Дарёфти 60 кг ҳашиш, яроқ ва норинҷак дар сарҳади давлатӣ

Апрель 26, 2016 17:34

Душанбе, 26.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 25 ба 26 апрели соли равон тахминан соати 23:40-и шаб дар минтақаи зертобеи Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ», дар қитъаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон наряди сарҳадӣ ва хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ вайронкунии хати сарҳади давлатиро мушоҳида карданд.
Ҳангоми убури ғайриқонунии марзи давлатӣ миёни гурӯҳи номаълуми мусаллаҳи қочоқчиёни афғон иборат аз 16 нафар ва сарҳадбонони тоҷик задухӯрди мусаллаҳонаи шадид ва дарозмуддат ба вуқӯъ омад.
Дар натиҷаи он 3 нафар қочоқчиён замхдор ва 2 нафарашон безарар гардонида шуданд. Боқимонда қочоқчиёни афғон ба тарафи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуданд.
Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса тақрибан 60 кг маводи мухаддири ҳашиш, 5 кг афюн, 1 адад яроқи оташфишони АКМ -7,62 бо 3 адад тирдон, 80 дона тирҳои қутрашон 7,62  ва 1 адад норинҷаки дастии Ф-1 дарёфт ва мусодира карда шуданд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори  маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар дод.

Апрель 26, 2016 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷавонон бояд қарзи шаҳрвандӣ — таҳсили илму дониш ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Ватанро софдилона иҷро намоянд
Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар нақши калидӣ дорад
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабиниҳои канорӣ дар доираи иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор иштирок намуд
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон бо Чин ва Эрон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор баррасӣ шуд
Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канории Қазоқистон дар Вена иштирок намуд
Дар Вена оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир гардид
Тарбияи ватандӯстӣ — омили муттаҳидии миллат дар мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор дар Вена иштирок дорад
14 МАРТ-ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ ПРОКУРАТУРА. Давоми 32 сол фаъолияти ин ниҳоди давлатӣ ба таври назаррас тақвият ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад»