Ду медали биринҷӣ аз Филиппин

Апрель 29, 2016 11:57

Душанбе, 29.04.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Дар мусобиқаи интихобии   Осиё оид ба таэквондо WTF барои пайдо кардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Рио, ки дар пойтахти Филиппин- шаҳри Манила ба анҷом расид, ду нафар варзишгарони мамлакат ба гирифтани медалҳои  биринҷӣ муваффақ шуданд.
Дар ин вохӯриҳо дар қатори 100 варзишгар аз 36 кишвари Осиё чаҳор варзишгар  Фарҳод Неъматов (-80 кг), Алишер Гулов (+80 кг), Моҳрӯ Ҳалимова (+67 кг) ва Фарзона Раҷабова (+49 кг)  аз Тоҷикистон ширкат доштанд.
Моҳрӯ Ҳалимова дар сабқати занон дар вазни беш аз 67 кило ба медали биринҷӣ  сарфароз  гашт. Дар ин вазн Сом Сивмей аз Таиланд барандаи медали тилло дониста шуд ва бо соҳиби ҷои дуввум Кирсти Алора аз Филиппин ба Бозиҳои олимпии Рио де Жанейро меравад.
Медали дувуми Тоҷикистонро Алишер Гулов ба даст овард. Дар ин вазн Киао Сен аз Чин ва Руслан Ҷапаров аз Қазоқистон роҳхати Бозиҳои олимпиро соҳиб шуданд.
Ба ҳамин тартиб, дар мусобиқоти интихобӣ дар Филиппин танҳо мардону заноне, ки ҷойҳои 1-2-юмро комёб шуданд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ гардиданд. Таэквондочиёни тоҷик  дар ин намуд аз охирин имконияти худ истифода карда натавонистанд ва аз роҳхатҳо ба Олимпиадаи Рио-2016 маҳрум шуданд.

Апрель 29, 2016 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд