Мулоқоти Директори АМИТ «Ховар» бо роҳбари Дафтари Авруосиёи «Синхуа»

Апрель 27, 2016 18:38

Душанбе, 27.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Директори Агентии миллии иттилоотии «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Сиддиқ бо директори Дафтари Авруосиёи Агентии иттилоотии «Синхуа»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Фан Вейго, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, мулоқот кард.
Зимни мулоқот ҳарду ҷониб доир ба масоили таҳкими ҳамкории иттилоотӣ табодули афкор намуданд.
С. Сиддиқ меҳмононро бо АМИТ «Ховар» шинос намуда, зикр кард, ки ҳамкорӣ миёни агентиҳои расмии иттилоотии ду кишвари дӯст дар солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки соли равон 25 солагии он таҷлил мегардад, оғоз ва рушд ёфт.
Фан Вейго оид ба платформаи «Роҳи абрешими Синхуа» барои расонидани иттилооти иқтисодӣ, ки аз ҷониби АИ «Синхуа» барои кишварҳои дар масири камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим – «Як камарбанд – як роҳ» воқеъбуда таъсис дода шудааст, маълумот дод.
Ҷонибҳо ҳамчунин зикр намуданд, ки АМИТ «Ховар» ва АИ «Синхуа» ҳамчун сохторҳои муҳими иттилоотии Тоҷикистону Чин дорои заминаи мусоид барои густариши ҳамкорӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории амалӣ бо мақсади таъмини иттилооти расмӣ ба Тоҷикистону Чин, кишварҳо ва манотиқи дар масири «Як камарбанд – як роҳ» воқеъбуда мебошанд.
Ёдовар  мешавем, ки АИ «Синхуа» яке аз бузургтарин агентиҳои иттилоотии ҷаҳон мебошад. Он соли 1931 ҳамчун «Агентии иттилооти сурхи Чин» таъсис ёфта, аз соли 1937 инҷониб номи кунуниашро дорад. АИ «Синхуа» дорои 170 нуқта дар тамоми ҷаҳон, 31 дафтар дар ҳудуди ҶМЧ ва як зумра дафтарҳо дар дигар манотиқи ҷаҳон мебошад. Беш аз 30 рӯзномаву маҷалла нашр мекунад. АИ «Синхуа» расман ба сохтори Ҳукумати ҶМЧ шомил мебошад.

Апрель 27, 2016 18:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дэвид Кэмерон: «Британия мехоҳад лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии истеҳсолкунандаи энергияи сабзро дар Тоҷикистон дастгирӣ кунад»
Байни Душанбе ва Лондон парвозҳои мустақим ба роҳ монда мешаванд
Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ Дэвид Кэмерон ба Тоҷикистон ташриф овард
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакатро матраҳ намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд