Истифодаи ғайриқонунии меҳнати шаҳрвандон

Апрель 29, 2016 17:28

Қурғонтеппа, 29.04.2016. /АМИТ «Ховар/. Аз тарафи мутахассисони Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон вобаста ба истифодаи ғайриқонунии меҳнати шаҳрвандон дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, марказҳои савдо, тарабхона ва ошхонаҳои ноҳияи Шаҳритус   санҷиш гузаронида шуд.
Тавре ба АМИТ  «Ховар» Ҳамза Бобоев,  муовини сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон    иттилоъ  дод, дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки дар   нуқтаи савдои Шаҳром, ошхонаи ба номи «Бобои Расул», ошхонаи миллӣ,  роҳбараш Алишер Ҳаитов, нуқтаи савдои «Нисо», роҳбараш  Меҳринисо Уроқова ва нуқтаи шустушӯи мошинҳои ноҳияи Шаҳритус Нурматов аз ду  то сенафарӣ бе назардошти пешниҳоди ариза, шартномаи меҳнатӣ ва фармон   фаъолият дошта, як қисмашон дафтарчаи меҳнатӣ надоранд.
Аз тарафи комиссияи муштарак бо ҳар яки онҳо суҳбат гузаронида шуда, таъкид гардид, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи кормандон бояд расман ба қайд гирифта шуда, андози иҷтимоӣ ба давлат супорида шавад. Мақсад аз санҷиш -ин ҳимояи ҳуқуқу манфиятҳои кормандон мебошад.

Апрель 29, 2016 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад