54 ҳодисаи вайрон кардани сарҳади давлатӣ пешгирӣ карда шуд

Апрель 15, 2016 17:16

Душанбе, 15.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар се моҳи аввали соли равон кормандони Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ 54 ҳодисаи вайрон кардани сарҳади давлатӣ, 34 ҳодисаи вайрон кардани реҷаи сарҳади давлатиро пешгирӣ карда, 126 нафар вайронкунандагони сарҳад, 73 нафар вайронкунандагони низомӣ сарҳадиро боздошт намуданд. Ин нукта зимни ҷаласаи натиҷаҳои хизматӣ-ҷангии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид.
Муовини аввали фармондеҳ, сардори Сарситоди қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ полковник Изатулло Файзуллоев зикр кард, ки дар давраи сипаришуда аз тарафи ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ тадбирҳои муайян доир ба ҳифзи сарҳади давлатӣ, аз сарҳад гузаронидани шахсони воқеӣ ва воситаҳои нақлиёт, мубориза бар зидди қочоқи маводи нашъаовар андешида шуданд.
Дар се моҳи сипаришуда тақрибан 300 кг маводи нашъаовар аз қочоқчиён мусодира гардид.
Инчунин дар се моҳи аввали соли 2016 дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бо қочоқчиён ва вайронкунандагони хати сарҳад 8 маротиба задухӯрди мусаллаҳона ба вуқуъ омада, кӯшиши убури хати сарҳад 6 маротиба пешгирӣ карда шуда, 10 қочоқчӣ дастгир, 5 вайронкунандаи хати сарҳад нобуд карда шуданд ва 2 нафар захмдор гардиданд.
Дар якҷоягӣ бо намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ 17 амалиёти махсус гузаронида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ сарҳадчиёни тоҷик 12 адад яроқи оташфишон, ҳамчунин 200 дона лавозимоти ҷангиро мусодира намуданд.
Тавассути нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ 532 ҳазору 72 нафар шаҳрвандон, 42 ҳазору 9 адад воситаҳои нақлиёт гузаронида шуда, 366 нафар вайронкунандагони низом дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ дастгир шуданд.
Дар ҷаласа баъзе норасоиҳои ҷойдошта дар фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ муҳокима карда шуда, чораҳои зарурӣ барои бартараф намудани онҳо муайян карда шуданд.
Аз тарафи Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва командирони қисмҳои ҳарбӣ оид ба иҷро намудани чорабиниҳои ба нақша гирифташуда, ҳамчунин оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва мустаҳкамии назорати сарҳад супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Апрель 15, 2016 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд