130 рӯзи омодагии Душанбе ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Апрель 29, 2016 10:01

Душанбе, 29.04.2016/ АМИТ «Ховар»/.  Даршаҳри Душанбе ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 130 рӯзи омодагӣ ба ин санаи муҳиму фархундаи таърихӣ эълон карда шуд.
Тибқи он бо мақсади таъмини омодагии ҳамаҷониба барои таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тамоми нерую имконияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои мухталиф ва дигар бахшҳои идора, дар маҷмӯъ, аҳли ҷамоати пойтахт ба корҳои  ободонию бунёдкорӣ ва беҳдошти ҳолати экологию тозагии ҳар як шаҳраку маҳалла ва дар маҷмӯъ, пойтахт сафарбар карда мешавад.
Дар асоси ин қарор нақшаи кории  муовинони  раиси шаҳр тасдиқ шуда, ба онҳо ҳар як ноҳияи пойтахт  вобаста гардидааст. Дар ин росто муовинони раиси шаҳр аз натиҷаи корҳои  омодагӣ ва ҷараёни татбиқи онҳо рӯзҳои душанбеи ҳафтаи дуюм ва чоруми  ҳар моҳ дар ҷаласаҳои назоратии назди раиси шаҳр дар радифи дигар роҳбарони сохторҳои пойтахт  ҳисобот медиҳанд. Ҳамзамон барои самаранок истифода намудани вақти корӣ  дар давраи  130 рӯзи омодагӣ ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ баргузории ҳама гуна ҷаласаҳо дар назди муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт ва сохторҳои шаҳрӣ қатъиян манъ мегардад.
Аз ин рӯ, муовинони раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳои пойтахт танҳо рӯзи шанбе аз соати 8:00 то 12:00 шаҳрвандонро қабул намуда, рӯзи  душанбе дар идора ба баррасии ҳуҷҷатҳои хизматӣ машғул мешаванд.  130 рӯзи омодагӣ ба ҷашни  25-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт аз 26 апрел оғоз гардида, то 3 сентябри соли равон идома меёбад.

Апрель 29, 2016 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид