Қонуни манъи никоҳи хешутаборӣ кай мавриди амал қарор мегирад?

Апрель 13, 2016 11:14

Душанбе, 13.04.2016 /АМИТ «Ховар»/.Чанде қабл аз ҷониби  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Доир ба зарурат ва моҳияти қабули ин қонун ва дигар масъалаҳои умдаи бахши иҷтимоии ҷомеа хабарнигори парлумонии АМИТ «Ховар» бо раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳилолбӣ Қурбонзода мусоҳиб шуд.

        «Ховар»: Ҳилолбӣ Қурбонзода, ҳадаф аз ворид намудани тағйирот ба Кодекси  оилаи кишвар  чист? Назари Шумо ба солимии оила ва ҷомеа дар Тоҷикистон?

      Қурбонзода: Яке аз нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 23 январи соли 2015  ироа гардид, ба масъалаи оила ва оиладорӣ нигаронида шуда буд. Президенти ҷумҳурӣ  нисбат ба падидаҳои номатлуби ҷомеа, бахусус  болоравии сатҳи  бекоршавии ақди никоҳ изҳори нигаронӣ карданд ва соли  2015-ро «Соли оила» эълон намуданд. Дар ин росто вакилони Парлумони  Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбутаи кишвар бо мақсади пешгирии вайроншавии оилаҳо, бахусус солим нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон ба Кодекси  оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид намуданд.Тағйирот ба ду моддаи Кодекси амалкунанда -моддаи 14- манъ намудани никоҳи  хешутаборӣ  ва моддаи 15 — аз муоинаи  ҳатмии тиббӣ   гузаронидани ҷавонон қабл аз издивоҷро дарбар мегиранд. Ҳадафи асосии тағйирот ба Кодекси оилаи кишвар солим нигоҳ доштани оила, ки як ҷузъи ҷудонопазири ҷомеа аст, маҳсуб мешавад. Тибқи маълумоти оморӣ,  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш 26 ҳазор кӯдакони маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки 35% онҳо,  чуноне ки  мутахассисон мегӯянд, аз никоҳи  хешутаборӣ ва аз 10 то 20% бар асари бемориҳои сироятӣ ба дунё омадаанд. То ҷое мусаллам аст, тӯли солҳои охир раванди ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани шаҳрвандон,  бахусус  ҷавонон бештар гардидааст. Вақте бархе аз ҷавонон аз муҳоҷирати меҳнатӣ бармегарданд, никоҳ карда,  оила барпо месозанд, дар бисёр мавридҳо  қисме аз онҳо мубталои бемориҳои  сироятӣ мебошанд, ки оилаашонро сироят намуда, дар натиҷа кӯдаки носолим ба дунё меояд. Тибқи тағйирот ба Кодекси оила,  муоинаи ҳатмии тиббии ҷавонон қабл аз издивоҷ  ба роҳ монда шуда, никоҳи хешутаборӣ дар кишвар манъ карда мешавад, зеро асоси ҷомеаи солимро оилаи солим ва оилаи солимро инсонҳои  солим ташкил медиҳанд.

         «Ховар»: Оё қонунгузорӣ нисбат ба шахсоне, ки издивоҷи хешутабориро ба роҳ мемонанд, муҷозот пешбинӣ кардааст?

         Қурбонзода: Не, дар қонунгузорӣ  дар масъалаи   никоҳи хешутаборӣ ягон муҷозот пешбинӣ нагардидааст.  Ҳангоми  пешниҳод намудани тағйирот ба Кодекси оилаи кишвар дар ҷомеа хеле баҳсҳои тӯлонӣ сурат гирифтанд. Хусусан вақте  тавассути телевизионҳо барномаҳо аз вазъи  оилаҳое, ки дар онҳо дар асоси никоҳи хешутаборӣ фарзандони носолим ба дунё омадаанд,  намоиш дода шуданд, мардум аз оқибатҳои номатлуби никоҳи хешутаборӣ огоҳии амиқ пайдо карданд ва хулоса ҳам бароварданд. Яъне,  ҷомеа аллакай аз издивоҷи хешу таборӣ  худдорӣ менамояд. Мо,  вакилон аз 16 то 26 феврали соли равон дар минтақаҳои кишвар дар сафарҳои хизматӣ будем ва бо интихобкунандагон мулоқот доштем. Вақте  ки дар масъалаи ворид намудани тағйирот ба Кодекси оилаи ҷумҳурӣ сухан мекардем,  мардум барои  ҷилавгирӣ аз никоҳи хешутаборӣ ва муоинаи ҳатмии тиббии ҷавонон қабл аз издивоҷ ҷонибдории худро баён мекарданд ва қабули ин қонунро саривақтию судманд ва ба манфиати миллату давлат арзёбӣ намуданд.

