Мамнун Ҳусайн: Эмомалӣ Раҳмон воқеан сазовори унвони олии Пешвои миллат аст

Март 17, 2016 09:35

Душанбе, 17.03.2016.(АМИТ Ховар).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон воқеан ба унвони олии Пешвои миллати тоҷик сазовор аст, зеро вай дар тӯли роҳбарии худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин кишвари ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шударо ба як давлати пешрафта ва амну субот табдил дод. Ин нуктаро Мамнун Ҳусайн -Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон зимни пазироии самимии ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Исломобод зикр кард. Президенти Покистон саломи гарму ҷӯшони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо хушнудӣ пазируфта, мушарраф гардидани Сарвари давлати моро ба унвони олии Пешвои миллат табрик намуд. Мамнун Ҳусайн зикр кард, ки мо шоҳиди онем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари дар ҳоли рушд мубаддал гардидааст. Мо аз пешрафтҳои кишвари дӯсти Тоҷикистон бениҳоят хушҳол ҳастем. Воқеан мардуми шарафманди Тоҷикистон мардуми хушбахт ҳастанд, ки чунин роҳбари хирадманду сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ доранд.
Бо дахли ҳамкории гуногунсоҳаи ду кишвар Президенти Покистон таъкид кард, ки мо аз сатҳу сифати ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар тамоми заминаҳо қаноатманд буда, хостори тақвияти равобит дар сатҳи боз ҳам баландтар ҳастем. Зикр шуд, ки имконоти ду кишвар дар заминаи тақвияти равобит дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, туризму фарҳанг ва варзиш, ҳамчунин амният хеле зиёданд ва моро мебояд аз ин имконоти мавҷудаи кишварҳоямон самаранок истифода намоем. Мавсуф зикр кард, ки талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи тақвияти ҳамкории Душанбе ва Исломобод зиёд аст ва аз ҷониби мо низ ин кӯшишҳо дида мешаванд. Сафару боздидҳои расмиву кории роҳбарияти олии Тоҷикистону Покистон аз кишварҳои ҳамдигар, мулоқоту вохӯриҳои дӯстонаву самараноки онҳо ва ба имзо расонидани созишномаю дигар санадҳои ҳамкории байнидавлатӣ дар ҷараёни ин сафарҳо барои дурнамои тавсеаи равобити мутақобилан судманд мусоидат менамояд.
Мамнун Ҳусайн сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Покистон, ки моҳи ноябри соли 2015 сурат гирифта буд, қадами муҳим дар рушди равобити ҳасанаи Душанбе ва Исломобод арзёбӣ намуд. Ҳамзамон Мамнун Ҳусайн нақши палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистонро дар фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ ва қонунии Тоҷикистон дар самти ба роҳ мондани робитаҳои гуногунсоҳа ва рушди он муҳим арзёбӣ кард.
Мамнун Ҳусайн таъкид кард, ки Покистон омодааст дар амалӣ шудани лоиҳаҳои хурду миёна ва бузурги Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад. Мо лоиҳаи бузурги САSA-1000-ро, ки интиқоли неруи барқро ба кишвари Покистон интиқол хоҳад дод, ҷонибдорӣ менамоем ва интизори ҳарчи мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин лоиҳаи бузург ҳастем. Президенти Покистон дар фарҷоми мулоқот рушди муносиботи Душанбею Исломободро дар тамоми бахшҳо ба манфиати мардумони ду кишвари дӯст- Тоҷикистон ва Покистон рабт дод.
Мавриди зикр аст, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон дар доираи сафари расмӣ ба Покистон дар кори иҷлосияи навбатии Ассамблеяи миллии Покистон иштирок намуда, бо аъзои гуӯуҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистону Покистон мулоқот намуд.

Март 17, 2016 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд