Дар Муъминобод вакилон бо раъйдиҳандагон мулоқот намуданд

Апрель 29, 2016 12:03

Душанбе, 29.04.2016./АМИТ«Ховар»/. Дар  ноҳияи Муъминобод мулоқоти  овоздиҳандагон бо  Маҷидзода Ҷурахон Зоир, раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, Муҳиддиниён Пӯлод Муҳиддин, муовини раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ва Абдуҳалим Ғаффоров, узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ҳавзаи раъйпурсии Муъминобод №60  баргузор гардид.
Вакилон ба ҳозирин  моҳияти пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва раъйпурсии умумихалқиро, ки 22-майи соли равон баргузор мегардад,  шарҳ дода,  раъйдиҳандагонро ба иштироки фаъолона дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ  даъват намуданд.

Апрель 29, 2016 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт