Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон: “Ваҳдат кафили таҳким ва пойдории Истиқлолият аст”

Апрель 29, 2016 13:53

Душанбе, 29.04.2016. /АМИТ “Ховар”/. Аз хусуси ваҳдати миллӣ, вежагиҳову хуҷастагиҳои он хеле зиёд гуфтаву навишта шудааст. Имрӯз ҷои баҳс нест, ки дастоварди бузургтарини  миллати мо Ваҳдати миллист. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора барҳақ гуфтаанд: “Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад”.

Мо имрӯз хурду бузург вожаи ваҳдатро дар гуфтори ҳамарӯзаамон бисёр истифода мебарем. Ин вожа барои мо муқаддас аст, зеро дар он армони ҳазорсолаи халқи мо таҷассум ёфтааст. Ин вожа барои мо азиз аст, зеро тинҷиву осоиштагӣ, сарбаландиву фирӯзӣ, сериву пурии халқи мо марбут ба он аст. Ин вожа ҳамон офтоби дурахшонест, ки роҳи моро дар  ҷодаҳои на ҳамеша ҳамвору на ҳамеша равшан мунаввар мекунад. Ниҳоят,  ин вожа раҳнамои мо, сипари мо, умеди ягонаи пирӯзиву хушбахтии мост, ба шарти он ки арзиши он, қимати онро ҳар яки мо  дарк кунем ва ҳамеша чун нафас, чун хуни шараёнамон бо мо бошад. Аз ин рӯ зиён надорад,ки  бори дигар ба маънои аслии он фурӯ равем, бидонем, ки ваҳдат чист.
Дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” маънои вожаи ваҳдат-ягонагӣ,яке будан  ва эътиқод ба ягонагии Худо мебошад. Дар “Фарҳанги форсӣ”-и Доктор Муҳаммад Муъин низ ваҳдат яке будан, ягона будан, ягонагӣ, иштироки гурӯҳе дар як марому мақсад, иштироки ҳамаи афроди як миллат дар амал ва мақосид, чунон ки ба манзалаи маҷмӯаи воҳидӣ маънидод мешавад. Дар ҳама маврид ин вожа моро ба ягонагиву сарҷамъӣ мехонад. Ваҳдат муқобили касрат аст.

Ҷузъи як кулл (Худо) донистани ҳамаи олами мавҷудотро дар фалсафа ваҳдати вуҷуд меноманд. Абдулқодири Бедил дунёро ваҳдатобод меномад, яъне дунё аз тартибу низоми ягонагии табиату рӯзгор иборат ва обод аст:

Дар ин ваҳдатободи нусратбаҳор
Зи ҳар ҷузв айни гул аст ошкор.

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ  низ, вақте мегӯяд:

Баргу сози коинот аз аз ваҳдат аст,
Андар ин олам ҳаёт аз ваҳдат аст,

бешубҳа ҳам Офаридгорро дар назар дорад, ҳам тартиботу низом ва ягонагии коинотро. Ваҳдат муқаддас аст ва бо номи Худо марбут буданаш онро боз ҳам муққаддастар мегардонад. Яъне метавон хулоса кард, ки расидан ба ваҳдат, ба ягонагӣ — ин расидан ба баландтарин дастовард ё армони инсонист. Ё тарзи дигар гӯем, ваҳдат паҳлӯ ба номи Худованд мезанад.

Воқеан қимату баҳои ваҳдат барои миллати мо, барои халқи тоҷик маҳз дар ҳамин ягонагӣ, дастҷаъмӣ, бо ҳам будан, ҳадафи бузурги ягона доштан аст. Вақте тамоми афроди як миллат ба ҳам меояд, дастгиру пуштибони ҳамдигар мешавад, як ҳадафи баланди миллиро пайгирӣ мекунад, ин нерӯи тавонову бешикастест, ки  миллатро ҳамеша дар тӯли таърих пирӯзу сарбаланд нигаҳ хоҳад дошт. Таърих пуропур аз мисолу далелҳоест, ки миллати тифоқу сарҷамъ ҳамеша ғолиб ва миллати парешону нотифоқ ҳамеша саркӯб гардидааст. Таърихи миллати мо ҳам гувоҳ аст, ки ҳарчи ӯ дар тӯли сарнавишти гарони худ бохтааст, аз парешонӣ, аз нифоқу низоъи байнихудии маҳаллу қавмҳои ӯ, яъне аз адами ваҳдат будааст.

Охирин сабақи таърих ҳам барои мардуми мо ҳамин ҷанги нанговари дохилӣ буд, ки аз нотифоқӣ, омода набудан, сарфаҳм нарафтан ба моҳияти истиқлолият ба иллати қафомондагии сиёси иддае аз ҳамватанони мо рӯ зада буд.

Аммо боз ҳам бояд шукри тақдир кард, ки хиради зотии мардуми мо дар лаҳзаҳои тақдирсозе,ки миллат дар вартаи фалокат қарор дошт, рӯ зад ва аз байни ин халқи куҳанбунёду маърифатпарвар шахсиятҳое бо чеҳраҳои дурахшон баромаданд,ки бо равшании ақлу заковату хиради зотиашон гӯшаҳои торики андешаву заковати моро мунаввар сохтанд ва аз ин роҳ имрӯз ба сӯи пирӯзиҳои миллӣ равонем. Дар муқоиса бо он рӯзҳои пурдаҳшати ҷанги шаҳрвандиву таҳдиди хатари нестӣ ва фоҷиаҳои хунбор имрӯз мо мебинем, ки миллати тоҷик бо сарварии Пешвои худ тавонист аз вартаи фалокат берун ояд, худро аз нав бунёд созад, эҳёи дубора ёбад, қомат афрозад, аз музаффариятҳояш ба ҷаҳониён муждаҳо диҳад. Дар тӯли таърихи кутоҳи 25 соли истиқлолияти худ мо аллакай дидем, ки Ваҳдати миллӣ чӣ меваҳои  ширину гуворое метавонад ба бор оварад, чӣ дастовардҳои бузургеро насиби як халқ гардонад.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун тақозои замон, ҳамчун зарурати таърихӣ барои инсоният ба вуҷуд омадааст ва аз ин хусус ҳанӯз аз Афлотун то Абунасри Форобӣ, Ибни Ҳалдун, Томас Гоббс,Жан Жак Руссо ва Аҳмади Дониш муттафакирони зиёде ибрози андеша намудаанд. Барои Афлотун асоси гароиш ба ваҳдат аз ташкили боақлонаи ҳаёти иҷтимоӣ иборат аст, ки имкон медиҳад муносибатҳои муназзаму мутаносуби инсонӣ ташкил ёбанд. Афлотун лоиҳаи давлати армониро пешниҳод мекунад, ки дар он ҳамоҳангии накукориҳо моҳияти давлат ва одами ҷудогонаро ташкил медиҳад.

Чунин андешаро Абунасри Форобӣ низ пайгирӣ кардааст. Ӯ мегӯяд: “Ҳар як одам чунон сиришта шудааст, ки барои мавҷудияти худӣ ва расидагӣ ба камолоти олитарин ниёзманди бисёр чизҳоест, ки онҳоро худ ба даст оварда наметавонад ва барои ба даст оварданашон ниёз ба як навъ ҷомеаи одамон дорад, ки ба ӯ ин чизҳоро дар алоҳидагӣ бурда мерасонанд-чизҳоеро, ки ӯ ба онҳо талаботро эҳсос менамояд. Ана барои чӣ фақат аз тариқи иттиҳодияи одамони зиёди ба ҳамдигар кӯмакрасонанда, ки дар он ҳар кас ба дигаре қисмеро аз ҳиссаи барои мавҷудияти ӯ зарурӣ бурда мерасонад, инсон метавонад ба он камолоте бирасад, ки аз рӯи сиришти худ ба он рисолатманд шудааст.”

Инак, баъд аз асрҳо ба вуқӯъ пайвастани Ваҳдати миллӣ дар сарзамини куҳанбунёди тоҷик на танҳо як намунаи амалӣ шудани армонҳои бузургони гузаштагон аст, балки боз гувоҳи он аст, миллати куҳанбунёду хирдпешаи тоҷик бо сарварии Пешвои хирадманди худ таҷрибаи нави сулҳу ваҳдатро эҷод ва амалӣ намуданд.

Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон пидидаи нодиру навест дар таърихи навини мо, ки омӯзиши он ҳам барои дигарон ва ҳам барои таҳкиму пешрафти ваҳдати худи тоҷикон хеле манфиат дарад ва ин сабақест шоиста дар ҷодаи худшиносии миллӣ барои ҳам мо ва ҳам дигарон. Дар асоси ин сабақ метавон бардоштҳое кард, ки чӣ омилҳое метавонанд як халқ, як қавму миллатро ба ваҳдат расонанд.

Яке аз чунин омилҳо ҳадафи бузургест, ки як миллат дар пешорӯи худ мегузорад. Оре, ҳадафи баланди миллӣ метавонад мардуми як кишварро ба ҳам орад, ба ягонагӣ даъват кунад,зеро танҳо ваҳдату ягонагӣ, аз як гиребон сар баровардан метавонанд барои фатҳи мақсадҳои наҷиб мусоидат кунанд. Дар мавриди халқи мову кишвари мо чунин ҳадафи бузург озодиву истиқлолият ва эҳёи навини миллати мост, ки армони ҳазорсолаашро ҳадафи ҳастии худ  қарор додааст. Дар ин замина иқдомҳои шоиставу мақсадҳои наҷиб,нақшаҳои бузурге, ки аҳамияти созандагӣ доранд, низ метавонанд миллатро ба сарҷамъиву ягонагӣ раҳнамоӣ кунанд. Дар ҳамин таърихи кӯтоҳи истиқлолияти худ мо аллакай боре шоҳиди аз як гиребон сар баровардани хурду бузурги миллатамон гардидем, вақте ки аз ҷониби Пешвои миллат даъват барои бунёди Нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун ба амал оварда шуд. Бунёди НОБ-и Роғун бунёди ояндаи мост, ки нақши тақдирсоз барои халқамон дорад.

Аз ин рӯст,ки бо як даъват хурду бузург якдилона сари по шуданд, дар ин даъват ҳадафи бузурги миллиро диданд, аз сари нангу номус бархостанд ва омода буданд, ҳарчи аз дасташон ояд, дар ин ҷода бикунанд. Ва мо  аминем,  халқе,ки имрӯз дар ҷодаи худшиносиҳову ватандустиҳо қарор дорад, халқе, ки шаҳди меваҳои озодиву истиқлолиятро чашидааст, ҳамеша омодааст барои ҳимояи истиқлолияти худ, барои бунёдкориҳои нав ба наву эҳёи  дубораи он ҷоннисорона ба по хезад.

Таъсиси  идора ва ташкили ҳаракате бо номи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистн дар он замони ҳассос ва тақдирсоз  камоли зиракӣ ва  даҳои Сарвари кишвари тоҷикон буд. Дар он замони ноороми бархурду хилофҳо идора ва ҳаракате лозим буд, ки тамоми фаъолияту донишу ҳунари фарзандони фарзонаву содиқи миллатро гирди ҳам орад ва ба ин ҳаракат ҷалб намояд, то мардуми кишвар аз тамоми гӯшаҳо ба он пайванданду як нерӯи тавоноеро ташкил диҳанд.

Аммо Ваҳдати миллӣ, ин дастоварди хуҷаста, барои миллати мо ба осонӣ  даст надодааст. Мо хуб медонем, чӣ талошҳову ҷоннисориҳое аз ҷониби фарзандони наҷиби миллати мо, хусусан Пешвои миллатамон, ба амал бароварда шуданд, то мо ба ин дастоварди беназири таърихӣ ноил гардем. Имрӯз мо бояд андеша дар сари он кунем, ки чӣ гуна ин дастоварди гаронбаҳои таърихии халқамон-ваҳдати миллиро на танҳо маҳфуз дорем, балки  тақвият бахшем, комилу пойдор ва бегазанд гардонем?

Барои ин аввал бояд суоле пеши худ гузорем ва бидонем: он чист, ки ваҳдати миллӣ бар он асос меёбад? Чӣ сутунҳое бояд  бунёд кард,то тавонанд бори ваҳдати миллиро ба дӯш бардоранд? Ба гумони банда дар ин маврид чанд омили асосӣ нақши ҳалкунанда мебозанд.

Аввалин омиле, ки воқеан метавонад миллатеро ба ҳам орад ҳадафи бузург ва тақдирсоз аст.

Дуюм, ваҳдат ҳамон вақт пойдор аст, ки бар адолати иҷтимоӣ ва аслан адолат асос ёфта бошад ва ин яке аз омилҳои тақдирсози ваҳдат аст. Зеро асоси ваҳдат адолат буда, ваҳдат ва ягонагии мардум пеш аз ҳама ба адолат ниёз дорад ва бо адолат қавист.

Сеюм, бе худшиносии баланди миллӣ,ифтихори миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, дарки расолати миллӣ ба даст овардани ваҳдати миллӣ номумкин аст.

Чаҳорум, таҳкими қонуният дар кишвар, иҷрои бечунучарои он, роҳ надодан ба беадолатиҳо дар иҷрои он. Табиист, ки қонун,  ягонагӣ ва мувозинат дар ҷомеа асоси бунёди ҳар бино, аз ҷумла бинои ваҳдат аст.

Панҷум, раҳнамои худ намудани хирад ва сабақҳои таърих, ки дар собиқаи миллати мо кам нест.

Шашум  ва аз ҳама ҳалкунанда — ҳадафи асосии худ қарор додани ташаккули шуури миллӣ,  манфиати умумимиллӣ. Зеро ваҳдат кафили асосии рушди давлати миллиамон хоҳад буд.

Метавон руйхати ин омилҳоро идома дод,аммо ҳоло ҳамин қадар кофист.

Хушбахтона, имрӯз Тоҷикистони азизи мо соҳиби Пешвоест, ки омилҳои номбурдаро сармашқи кори худ намудааст ва он пирӯзиҳое,ки халқи мо дар бунёди Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи навини Тоҷикистон ба даст овард, маҳз бо риоя ва амалӣ  намудани ин омилҳои тақдирсоз таҳти сарварии ӯ ба вуқӯъ пайвастааст.

Дар бунёди ваҳдат, таҳким ва ҳимояи он мо бояд сифатҳои зотӣ, одобу анъанаву суннатҳои халқамонро ба назар гирем, ки бе донистани он шояд мо натавонем бинои ваҳдатро бе костиҳо бунёд кунем. Халқи мо халқест некманиш, хайрхоҳ ва дар баробари ин содадилу зудбовар ва дар оғози истиқлолият душманонаш тавонистанд аз ин истифода кунанд ва дар таърихи куҳанаш ҳам ин хушбовариҳо на ба манфимати ӯ будааст ва инро мо бояд чун сабақ дар ёд дошта бошем.

Мо набояд худро бифиребему ба худ дурӯғ гӯем, зеро ин ба манфиати истиқлолияту ваҳдат ва мақсадҳои наҷиби мо ва Сарвари шуҷоъу ватандӯстамон нест. Ва чунон, ки дар китоби “Раванди ваҳдат ва назарияи он”, ки бо пешгуфтори Пешвои миллат ба табъ расидааст, ин нуктаҳо таъқид мешаванд,  баъзе аз қисмати мардумамон дар бораи истиқлолият фаҳмиши сарсарӣ ва сатҳӣ доранд ва то ҳанӯз манфиати Ваҳдати миллиро нафаҳмидаанд. Ҳастанд одамоне, ки бо фориғболӣ, худношиносӣ, ҷудоихоҳиву ҷудоиандозӣ, сарватҷӯиву мансабхоҳӣ манфиатҳои шахсии худро аз манфиатҳои Ватану истиқлолият боло гузошта, садди роҳи Ваҳдати миллӣ, ягонагии мардум ва якпорчагии сарзаминамон мегарданд.

Аммо банда бовар дорам, ки кулли мардум, халқи некӯманишу хирадпешаи тоҷик, ки ҷабри таъриху сарнавиштро бисёр дидааст, таҳти сарварӣ ва роҳнамоии Пешвои ҷоннисору халқпарварамон  имрӯз бо тамоми муҳаббату садоқат ба хоки муқаддаси худ, бо тамоми он хиради зотие, ки доранд ин дастоварди беназири таърихии  худ- Истиқлолияти давлатиро на танҳо пуштибонӣ мекунанд, балки ҷоннисорона онро таҳким мебахшанд ва дар ин ҷода нерӯ,раҳнамо ва кафили онҳо Ваҳдати миллии халқамон хоҳад буд.

Апрель 29, 2016 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат