“Атлетико”: Қадаме ба сӯи финал

Апрель 28, 2016 10:50

Душанбе, 28.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозиҳои нимниҳоии Ҷоми чемпионҳои Аврупо ду дастаи Испания -“Атлетико” ва “Реал”-и Мадрид гомҳои худро ба сӯи бозии ниҳоии ин ҷом гузоштанд. Дирӯз “Атлетико” дар баробари “Бавария”-и Олмон дар варзишгоҳи “Висенте Калдерон” бо голи ягонаи  Саул дар дақиқаи 11 –ум ба ғалаба комёб шуд. “Бавария” ҳарчанд дар давоми бозӣ 69 дар сади назорати  тӯбро дар ихтиёр дошт, аммо хати дифои “Атлетико”-ро рахна карда натавонист.
Аз рӯи пешгӯии мутахассисон “Бавария” барои ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтан имкони бештар дорад.
Дар ин радиф  “Реал” вохӯриашро дар Англия бо “Манчестер Сити” бо ҳисоби 0:0 мусовӣ анҷом дод.
Бозиҳои ҷавобии дастаҳо рӯзҳои 3 ва 4-уми май гузаронида мешаванд.

Апрель 28, 2016 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Чемпионати 33-юми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ моҳи апрел оғоз мешавад
ШОҲҶОИЗА- ЭЛЕКТРОМОБИЛ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаҳои варзишӣ ҷамъбаст шуданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе дар марҳилаи интихобӣ бо тими Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ФУТБОЛ. Имрӯз бозии дуюми дӯстонаи дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо тими Ветнам баргузор мегардад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ аз тими Арабистони Саудӣ мағлуб шуд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба муқобили дастаи Арабистони Саудӣ бо либосҳои сурх бозӣ менамояд
26 март дар вилояти Суғд мусобиқаҳои миллии пойга ва бузкашӣ доир мешаванд
Гела Шекиладзе: «Моро бо дастаи Арабистони Саудӣ бозии душвор интизор аст»
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ бо тими Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар шаҳри Риёз нахустин тамринҳоро анҷом дод
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Душанбе бо дастаи мунтахаби Ветнам бозӣ менамояд