Ҳамаи мо масъулем, ҳар яки мо масъул аст!

Апрель 13, 2016 10:15

Душанбе, 13.04.2016. /АМИТ “Ховар”/. Соли  1990 ҳангоми сафар ба Амрико, дар шаҳри Ню-Йорк бо як ҷавонзане, ки аз Душанбе фирор карда буд ва дар он ҷо мезист, мулоқот доштам. Ӯ бо чашмони пур аз ашк аз Душанбе мепурсид ва мегуфт, ки ягона орзуяш дар зиндагӣ ин аст, ки боз як бор ба шаҳри азизаш — Душанбе бозгардад, он маҳал, он ҳавлиро, ки дар он зиста буд,  боре бубинад ва аз он ҳавое, ки шабу рӯз ёдаш мекунад, нафас бигирад. Баъдан, дар кишварҳои дигар, аз ҷумла дар Руссия, аз онҳое, ки дар Душанбе зиставу тарки он карда буданд, суханони пур аз меҳру муҳаббатро дар бораи Душанбе борҳо шунидаам.

Душанбе шаҳри тамоми миллатҳо, тамоми халқиятҳо буд. Душанбе хонае буд, ки дар он тоҷику  узбек, арманиву  озарбойҷонӣ, русу  бошқирду тотор, беларусу  украин, немису  латиш, қазоқу  қирғизу  туркман ҳама, ҳама миллатҳо чун дар як оила мисли хоҳару бародар мезистанд.

Ҷанги шаҳрвандӣ, ки таҳмили бегонагон, аҷнабиёни бадният буд, ин муҳити зебои биҳиштиро пароканда кард. Ба ёд овардани он рӯзҳо даҳшатовар аст. Ҳеҷ бовари кас намеояд, ки дар кӯчаҳои ин шаҳри дӯстӣ, ин шаҳри меҳрпарвар, ин шаҳри муҳаббат дар он рӯзгор тир чун борон ва одамон чун баргони дарахт бар хокҳо рехтанд.

Аммо ин ҳам гузашт, пушти сар шуд, хиради зотии миллати мо боло гирифт. Ин мавзӯи сӯҳбати ин мақола нест. Ҳамин қадар мегӯям, ки наҷоти Тоҷикистон, наҷоти Душанбеи азиз аз вартаи ҳалокату нестӣ ба шарофати хираду тамкини шуҷоати Сарвари давлати Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷоннисориҳои фарзандони содиқу наҷиби он ба вуқӯъ пайваст, ки ҳаргиз касе наметавонад онро инкор кунад.

Имрӯз Душанбеи азизи мо рӯз то рӯз пайваста ва  ҳатто соат ба соат эҳёи тоза меёбад, асолати худро барқарор мекунад. Шукуфотару зеботар мешавад. Хиёбонҳояш беш аз пешин гулпӯшу фараҳафзо мегарданд ва пайваста ин муҳит муҳити бовар, муҳити ишқу ҷавонӣ, дӯстиву хайрхоҳӣ  мегардад.

Аммо дар ин байн дунё дигар шуд, сохторҳо дигар шуданд,ҳадафҳо,имкониятҳо тағйир ёфтанд, мафкураи одамон,хусусан насли нав дигар шуд. Ҳастии мо ҳадафу маънои дигар ёфт. Мо соҳиби истиқлолияти давлатӣ ҳастем! Акнун мо соҳиби обу хоки худ , ватани худ, пойтахти худ гардидем. Акнун наметавон интизор шуд, ки касе меояду зиндагии моро беҳтар месозад, камбудиҳои моро бартараф мекунад ва ба ҷои мо даст ба кор мезанад. Акнун, агар мехоҳем шаҳрамон обод шавад, ҳавоямон тоза гардад, муҳитамон пур аз муҳаббату меҳрубонӣ бошад, бояд худамон, ҳар якемон саҳми худро дар фароҳам овардани пешрафту ободӣ гузорем. Банда чун вакили маҷлиси шаҳри Душанбе дар як соли охир вориди бисёр масъалаҳо гардидам, ки ҳалли онҳо бидуни иштирок ва саҳмгузории худи аҳолӣ, худи шаҳрвандон, яъне ҳар яки мо, номумкин аст.

Душанбе пеш аз ҳама симо, чеҳра аст, чеҳраи мардуми кишвар, чеҳраи Тоҷикистон. Ҳар касе ба ин шаҳр омад, дар чеҳраи шаҳр чеҳраи мо, дар покизагии он покизагии мо, дар одоби он одоби моро мебинад. Бале, чеҳраи шаҳр чеҳраи мову шумо, сокинони он аст. Фарҳанги шаҳр фарҳанги шаҳрвандони он аст. Аммо, мутаасифона, имрӯз ҳам аксари мо интизорем, ки бояд касе бошад, ки ояду ба ҷои мо кор кунад,  ҳама шароитҳоро фароҳам оварад ва мо аз он истифода барем. То он даме, ки ҳамин руҳияи интизорӣ, бефаъолиятӣ, коҳилӣ дар мост,пеш рафтан, муваффақ шудан душвор аст.

Миллати мо, халқи мо дар олам бо маърифату фарҳанги оламгираш ҳурмату эҳтиром пайдо кардааст. Метавон бо дили пур гуфт, ки дар муддати 25 соли истиқлолият одобу фарҳанги шаҳрдории мо, рафтору гуфтори одамон, риояи қонуну қоидаҳо, муносибатҳои зоҳирӣ дар кӯчаву бозор, дар муассисаҳои ҷамъиятӣ дар муқоиса бо солҳои аввали истиқлолият рӯ ба беҳбудӣ ниҳодаанд. Аммо, мутаасифона, имрӯз ҳам мо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо рафтору гуфтору одобу муносибатҳое рӯ ба рӯ меом, ки шармоваранд. Гувоҳи онанд, ки мо ҳанӯз дар баъзе мавридҳо оддитарин одобро риоя намекунем. Шаҳри мо сол то сол зеботар мешавад, боғу роғҳои дилрабову шукуфон, биноҳои боҳашамат, қасрҳои беназир,  китобхонаву осорхонаву толорҳои бузурги фарҳангиву варзишӣ бунёд мегарданд. Аммо бояд дар баробари бунёд гузоштани ин ошёнаҳои баланд, ин қасрҳои мунаққаш ва хиёбонҳои шукуфо дар шаҳрамон чунин ободиву пешрафтро дар ниҳодамон низ бунёд гузорем.

Яке аз масъалаҳои дарднок дар пойтахти мо масъалаи тозагӣ, масъалаи партовҳост. Мақомоти шаҳр тамоми чораҳоро дар ин ҷода мебинад, то ҷое, ки дар канори партовгоҳҳои шаҳр камераҳо гузошта шуда, барои зиёнкорон ҷаримаҳо муайян гардидаанд, аммо ҳамаи ин чораҳо ҳеҷанд, агар масъулият ва худшиносии мо дар сатҳи паст бошад, агар ҳар як шаҳрванд шахсан худаш, фарзандонаш қонуну қоидаҳои тозагиро риоя накунанд.

Чаро аз партовгоҳҳои мо ҳамеша бӯю таф бурун меояд, ҳавои шаҳрро ғализ мегардонад? Илоҷи ин ҳол хеле соддаву осон аст, агар мардум ба он риоя кунанд. Сабаби ифлосиҳову бӯю тафи партовҳои шаҳрамон дар он аст, ки мардум партовҳои худро аксар дар сатилҳо, дар шакли урён ҷамъ оварда ба партовгоҳ ё партоврезҳои биноҳои серошёна мерезанд. Дар фасли тобистон ним соат кифоя аст, ки онҳо бӯй гиранд, биганданд ва сарчашмаи сирояту бемориҳо гарданд. Ҳол он ки онҳо то бардоштанашон чандин рӯз дар ин партовгоҳҳо хоҳанд истод.

Кишварҳои соҳибтамаддуни олам ин мушкилро кайҳо ҳал кардаанд, онҳо партовҳояшонро дар покетҳо ё халтаҳои полиэтиленӣ андохта, даҳонашро баста, ба партовгоҳҳо меоранд ва табиист, ки бӯю тафи ин партовҳо паҳн намешаванд. Аммо, мушкил дар он аст, ки мардуми мо ин корро намекунанд ва бо ин ҳам ба худашон ва ҳам ба тозагии муҳити шаҳр зиёни беҳад мерасонанд.

Масъалаи мушкили дигари шаҳри мо  муносибату гуфтор дар кӯчаву бозор ва ҷойҳои ҷамъиятист. Дар баъзе мавридҳо ин гуфтор, ин муносибат ба дараҷае қабеҳ, нанговару шармовар аст, ки ба ҳайрат меоед.Чӣ гуна ба пойтахт роҳ ёфтаанд ин беадабон?

Имрӯзҳо дар шаҳри мо хатсайрҳои зиёди миниавтобусҳои(маршруткаҳои) мусофиркаш амал мекунанд. Бояд ташаккур ба онҳо гуфт, ки дар ҳалли мушкили мусофиркашонии шаҳр саҳми бузург мегузоранд. Аммо аз дасти беадабии баъзеи онҳо мардум ба танг омадаанд. Дар истгоҳҳо, дар гузаргоҳҳо ронандаҳои маршруткаҳо ва ёрдамчиёни онҳо мошинҳоро нигоҳ дошта, барои ҷалби мусофирон ба мошинҳои худ  чунон доду фарёд мебардоранд, ки бо садоҳои гӯшхароши худ табъи роҳгузаронро хира месозанд, шаҳрро пурғавғо мекунанд. Ва ҳатто ба пешвози роҳгузарон баромада, пеши роҳашонро мегиранд, ки “эй хола, эй апа, эй тағо” ба 28 ё 46 намешинӣ ва андаке мемонад, ки одамонро ба зӯрӣ кашола карда, ба мошинҳояшон шинонанд.

Хуб аст, ки имрӯз дар аксар хатсайрҳо мошинҳои сабукрав, таксиҳои мусофиркашон ба қимати се сомонӣ амал мекунанд ва барои онҳое, ки саросематаранд ,хеле қулай мебошанд. Аммо вақтҳои охир онҳо  даркору нодаркор барои ҷалби  мусофирон дар сари ҳар қадам сигналҳо дода, оромиву одоби шаҳрро халалдор месозанд. Мову шумо дар сари ҳар ҳадам шоҳиди он мешавем, ки ронандаҳои мошинҳои мусофиркаш, хусусан миниавтобусҳо бе эътино дар қатори дуюму сеюм, дар мобайни роҳҳо ҳолатҳои хатарнок эҷод карда, мошинҳояшонро нигоҳ дошта, одам  мефуроранду одам мегиранд ё бо беэътиниву беҳурматӣ ба ронандаҳои дар пасашон буда бо ҳам чақ-чақ ё додугирифт мекунанд ва касе ба ин кор надорад. Ҳол он ки дар замонҳои пеш барои чунин рафтор ҷаримаҳои калон гирифтаву аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум мекарданд. Зуҳуроти шигифтангези дигар ин аст, ки баъзе  мошинҳои мусофиркаш, агар пур набошанд ба доду войи мусофирон эътибор надода, аз фосила зиёд дар истгоҳҳо меистанд, то одам пур кунанд ва ҳеҷ меъёри вақтро риоя намекунанд, ҳол он ки мебоист меъёри вақти ҳаракати онҳо таҳти назорат бошаду риоя шавад ва онҳо бояд аз рӯи реҷаи муайян амал кунанд. Як илоҷи рафъи ин камбудӣ мисли солҳои пешин танҳо дар истгоҳҳо додани иҷозати  таваққуф ба мошинҳои мусофиркаш аст.

Ин аҳволи шигифтангез ҳатто ду- се сол пеш вуҷуд надошт. Аз куҷо пайдо шуд? Оё ин нишони пешрафти фарҳангу маданияти мост?! Меҳмонони аз дигар кишварҳо омада ин ҳолатҳоро дида чӣ мегӯянд? Ё душвор аст гирифтан пеши роҳи ин бемаданиятиро?!

Масъалаи дигаре, ки бандаро ба изтиробу андеша овардааст, забони гуфтори мардуми мо, хусусан ҷавонону наврасон ва ҳатто баъзе духтарбачагони бетарбиятест, ки намедонам, дар шаҳри мо аз куҷо пайдо шуданд?

Дар кишварҳои Аврупо, вақте ба гуфтори байнихудии мардум дар кӯчаву бозорҳо аҳамият медиҳед, мебинед, ки ин мардум байни худ чӣ қадар бо меҳрубонӣ, бо самимият, бо одоби баланд сӯҳбат мекунанд. Мисли ин ки изҳори муҳаббат мекарда бошанд. Дар кишварҳои ҳамзабони мо низ мардум хеле маданитар ва муаддабтар аз мо сухан мекунанд. Банда дар ин кишварҳое, ки ном бурдам, боре баланд, бо қаҳр, бо ҳақорат сухан кардани касеро надидам. Аммо, мутаасифона мо баъзан  ҳатто дар хонаҳои худ  баланд, қабеҳ бо ҳамдигар сухан мегӯем, ҳақоратҳоеро ба худ раво медорем, ки боиси таасуфу хиҷолатмандист. Дар шаҳри Душанбе як гурӯҳ мардуме пайдо шудаанд, ки сухани хубашон ба дашноми қабеҳе ба унвони “ оча” шурӯъ мешавад. Вой бар ҳоли гуфтори мо!

Як зуҳуроти шигифтангези дигар, ки аслан намехоҳам бигӯям,аммо ба гуфтанаш маҷбурам, зеро ҳалли он ба манфиати одобу  русуми миллии мост,масъалаест,ки ҳам ба тозагӣ ва ҳам ба шаъни маданияти мо дахл дорад. Шигифтӣ дар он аст, ки мардуми  мо  дар муқоиса бо ҳама мардуми башар ва ҳатто ҳамсоягону ҳамзабонон бештар аз ҳама нос мекашанд,ки хеле нанговар аст. Ин зуҳуроти безеб дар кишварҳои дигари ба мо ҳамсоя кайҳост, ки коҳиш меёбад. Аммо дар Тоҷикистони мо на ин ки коҳиш намеёбад, балки хурду бузург ба он гирифторанд. Гумон намекунам, ки нодида гирифтану аз ин хусус бонги изтироб назадан ба манфиати мо бошад. Шигифтовар боз он аст, ҳамдиёрони мо ин “дастоварди миллӣ”-и худро ба ҳама гӯшаҳои дунё дастовез мебаранд. Дар шаҳри Маскав дар маҳаллаи бозори Тёплий Стан як растаи дарози фурӯшгоҳи ин “дастоварди наҷиб” амал мекунад, ки дар он аз тамоми намудҳои он халта-халта ба фурӯш гузошта шудаву фурӯшандаву харидоронаш аксар ҳаммеҳанони мояд.

Ҳадаф аз ин намунаҳо, албатта, на таънаву маломат, балки кӯшиши беҳтар кардани ахлоқу одоб, тозагиву озодагии пойтахт ва кишварамон аст.

Дар ободониву шукуфоии пойтахтамон хизматҳои беназири Пешвои Миллатро набояд фаромӯш кард. Имрӯз ба шарофати ӯст, ки Душанбе маҳзари зеботарин дарахтону гулҳои дунёст. Зеро ӯст, ки аз ҳар сафари худ аз гӯшаҳои мухталифи дунё гулҳову дарахтони нодирро ба кишвар меорад ва Тоҷикистони моро ба гулистону бӯстони воқеъӣ табдил медиҳад. Ташаббуси ӯст, ки имрӯз симои меъмории пойтахт ва кишварамон бакуллӣ дигар шудан дорад. Биёед, ба қадри чунин созандагиҳо бирасем!

Чунон ки далелҳо овардем, бе худшиносии ҳар як сокини пойтахт, бе масъулияти шаҳрвандии ӯ наметавон ба ҳадафҳои волое, ки аз ҷониби Пешвои миллатамон гузошта шудаанд, комилан муваффақ шуд. Дар ин ҷода дастури хеле хуби “Маромномаи пойтахт” метавонад роҳнамо ва мададгори мо бошад.

Албатта, ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки имрӯз Душанбеи азизу маҳбуби мо беш аз ҳар вақт боиси ифтихору сарбаландии мост. Сокинони асили он имрӯз пойтахти моро бо дурахшонтарин ҷилоҳои фаҳангиву маданӣ ҷилвагар месозанд, якдилии худро бо Сарвари кишвар, бо ҳадафҳои баланди истиқлолият, бо сиёсати созандаи он нишон медиҳанд. Ба шарофати ин аст, ки имрӯз Душабеи мо пойтахти умеди тоҷикони дунё гардидааст. Ҷашнҳое чун ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Парчами миллӣ, Наврӯзи Аҷам ва дигар ҷашну чорабиниҳои бешуморе, ки Ҳукумати кишвар барпо месозанд, имрӯз таҷассуми ягонагӣ, ҳамраъйии сокинони пойтахту халқи мо гардидаанд. Маҳбубияти  Наврӯзи ҳумоюнфар дар дунё ва хусусан дар байни ҳамзабонон низ дастоварди миллии мост, ки дар он саҳми сокинони пойтахт бузург аст. Ҳадафи ин навиштаҳо ҳам ҳамин аст, ки дар партави ин пирӯзиҳо, дар моварои ин хуҷастагиҳо мо бояд симои маънавии шаҳри худ, пойтахти худро ҳарчи зеботару муҷаллотар нишон диҳем ва роҳ надиҳем, ки хасу хасрӯбаҳое ба зулолии ин оби равон ғубор афкананд.

16 апрел рӯзи пойтахти тоҷикон- шаҳри беҳамтову беназири мо Душабеи шукуфон аст. Аммо ба андешаи банда ҳар рӯзу ҳар соати ҳастии мо бояд ба пешрафту ободиву озодагиву шукуфоии Душанбеи азизамон бахшида шавад ва ҳар рӯзамон рӯзи пойтахт бошад,  зеро Душанбе худи мо, ҳастии мо, имрӯзу ояндаи мост!

Суруди  Душанбе

Шаҳри ишқам, шаҳри бахтам, шаҳри армонам, Душанбе,

Бо ту будам, бо ту ҳастам,бо ту мемонам, Душанбе!

 

Кӯчаҳоят гулфишон шуд, бахти ту аз нав ҷавон шуд,

Чеҳраи хушбахтии ман, рӯи хандонам, Душанбе!

 

Дар нумӯи ту нумӯям, обрӯят обрӯям,

Шаъну шонат шаъну шонам, ҷони ту ҷонам, Душанбе!

 

Дар лабонам чун дуоӣ, дар нигоҳам чун зиёӣ,

Муттакои ҳастии ман, қасри имонам, Душанбе!

 

Аз дами сад ло гузаштам, бо сари боло гузаштам,

То ба рӯи хоки покат боз сар монам, Душанбе!

 

Ман туро гунҷондаам чун офтобе дар булӯре,

Дар зулоли қатраҳои ашки чашмонам, Душанбе!

 

Ҷилваи сад ранги ҷонам, шишаҳои нанги ҷонам,

Эй ҳисорат санги ҷонам, кохи виҷдонам, Душанбе!

 

Меваи ваҳдат бирӯяд аз ҳавои меҳри покат,

Дар тулӯи шохаҳои сабзи дастонам, Душанбе!

 

Бо туям ҳар лаҳза, аммо боз пазмонам, Душанбе,

Бо ту будам, бо ту ҳастам, бо ту мемонам, Душанбе!

 

Камол  Насрулло,

Шоири халқии Тоқикистон

Апрель 13, 2016 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»