Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 21, 2016 09:47

Душанбе, 21.04.2016 /АМИТ  «Ховар»/. Мусобиқаи  ҷумҳуриявӣ   бахшида   ба  ҷашни   25-солагии  Истиқлолияти  давлатии   Ҷумҳурии  Тоҷикистон   (Амри  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  қоидаҳо,  ҳайати  комиссия, тақсимоти  вазифаҳо,  меъёрҳои  муайян  намудани   ғолибон)

 

 

Амри
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои мамлакат, ободонӣ, бунёдкорӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва таъриху тамаддуни тоҷикон:

  1. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.
  2. Ҳайати замимагардидаи Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ тасдиқ карда шавад.
  3. Раиси Кумитаи тадорукот қоидаҳои гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавиро тасдиқ намояд.
  4. Мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
  5. Муқаррар карда шавад, ки комиссияҳои маҳаллиро раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо санади худ таъсис дода, ба ҳайати онҳо кормандони сохторҳои дахлдори аъзои Комиссияи ҷумҳуриявиро шомил намуда, фаъолияти босамари онҳоро таъмин менамоянд.
  6. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шавад, ки дар якҷоягӣ бо иттифоқҳои рассомон ва дизайнерони Тоҷикистон намунаи Шоҳҷоиза, нишони хотиравӣ, шаҳодатнома ва дипломро, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ ба мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ тақдим мегарданд, омода намуда, барои мувофиқа ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод намояд.

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

шаҳри Душанбе
«24» феврали соли 2016, №АП-681

_____________________________________

Қоидаҳои гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақсимоти вазифаҳо миёни аъзои Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

_________________________________

Меъёрҳои муайян намудани оилаи намунавӣ

Меъёрҳои муайян намудани хонаи намунавӣ

Меъёрҳои муайян намудани деҳаи беҳтарин

Меъёрҳои муайян намудани маҳаллаи беҳтарин

Меъёрҳои муайян намудани деҳоти беҳтарин

Меъёрҳои муайян намудани шаҳраки беҳтарин

Меъёрҳои муайян намудани ноҳияи беҳтарин

Меъёрҳои муайян намудани шаҳри беҳтарин

Меъёрҳои муайян намудани вилояти беҳтарин

Меъёрҳои муайян намудани мақомоти марказии ҳокимияти давлатии беҳтарин

Апрель 21, 2016 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд