Мусовие, ки арзиши ғалабаро дошт

Апрель 29, 2016 15:16

Душанбе, 29.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи  мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон баъди мусовии 1 бар 1 бо тими мунтахаби Қирғизистон дар бозиҳои минтақавии Чемпионати Осиё байни духтарони то 14-сола, ки дар мамлакат идома доранд, ба бозии нимниҳоӣ роҳхат гирифт.
Дар гурӯҳи А имрӯз инчунин дастаи мунтахаби Эрон баъди пирӯзиаш бар Бутан бо натиҷаи 7 бар 0 озими бозиҳои нимниҳоӣ шуд.
Ҳамин тавр  дар гурӯҳи «А» тими мунтахаби Эрон бо нӯҳ имтиёз мақоми аввал, дастаи Тоҷикистон бо чор имтиёз мақоми дуввумро касб карданд. Бутан бо се имтиёз дар ҷойи севум ва Қирғизистон бо як имтиёз дар ҷойи охирин  чорум қарор гирифтанд.
Дар гурӯҳи Б тими мунтахаби Бангладеш, ки дастаи Непалро бо ҳисоби 9:0 шикаст дод, бо шаш имтиёз дар гурӯҳ мақоми аввалро  соҳиб шуд. Ҳиндустон бо се имтиёз дар зинаи дувум ва  Непал бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор гирифтанд.
Акнун дар  бозиҳои нимниҳоии мусобиқоти  минтақавии Чемпионати Осиё-2016 миёни бозингарони то 14-сола рӯзи шанбе дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон бо Бангладеш дар варзишгоҳи «Авиатор»-и шаҳри Душанбе ва тимҳои Эрон бо Ҳиндустон дар майдони Академияи футболи «Истиқлол» дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор вориди майдон мешаванд.

Апрель 29, 2016 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд