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ прапоршик Сафолов Сӯҳроб Зардович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Кӯлоб ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Айни замон амалиёт оид ба дастгир ва безарар гардонидани ин гурӯҳи террористӣ идома дорад.

Маркази робитаҳои ҷамъиятии Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор менамояд, ки ашхоси дар ин ҳодиса дастдошта пурра муайян ва нисбат ба онҳо дар асоси талаботи қонунгузории ҶТ чораҳои қатъӣ андешида хоҳад шуд.

Маркази робитаҳои
ҷамъиятии СҚС КДАМ ҶТ

 

Март 5, 2016 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид