Оғози сохтмони бинои 9-ошёна дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки Пешвои миллат

Март 15, 2016 09:30

Душанбе, 15.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Рӯдакӣ, Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои истиқоматии бисёрошёна оғози расмӣ бахшид.

Бинои истиқоматии 9 — ошёна аз 85 хонаи як ва ду ҳуҷрагӣ иборат буда, сохтмонаш дар ҷойи манзили истиқоматии дуошёна, дар масоҳати 0,23 гектар ба нақша гирифта шудааст.

Он аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Убайдулло Гулов бунёд гардида, фармоишгар ва сохтмончӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмони арзон» ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Архиком-К» мебошад.

Арзиши лоиҳавии ин иншоот 17 миллион сомониро ташкил медиҳад ва дар ошёнаи якуми он бунёди маркази савдо ва дигар иншооти хизматрасонии маишӣ пешбинӣ гардидааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 25 нафар ва баъди бунёди бино 15 нафар аз сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мешаванд.

Бинои истиқоматӣ дар доираи нақшаи генералии шаҳраки Сомониён, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2010 тасдиқ шудааст, бунёд мегардад. Мавриди зикр аст, ки дар асоси ин нақшаи генералӣ дар маркази шаҳрак инчунин сохтмони биноҳои замонавии Қасри фарҳанг, идораи андоз, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, меҳмонхона, тарабхона ва дигар идораҳои маъмурию иншооти гуногуни маишӣ — хизматрасонӣ сохта мешавад.

Тарҳу намои бинои истиқоматӣ ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ ҷавобгу буда, дар он тамоми унсурҳои миллӣ пешбинӣ гардидааст.

Сокинони манзили зисти дуошёна, ки дар ҷойи он бинои баландошёнаи истиқоматӣ сохта мешавад, иброз медоранд, ки дар хонаҳои онҳо оддитарин шароити зист вуҷуд надорад. Соҳибкори ватандӯст азм дорад, ки бо бунёди бинои хуштарҳ сокинонро бо хонаҳои замонавӣ ройгон таъмин намояд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ин иқдом ба соҳибкор Гулов Убайдулло баҳои арзанда дода, сохтмончиёнро ба иҷрои корҳои босифат ҳидоят намуд.

Март 15, 2016 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар ҳамоиши наврӯзӣ – «Корвони шодӣ» иштирок намуданд
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Як қатор сарони давлатҳо ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ирсол намуданд
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Наврӯзи соли 2024
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд