Ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №28 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон

Апрель 27, 2016 10:58

Душанбе, 27.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 28-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ кард.
Ёдовар мешавем, ки зимни сафари корӣ ба шаҳри Норак 13 августи соли 2013 — ум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Рӯдакӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 28 санги асос гузошта буд.
Мактаби мазкур бо ҷалби сармояи хориҷӣ бо маблағи 40 миллион сомонӣ аз ҳисоби кумаки бебозгашти Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст. Корҳои сохтмонӣ аз тарафи пудратчӣ — ширкати Ентсзиени Чин аз 6 июни соли 2014 оғоз гардида, 6 декабри соли 2015 ба анҷом расиданд.
Мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 28 сеошёна буда, барои 1220 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Муассисаи таълимӣ аз 22 синфхона, 8 кабинети фаннӣ, аз ҷумла технологияи иттилоотӣ, лингофонӣ, химия, физика, математика, биология, толорҳои суруду мусиқӣ ва китобхонӣ, толори варзишӣ, маҷмааи майдончаҳои варзишии футбол бо 700 ҷойи нишаст, теннис, 2 майдони волейбол, баскетбол, ошхона бо 120 ҷойи нишаст, китобхона ва бунгоҳи тиббӣ иборат мебошад.
Баъди ифтитоҳи мактаб дар синфхонаҳои барҳаво Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагони хуштолеъ, ки бо шарофати Пешвои миллат соҳиби чунин як бинои боҳашамату зебои мактаб гардиданд, суҳбати самимӣ доир кард. Сарвари давлат хонандагонро ба хониши хубу аъло, омӯзиши илмҳои муосир, технологияи компютерӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят кард.
Хонандагон дар навбати худ ваъда доданд, ки дар ҷавоб ба ҳамаи ғамхориҳо бо баҳои хубу аъло мехонанд.
Мактаб инчунин дорои низоми алоҳидаи барқу гармидиҳӣ, аз сӯхтор нигоҳдоранда, хати алоқа ва дастгоҳи махсуси идоравӣ мебошад. Таҷҳизоти кабинетҳои фаннӣ ва ошхона аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Норак харидорӣ шудааст ва ба талабот ҷавобгӯст.
Баъди ба истифода додани мактаб 80 нафар омӯзгор ва кормандони гуногуни техникӣ бо кор таъмин гардиданд. Аз тариқи озмун омӯзгорони ботаҷриба ва дорои маълумоти олӣ ба кор қабул карда мешаванд.
Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар муассисаи наву замонавии мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 28 дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодони мактаб ва фаъолони шаҳр суҳбати самимӣ доир кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокдорони мулоқот дар бораи тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ андешаронӣ намуд.
Нахуст Президенти мамлакат ҳозиринро бо ифтитоҳи мактаби нав табрику таҳният гуфта, бунёди мактаб ва дигар иншооти имрӯз дар шаҳри Норак мавриди баҳрабардорӣ қарор додаро туҳфаи арзандаи роҳбарияти давлату Ҳукумат ба мардуми меҳнатқарини шаҳри Норак дар соли таҷлили 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маънидод кард.
Зимни баромади худ сокинони шаҳр, намояндагони касбу кори гуногун ба Пешвои миллат, роҳбари хирадманду ояндасоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ташаббусу ғамхориҳо изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Апрель 27, 2016 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар чорабинии фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯзи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии «Микролаб»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равғанро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бунёди боғи интенсивии зардолу, гелос ва токи хавозавӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд