Аҳамияти арзишҳои конститутсионӣ дар тарбияи ҳуқуқии ҷавонон

Апрель 30, 2016 12:21

Душанбе. 30.04.2016, /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав (ДДМ) ба номи М.В.Ломоносов дар  ш.Душанбе дар доираи омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсии дар пешистода- раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Аҳамияти арзишҳои конститутсионӣ дар тарбияи ҳуқуқии ҷавонон» вохӯрӣ баргузор мегардад.
Дар чорабинӣ устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ, инчунин намояндагон аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, адлия, корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Сардори шуъбаи тарбияи филиали ДДМ  дар шаҳри Душанбе Руқия Қурбонова зикр намуд, ки мақсади асосии чорабинии мазкур таъсиси гурӯҳҳои таблиғотӣ ҷиҳати ба шаҳрвандон расонидани моҳияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби ҷавонон ба раванди омодагӣ ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ мебошад.

Апрель 30, 2016 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид