Мусодираи қариб 14 кг маводи нашъаовар дар ноҳияи Дарвоз

Апрель 11, 2016 15:12

Душанбе, 11.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Шуъбаи байниноҳиявии дар Дарвоз будаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии Дарвози Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ қариб 14 килограмм маводи нашъаовар мусодира намуданд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шоҳроҳи Қалъаи Хумб-Хоруғ дар мавзеи Ғармхоҳи деҳаи Хустави ноҳияи Дарвоз сокини 26-солаи ноҳияи Дарвоз ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир гардид. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дастгиршуда ду адад борхалта дарёфт гардид, ки дар дохили яке аз онҳо 13 дона бастаи полиэтиленӣ бо маводи хамирмонанд ва дар дохили борхалтаи дигар ду адад баста бо маводи хокамонанд мавҷуд буд.
Мутобиқи хулосаи Шуъбаи ташхиси судии Раёсати Агентӣ дар ВМКБ аз маводи мусодирагардида 12 кг 348 грамм афюн ва 1 кг 522 грамм героин мебошад. Вазни умумии маводи нашъаовари мусодирагардида 13 кг 870 граммро ташкил менамояд.
Оид ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаи 200 қ. 4 Кодекси ҷиноятии ҶТ (муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ё моддаи психотропӣ бо мақсади фурӯш дар ҳаҷми махсусан калон) оғоз карда шудааст.
Ҳоло чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалҳои тафтишотӣ оид ба муайян намудани ҳолати кор ва муқаррар намудани шахсиятҳое, ки дар ҷинояти мазкур ҳамдастӣ доранд, гузаронида мешаванд.

Апрель 11, 2016 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд
Дар Суғд нахустин гурӯҳи даъватшавандагонро ба таври тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Ҷавонписарони сарбаланди шаҳри Роғун хизмат дар сафи Артиши миллиро барои худ шараф медонанд
Модарони ноҳияи Варзоб фарзандонашонро бо дуои нек ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд