Пешвои миллат аз 10 сафири нав эътимоднома қабул кард

Март 11, 2016 17:47

Душанбе, 11.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 сафири нав эътимоднома қабул намуд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хонум Элизабет Инга Миллард, Ҷумҳурии Белорус Олег Иванов, Туркманистон Чари Атаев, Шветсия хонум Ингрид Терсман, Ирландия Эдриан Макдейд, Юнон хонум Данаи — Магдалина Куманаку, Маҷористон Андраш Барани, Бразилия Клаудио Раҷа Габаглиа Линс, Бруней Доруссалом Ҳоҷӣ Маҳадӣ Маидин ва Того Оуро Сама Муҳаммад Сад эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро барои оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрик намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон сиёсати мутавозину сулҳхоҳона ва санҷидаву фарогирро пеша карда, муносибатҳои мукаммали байналмилалиро бо тамоми кишварҳои ба он дӯсту хайрхоҳи ҷаҳон ба роҳ монд.

Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди муносибатҳо ва робитаҳои гуногунҷанба бо Амрико, Белорус, Туркманистон, Шветсия, Ирландия, Юнон, Маҷористон, Бразилия, Бруней Доруссалом ва Того андешаронӣ карда, изҳори умед намуд, ки сафирон барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда ҷаҳду талош мекунанд.

“Ҳадаф аз ин ҳамдастии мо саҳмгузорӣ дар ҳаллу фасли проблемаҳои умдаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад” — таъкид дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки масъалаҳои густариш додани муносибатҳои дуҷониба самти нисбатан наву рушдёбандаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Март 11, 2016 17:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд