Илми тиб: дастовардҳо ва дурнамо

Апрель 29, 2016 14:23

Душанбе, 29.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Илми тиб: дастовардҳо ва дурнамо» — таҳти чунин унвон имрӯз, 29 апрел  дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино конфронси олимони ҷавон ва донишҷӯён  ба кори худ оғоз кард.
Дар ҳамоиш беш аз 500 олими ҷавон оид ба муҳимтарин масъалаҳои ҳалталабе, ки ба рушди тибби муосир дар ҷумҳуриамон мусоидат менамоянд, маърӯза хоҳанд кард.
Бино ба гуфтаи ректори Донишгоҳ Маҳмадшо Гулзода солҳои охир  нақши ҷавонон дар пешбурди корҳои илмӣ дар донишгоҳ ва берун аз он беш аз пеш вусъати тоза пайдо мекунад.
«Конфрони имсола далели он аст, ки масъалаҳои мубрам дар соҳаи тиб диққати олимони ҷавону донишҷӯёни Донишгоҳи тиббиро аз ҳарвақта бештар ба худ ҷалб менамоянд.  Натиҷаи ин аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи олимони ҷавон ба корҳои илмиву тадқиқотӣ зиёд ва шумораи онҳо дар ин роҳи заҳматталабу пуршараф бештар мегардад»,-илова намуд ректори  донишгоҳ.
Сардори  шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеаи ДДТТ Абдулло Юсуфов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки дар конфронс намояндагони  4 давлат- Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Украина маърӯза мекунанд.
«Ҷаласаҳои бахшӣ аз 3 то ба 14 адад расидаанд, дар онҳо масъалаҳои муҳими соҳа, аз қабили кардиология, ҷарроҳӣ, стоматология, педиатрия ва ғайра баррасӣ мешаванд. Олимони ҷавон акнун метавонанд дар самти дилхоҳи соҳа бо устодони варзидаю соҳибтаҷриба  қадамҳои аввалини худро мустаҳкам гузоранд»,-баён дошт А.Юсуфов.
Ректори Донишгоҳи тиббии шаҳри Ҳамадонии Эрон Саид Ҳабибулоҳ Мусавибаҳор роҷеъ ба мушкилоти  соҳаи урология маълумот дода, иброз дошт, ки имрӯз мутахассисони соҳаи тибби Эрон гирифтани сангҳои гурдаро бе ҷарроҳӣ, яъне бе чок кардани бадан  мегузаронанд.
Профессори Донишгоҳи миллии фарматсевтии шаҳри Харкови Украина Евгений Гладух баён дошт, ки имрӯз олимони донишгоҳи онҳо беш аз 260 номгӯй доруҳоро тайёр кардаанд, ки он на танҳо дар дохил, балки берун аз кишвар ба фурӯш бароварда мешавад. Мутахассисони ин даргоҳ беш аз 1000 иҷозатнома барои тайёр намудани маводи доруиро гирифтаанд. «Украина худ давлати фарматсевтӣ мебошад. Дар кишвари мо 140 корхона ва  23 фабрикаи фарматсевтӣ,  беш аз 20 ҳазор дорухона фаъол мебошанд. Харков пойтахти дорусозӣ мебошад»,-гуфт Евгений Гладух.
Хотиррасон мекунем, ки кори конфронс то бегоҳ идома меёбад.

Апрель 29, 2016 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд