Мулоқоти вакилони Парлумон дар ДДХ

Апрель 29, 2016 09:51

Душанбе, 29.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқот бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Абдуҷаббор Ахмедов ва Гулбаҳор Назирӣ  баргузор шуд. Тавре аз ДДХ хабар доданд, ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов зикр намуд, ки  22 майи соли равон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Мувофиқи пешниҳод зиёда аз 40 тағйиру илова ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда дар маҷмӯъ, арзишҳои волои Конститутсияро таҳким бахшида, инъикоси минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон, тақвияти ҳифзи ҳуқуқии шахс, фарогири идомаи ислоҳоти сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқию судӣ дар мамлакат мебошанд.  Устодони донишгоҳ тибқи нақшаи чорабиниҳо беш аз 1 моҳ инҷониб дар тамоми шаҳру навоҳӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи мулоқоту ҷамъомадҳо мегузаронанд. Чунин вохӯриҳо дар оянда низ давом хоҳанд ёфт.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ роҷеъ ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун) андешаронӣ намуда, аз ҷумла зикр сохтанд, ки рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд.
Такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад ва он дар рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад.

Апрель 29, 2016 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид
ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Чикагои Амрико як нафар ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд
Тадбирҳои пешгирӣ аз борону жола дар Тоҷикистон
Арбоби сиёсию давлатӣ Шукурҷон Зуҳуров дар роҳи хизмат ба Ватан ҳамеша устувор аст
ВОРИСИ АРЗАНДАИ СИНО. Табиби ҷавони тоҷик дар Амрико сазовори сертификати дараҷаи байналмилалӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Чинро боронҳои шадид ва тӯфонҳои регӣ фаро мегиранд