Артиши Туркия 11 ҷангии ДИ-ро дар Сурия нобуд сохт

Апрель 29, 2016 17:32

Душанбе, 29.04.2016 / АМИТ «Ховар» /. Қувваҳои артиллерии Туркия ба  мавқеъҳои ҷангиёни гурӯҳи ба ном  «Давлати исломӣ» дар минтақаи шаҳри Ҷараблуси Сурия  оташ кушоданд. Бино ба иттилои сомонаи  хабарии  «Хаберлер» дар натиҷаи зарба 11 ҷангӣ нобуд карда шуд.
Батареяҳои артиллерӣ, ки дар ҳудуди шаҳристони Қарқамиши музофоти  Газиантеп ҷойгир шудаанд, ба сӯи ҷангиён  оташ кушоданд. Пештар ба қаламрави ин шаҳристон панҷ снаряди  миномет, ки аз ҷониби ДИ аз Ҷараблус  холӣ шуданд,  афтоданд. Яке аз снарядҳо ба танки худгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Туркия афтод. Дарҳол пас аз ин, артиш бо истифода аз бесарнишинҳо ба нуқтаҳои ба ном ДИ оташи ҷавобӣ кушод, иттилоъ медиҳад ТАСС.
Дар натиҷаи афтидани снаряд дар қаламрави Туркия касе зарар надид.

Апрель 29, 2016 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд