Бонувони собиқадори Кӯлоб ба ҷавонон дарси оиладорӣ меомӯзанд

Апрель 29, 2016 10:02

Душанбе, 29.04.2016./АМИТ«Ховар»/. Кормандони шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ  бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  бо бонувони собиқадор ва фаъоли  шаҳр  мулоқот барпо намуданд.
Дар ҷамъомад масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили  маърифатнокии занону духтарон, ба шуғл пайвастани онҳо, таълиму тарбияи насли наврас, ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав напайвастани ҷавонон, танзими расму оинҳои миллӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба либоси миллӣ, пешгирии  тақлид ба либосҳои бегона, пешгирии зӯроварӣ дар оила, худкушию худсӯзии занон, ҷинояткорӣ ва дигар омилҳои номатлуби ҷомеа    мавриди баррасӣ қарор доштанд.
Байни иштирокдорони мулоқот оид ба сабаб ва  пайдоиш   омилҳои номатлуб ва дарёфти роҳҳои  ҳалли он мубодилаи афкор ба миён омад ва  чанд нафар аз занони собиқадор аз таҷрибаи рӯзгорашон сухан ронда, сабаби асосии ба ин мушкилӣ дучор омадани  оилаҳоро дар бемаърифатӣ ва бешуғл мондани  бархе аз занону модарон донистанд.
Кормандони шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва  намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба тадбирҳои судманди давлату Ҳукумат дар  самти маърифатнокии занон  маълумот дода, аз занони собиқадор даъват ба амал оварданд, ки нисбат ба  мушкилоти мавҷуда бетарафӣ зоҳир насозанд  ва   дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ   ба занону духтарони ҷавон аз таҷрибаи андӯхтаашон дарси оиладорӣ   омӯзанд.

Апрель 29, 2016 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид