«Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик»- муаррифгари арзишҳои маънавии халқи тоҷик

Апрель 28, 2016 10:51

Душанбе, 28.04.2016./АМИТ«Ховар»/. Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии ҷилди аввали китоби тозанашри «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» бо иштироки  зиёда аз 60 нафар донишмандону  муҳаққиқон ва фарҳангшиносон баргузор гардид.
Ҷилди аввали «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» бо  талоши Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи мардуми тоҷик» нашр шуда, китоби мазкур   барои муаррифии арзишҳои маънавии халқи тоҷик  нақши муҳим дорад. Ин китоби бисёрҷилда доир ба анъанаҳо, урфу одат, маросимҳо ва дигар суннатҳои миллии мардуми тоҷик маълумот дода, хонандаро бо таърихи ташаккули фарҳанги  миллиамон шинос менамояд.
Гурўҳи корӣ тасмим гирифтааст, ки дар ҷилдҳои баъдӣ дар мавзўъҳои алоҳидаи фарҳанги ғайримоддии мардумӣ, аз ҷумла «Наврўз», «Сўзанӣ», «Бофандагӣ», «Косибӣ», «Либосҳои мардумӣ», «Бозиҳои бачагона», «Ҷашнҳои иҷтимоии мардумӣ»  барои хонандагон маълумот пешниҳод намояд.

Апрель 28, 2016 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАҲРИ ДУШАНБЕ – АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ. Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар доираи ин фестивал дар Душанбе намоиш-фурӯши чакан баргузор гардид
Ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллиро тамошо намуд
Илм дар ҳама давру замон кафили рушди бомарому босуботи ҷомеа ба шумор меравад
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Узбекистон ифтитоҳ мешаванд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши чакан ва дигар маҳсулоти ҳунармандӣ оғоз гардид
РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК. Бахшида ба ин рӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор мешавад
ҲАМ АДРАСУ ҲАМ ЧАКАН АЗ ОНИ МАНУ ТУСТ. Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанг буда, ифодагари назокату малоҳат ва дунёи рангини бонувони тоҷик аст
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
ХАЛҚИ МОРО ДАФТАРИ АЙНӢ ШАҲОДАТНОМА ШУД. Ба ифтихори зодрӯзи Садриддин Айнӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Узбекистон баргузор мегарданд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Дар Тоҷикистон консерти ботантанаи арбобони санъати Узбекистон баргузор мегардад