Барномаи театрҳо ва дастаҳои мусиқӣ: Чӣ мехонӣ? Порсола

Апрель 18, 2016 09:24

Душанбе,18.04.2016./АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи ду моҳи охир дар мулоқоти анъанавӣ ба аҳли зиё 20-уми март ва дар маҷлиси якҷояи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати кумитаи тадорукоти таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-уми апрел дар иртибот ба барномаи театрҳои касбӣ ва дастаҳои мусиқии мамлакат эродҳои ҷиддӣ гирифтанд.

Имрӯз иддае аз рӯзноманигорон ва мунаққидону санъатшиносон изҳори таассуф мекунанд, ки мардум ба театр намераванд ва намоиши спектаклҳо зимни толорҳои холӣ баргузор мешаванд. «Толорҳо не, балки кӯлборҳо холиянд»,- зикр намуданд Сарвари давлат бо ишора ба барномаи (репертуари) театрҳои касбӣ ва дастаҳои мусиқӣ ва илова карданд, ки агар асари хуб, намоиши ҷолиб пешниҳод шавад, тамошобин ҳатман ба тамошо меравад.

Саддарсад дуруст аст. Имрӯз китоб ва  рӯзномаҳое, ки чоп мешаванд, намоишу гуфторҳои телевизиону радио, ки пахш мегарданд, спектаклу барномаҳои театрикунонидашудае, ки намоиш меёбанд, бояд ба талаботи замони ҳозира, ба  талаботи хонандагон ва тамошобинону шунавандагон ҷавобгӯ бошанд,  вагарна наметавонанд муштарӣ пайдо намоянд. Имрӯз асари хубу сара ва дархӯри замон офаридан аз ҳар вақти дигар масъулияти бештар тақозо мекунад. Зеро одамон ҳоло дар баробари китобҳои қоғазӣ аз китобҳои электронӣ, планшет ва гадҷету видҷет,  дар баробари театру кинотеатрҳо  аз барномаю консертҳои электронӣ истифода мебаранд ва  дар баробари барномаҳои телевизиону радио тозатарин хабарҳо ва сойири маводҳоро аз шабакаҳо ва сомонаҳои интернетӣ низ пайдо мекунанд. Ин ҳам бозор аст ва дар ҷаҳони мутамаддин бо номи  «бозори фарҳанг»(culture market) ном бурда мешавад: муштариён ба ҳамоне рӯй меоранд, ки молу маҳсулоти босифат пешниҳод менамояд ва ҳамзамон молу маҳсулоташро тавре, ки мобояд, таблиғу тарвиҷ (реклама) карда метавонад.

  Бисёриҳо хуб дар ёд дорем, ки солҳои 70-80-уми асри гузашта, вақте Ҳошим Гадоев дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ «Эзоп»-и Г. Фигейредо, «Шоҳ Эдип»-и Софокл, «Калтакдорони сурх»-и С. Улуғзодаро ба саҳна гузошт, толори ин театр ҳамарӯза пур аз тамошобин буд. Нахустнамоиши ҳар яке аз ин асарҳо ба руйдоди муҳим дар ҳаёти Тоҷикистон табдил меёфт. Ин қабил спектаклҳо баъди нахустнамоиш солҳои дароз аз саҳна дур намешуданд ва тамошобинон онҳоро гаштаю баргашта ва ҳар дафъа бо шавқу мароқи тоза ва беандоза тамошо мекарданд. Ва ҳар дафъа на ба ҳама муштоқон билет ва ҷой мерасид. Зеро ин асарҳои олии драмавӣ аз ҷониби ҳунарманд дар сатҳи олии коргардонӣ ва нақшофаринӣ рӯи саҳна оварда шуда буданд ва инро он айём на танҳо тамошобинони тоҷик, балки мунаққидону санъатшиносон ва рӯзномаю маҷаллаҳои Маскав низ эътироф намуданд. Табиист, ки баъди чунин шоҳкориҳо Ҳ. Гадоев ба дарёфти унвони ифтихории «Ҳунарманди мардумии СССР», Ҷоизаи давлатии СССР ва дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба гирифтани ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» шарафёб гардид.

Мисли ҳамин, вақте дар театри мазкур Маҳмуд Воҳидов ва Ато Муҳаммадҷонов бо ин ё он нақш ба саҳна мебаромаданд, дар толор ҷойи холӣ намемонд. Барои театрҳо ва  ҳунармандони шинохта адибони маъруфи мамлакат, мисли устод Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ғанӣ Абдулло ва дигарон асарҳо эҷод мекарданд.

Имрӯз ширинкорону базлагӯёни зиёде байни мардум ҳунарнамоӣ мекунанд, вале дӯстдорони ҳаҷв ҳанӯз муштоқи як чунин барномае ҳастанд, ки, барои мисол, чандин сол пеш Убайдулло Раҷабов бо номи «УРБШДМ» («Убайдулло Раҷабов ба шабнишинӣ даъват мекунад») дар Қасри ҳамонвақтаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон (ҳоло Филармонияи давлатии Тоҷикистон) ташкил карда буд. Ин барномаро имрӯз низ тамошобин аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва интернет бо шавқи бепоён тамошо мекунад ва мебинад, ки дар толор ҷойи холӣ нест ва одамони зиёде дар берун билет меҷӯянд.

Ин мисолҳо гувоҳи онанд, ки асари ҷолиб, сухани баланд ва ҳунари воло ҳатман хонанда, бинанда ва шунавандаи худро пайдо мекунад. Мардуми мо аз китоб, аз театру кино, аз мусиқии симфонӣ, Шашмақом ва Фалак дур нашудаанд, дӯстдорони адабиёт, театр, кино, мусиқии классикӣ ва касбӣ ҳастанд ва хеле зиёданд, вале онҳо вақту маблағи худро беҳуда сарф намекунанд, онҳо рӯи рафи китобхонаҳо ва эълонномаи (афишаи) театру кинотеатрҳо ва толорҳои консертӣ асарҳои наву ҷолибро меҷӯянд, асарҳоеро, ки мазмуну моҳияти баланди фалсафию тарбиявӣ ва ахлоқӣ доранд, касро ба умқи андеша мебаранд,  ба ваҷд меоранд, ба пиндору гуфтору кирдори нек талқин менамоянд. Рӯи рафи китобхонаҳо байни китобҳое, ки кайҳо боз дасти касе ба онҳо нарасидааст ва, тавре мегӯянд, «чанг гирифтаанд», шумо табиист, ки китобҳои устод Рӯдаки, Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил, Румӣ, Лоиқ, Бозорро намебинед. Солҳои охир китобҳои зиёде дар жанри назму наср ба табъ мерасанд, ки ба ҳикоя, роман, шеър ё достон номидани онҳо забони кас намегардад, зеро нашриётҳо  онҳоро бидуни назару тавсияи Иттифоқи нависандагон ё адибони алоҳидаи ботаҷриба ва босалоҳият, ба хотири даромад чоп мекунанд.

Мутаассифона, аксари асарҳое, ки имрӯз адибон, драманависон, бастакорон, сарояндагон ва дигар эҷодкорони мо пешкаши мардум мегардонанд, мақоли халқии тоҷкии «Чӣ мехонӣ? Порсола»-ро ба ёд меоранд. Дар ин бобат вазъият махсусан дар соҳаи суруду мусиқӣ, тавре Сарвари давлат дуруст интиқод намуданд, нигаронкунанда аст: суруду мусиқии куҳна, «обшуста», услуби якхела, такрори ҳамдигар, матнҳои хароб. Агар дақиқ назар кунем, дар баъзе суруду оҳангҳо чизҳои хуб ва нав мушоҳида мешаванд, аммо он чӣ, ки хуб аст, нав нест (такрори дигарон аст) ва он чӣ ки нав аст, хуб набаромадааст.

Мегӯянд, ки «асалро камаш хуб аст». Агар суруду мусиқӣ олӣ ҳам бошад, такрори пайвастаи он аз тариқи телевизион ва радио, инчунин саҳнаҳои консертӣ онро дилбазан мегардонад. Ба қавли Гёте, «агар ҳатто рангинкамон дар осмон дурудароз боқӣ бимонад, назарногир мешавад, одамон хаста мешаванд ва аз он чашм бармедоранд».

Имрӯз аксари ҷавонони мо, билхосса сарояндагони ҷавон, ба мусиқии ғайрикасбӣ майл доранд. Ин гуна суруду мусиқӣ ба шунаванда рӯҳ намебахшанд, зеро худ берӯҳ ҳастанд, онҳо, азбаски бемаъниянд,  шунавандаро не ба ваҷд меоранд, не ба андеша водор месозанд. Оҳанги чунин сурудҳоро касоне эҷод мекунанд, ки чӣ будани нотаву диапозонро намедонанд, матнашонро касоне иншо мекунанд, ки аз кӯчаи адабиёт нагузаштаанд ва аз қоидаҳои назму шеър бехабаранд. Ҷои таассуф аст, ки баъзан чунин суруду оҳангҳо дар байни ҷавонон ба истилоҳ «хит»(шуҳра) мешаванд. Чаро? Зеро, аз як тараф тарғибу ташвиқ ё худ маркетинги мусиқии асил ва касбӣ,  аз тарафи дигар  тарбияи завқи мусиқии ҷавонону наврасон аз ҷониби идораву муассисаҳои масъул дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Ҳафтаи гузашта Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Камол Насрулло зимни муроҷиате таҳти унвони «Ҳамаи мо масъулем, ҳар яки мо масъул аст!» аз тариқи сомонаи АМИТ «Ховар» чунин иброз намуд: «Акнун дунё дигар шуд, сохторҳо дигар шуданд, ҳадафҳо, имкониятҳо тағйир ёфтанд, мафкураи одамон, хусусан насли нав дигар шуд. Ҳастии мо ҳадафу маънои дигар ёфт. Мо соҳиби истиқлолияти давлатӣ ҳастем! Акнун мо соҳиби обу хоки худ, ватани худ гардидем. Акнун наметавон интизор шуд, ки касе меояду камбудиҳои моро бартараф мекунад ва ба ҷои мо даст ба кор мезанад. Бояд худамон, ҳамаамон ва ҳар якамон саҳми худро дар фароҳам овардани пешрафту ободӣ гузорем…».

Ин суханон, дар навбати худ, ба аҳли эҷод низ дахл доранд. Воқеан, замона дигар шудааст ва мо низ бояд дигар шуда бошем. Дигар мисли пешина «хондан» маънӣ надорад. Мо дар оғози қарни 21 қарор дорем. Моро дар пеш бузургтарин ҷашни миллиамон – 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон интизор аст. Адибон, олимон, санъаткорон ва дигар эҷодкорони мо бояд ба истиқболи ин ҷашни таърихӣ  дастовезҳои муносиб омода намоянд: роману повестҳо, шеъру достонҳо, рисолаҳои таърихӣ, суруду оҳангҳои нав, барномаҳои ҷадид, ки аз нуқтаи назари манфиатҳои милливу давлатиамон эҷод шуда бошанд, арзишҳо ва муқаддасоти миллиамонро тарғиб кунанд, аҳамият ва моҳияти Истиқлолияти давлатии моро равшану возеҳ инъикос намоянд, дар ниҳоди мардуми шарифамамон ифтихори миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва эҳсоси меҳру муҳаббати самимиро бедор ва пойдор созанд, ваҳдату ҳамбастагии мардуми кишварамонро тақвият бахшанд.

Албатта чунин асарҳо имрӯз низ ҳастанд ва минбаъд низ офарида хоҳанд шуд. Вале теъдоди онҳоро афзудан, сатҳи илму адабиёт ва санъату ҳунарро дар маҷмуъ боз ҳам боло бардоштан, талаботро нисбат ба мазмуну муҳтавои асрҳо бештар  кардан бисёр муҳим аст.

Имрӯз таҷриба ва сифати фаъолияти Президенти мамлакати мо дар сатҳи олии ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст. Мо низ вазифадорем, ки  дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи илму адабиёт, фарҳангу ҳунар, жуналистика ва публисистика давлат ва миллати худро мисли Ҷаноби Олӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем.

Дар ин замина месазад фаъолияти ибратбахши устоди зинданом, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айниро ёдовар шавем, ки тӯли қариб ним аср дар лаҳзаҳои барои кишвар ҳассос ва тақдирсоз мунтазам ба воситаи радио ва рӯзномаю маҷаллаҳо дар бораи аҳамияти чорабиниҳои муҳими сиёсию давлатӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, мактабу маориф, соҳаи кишоварзӣ ва бонкдорӣ, аҳамияти хизмати аскарӣ, тозагии забони модарӣ ва амсоли инҳо бо мақолаҳои шӯълавари публисистӣ баромад мекард. Мақолаҳои публисистии ӯ «Чингизи асри 20», «Иди таърихӣ», «Ватан-модар», «Интихобот ва ҷавонон», «Обёрӣ», «Канали Тӯқсанкорез», «Канали Марғедар», «Муроҷиат ба ҷавонон», «Заминро мафурӯшед!» ва ғайра имрӯз низ аҳамияти худро гум накардаанд.

Медонем, ки устодон Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев низ дар ин бобат бисёр фаъол буданд.

Хуб мебуд, агар имрӯз адибону донишмандон ва ҳунармандони забардасти муосири мо ин анъанаи наҷиби гузаштагони барӯмандамонро аз нав зинда ва публисистикаи тоҷикро дубора фаъол гардонанд.

Дари Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ба рӯяшон ҳамеша боз аст ва мо дар байни гуфторҳои радио ва маводҳои сомонаи интернетии худ  барояшон ҳатман ҷои муносиб ҷудо хоҳем кард.

 

Саидалӣ Сиддиқ,

Директори АМИТ «Ховар»

 

Апрель 18, 2016 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарони Тоҷикистон арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба миллат аст