     «Ховар»: Оё муоинаи ҳатмии тиббӣ ройгон аст?

Қурбонзода: Албатта,  муоинаи ҳатмии тиббӣ  барои ҷавонони издивоҷкунанда ройгон аст. Тибқи Қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бояд қоидаҳои аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаронидани издивоҷкунандагонро таҳия намояд. Вақте ки қоидаҳои аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаронидани издивоҷкунандагон таҳия гардида,  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд, тибқи он ҷавонон қабл аз издивоҷ аз ташхиси ҳатмии тиббӣ мегузаранд.

           «Ховар»: Қонун кай мавриди амал қарор мегирад?

        Қурбонзода: Қонун алакай аз ҷониби Президенти кишвар ба имзо расидааст. Ба хотири он ки алҳол  лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қоидаҳои гузаронидани муоинаи ҳатмии тиббии шахсони издивоҷкунанда дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор дорад, қонун аз 1 июли соли 2016  мавриди амал қарор мегирад.

       «Ховар»: Ҳилолбӣ Қурбонзода, нақши бонувони вакилро дар рушди парламентаризми кишвар чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

 Қурбонзода: Нақши зан-модари тоҷик дар рушди ҷомеа, пеш аз ҳама, ба дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст. Маҳз ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Ҷаноби Олӣ аст, ки имрӯз занони мо дар сохторҳои гуногуни давлатӣ ба ҳайси вакил, роҳбари корхона, муассиса ва дар  дигар бахшҳои  иқтисоди миллӣ фаъолият доранд. Алҳол дар палатаи поёнии Парлумони кишвар 12 нафар бонувони вакил фаъолият менамоянд, ки аксари онҳо дорои унвони илмӣ мебошанд. Аз ин шумора як нафар муовини раиси Маҷлиси намояндагон ва  ду нафар зан-  раисони кумитаҳои  палатаи поёнии Парлумони мамлакатанд. Вакилзанон дар таҳия ва баррасию қабули  қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ нақши муассир мегузоранд. Фаъолияти вакилзанон дар  радифи мардон дар Парлумон хеле густариш ёфтааст. Дар тӯли 10 моҳи фаъолияти Маҷлиси намояндагон 10 қонуни мукаммал таҳия гардид, ки дар он  занони вакил саҳми шоиста гузоштаанд. Дар ин давра вакилони Маҷлиси намояндагон  наздик ба 290 қарору қонун, созишномаҳои байнидавлатӣ  ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро таҳия ва тасдиқ намудаанд, ки дар онҳо бонувони парлумон низ ҳиссаи худро гузоштаанд.

  «Ховар»: Шумо дар палатаи поёнии Парлумони кишвар масъули бахши муҳим — Кумита    оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ мебошед. Бигӯед, ки бонувон –занон бештар бо кадом масъалаҳо ба Шумо муроҷиат менамоянд?

   Қурбонзода: Аксарияти муроҷиати шаҳрвандон марбут ба масъалаҳои иҷтимоӣ, тандурустӣ, нафақа -ҳам нафақаи маъбӣ, ҳам нафақаи синусолӣ,  ба таҳсил фаро гирифтани фарзандон аз тариқи ройгон ё буҷетӣ мебошад. Инчунин бисёр мушкилоти аҳолии мо ба масъалаи ҷудо кардани  қитъаи замин вобастааст. Албатта, Парлумони кишвар салоҳияти бо қитъаи замин таъмин намудан ва ҳалли  чунин масъалаҳоро надорад, аммо  дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъалаҳо роҳи ҳалли худро меёбанд.

         «Ховар»: Соли 2015 аз ҷониби Президенти кишвар «Соли оила» эълон гардида буд. Бигӯед, ки омилҳои асосии пош хӯрдани оилаҳои ҷавон дар чист?

        Қурбонзода: Мушкилот ва омилҳои афзоиши талоқ  дар ҷомеаи мо хеле зиёданд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар аксар ҳолатҳо сабаби асосии афзоиши  талоқ дахолати падару модар, хусуру хушдоман, аъзои оила,  дар баъзе  мавридҳо бефарзандӣ,  бемориҳои гуногун,  нашъамандӣ, майзадагӣ, инчунин ба ҳаёти мустақилона  омода накардани ҷавонон, хусусан духтарон  ва дигар омилҳои иҷтимоӣ мебошанд, ки ба бекоршавии ақди никоҳ дар оилаҳо оварда мерасонанд.

       «Ховар:» Тамоюли бекоршавии ақди никоҳ дар кишвар рӯ ба афзоиш аст  ёкоҳиш меёбад?

       Қурбонзода: Тибқи омори сабти асноди ҳолати шаҳрвандии кишвар,  қайди давлатии талоқ дар соли 2015 –ум 8 ҳазору 356 ададро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба соли 2014-ум  776 адад кам аст. Албатта,  ин рақам қонеъкунанда нест, балки боиси нигаронист. Новобаста аз коҳиш ёфтани тамоюли талоқ ин ҳолат то ҳанӯз ҷой дорад ва фикр мекунам, ки бояд ҳамагон- аз оила, аз ҷамоат,  аз ноҳия то ба сатҳи ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ ба хотири он кӯшиш намоем, ки ҳолатҳои номатлуб- бекоршавии ақди никоҳ, хусусан дар байни ҷавонон пешгирӣ карда шаванд. Мутаассифона,  дар аксар ҳолатҳо бекоршавии ақди никоҳ дар оилаҳое ба вуқӯъ меояд, ки тӯли солҳои дароз- аз  40 то 50 сол зиндагӣ кардаанд ва ин барои ҷомеаи суннатии мо,  тоҷикон боиси таасуф аст. Ҳарчанд дар аксари ин оилаҳо фарзандон болиғ бошанд ҳам,  вале дар ҷомеа ҳамчун оилаи нокомил боқӣ мемонанд.

          «Ховар»: Ба назари Шумо чӣ бояд кард, ки зан-модари тоҷик дар таълиму тарбияи фарзанд рисолати азалии  худро иҷро карда тавонад?

Қурбонзода: Дар рӯҳияи одоби накую ҳамида ба камол расонидани фарзандон  дар шароити феълӣ аз ҳар як зан-модари тоҷик масъулияти бештареро тақозо менамояд.  Агар гӯем, ки  дар оила тарбия  коста шудааст,  иштибоҳ намекунем. Мо бояд кӯшиш намоем, ки оилаи тоҷик,  фарзандони модари тоҷик дорои тарбияи дуруст ва маърифатнок  бошанд, зеро вақте духтар таҳсилдида ва соҳиби илму маърифат аст, ҳангоми фарзанди худро ба камол расонидан,  кӯшиш менамояд, ки фарзандашро дар рӯҳияи баланди инсондӯстӣ, хулқу атвори неки инсонӣ, боодоб ва дар маҷмӯъ,  ҳамчун инсони комил ба воя расонад. Албатта,  зиндагӣ мушкил аст, роҳҳои пурпечутоб, пастию баландиҳои худро  дорад. Дар ин ҳолатҳо агар зан -модар иродаи мустаҳкам,  сабру таҳаммул надошта бошад, ба мушкилоти зиндагӣ тоб оварда наметавонад. Зан –модар бояд  дурандеш, таҳаммулпазир, бомаърифат ва тарбиятгар бошад, то тавонад бо рисолати азалии худ дар тарбия ва ба камол расонидани насли наврас, ки ояндаи рушди ҷомеа аз онҳо вобаста аст, саҳми шоиста гузорад.

          «Ховар»: Тибқи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 май ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод мегардад, фарзандони болиғ дар нигоҳубини волидайни худ масъул мебошанд. Бигӯед, ки мехнизми назорати  иҷрои ин масъала аз чӣ иборат аст?

       Қурбонзода: Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бархе аз фарзандони болиғ аз парастории волидайни худ саркашӣ намуда, падару модари худро дар айёми  пирӣ ба хонаи пиронсолон бурда,  дар тарбияи давлат мегузоранд. Мувофиқи тағйироте, ки ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус ба моддаи 34 –и Конститутсия дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда мешавад,  фарзандони болиғ дар тарбияи волидайни худ масъул мегарданд. Ин меъёр дар моддаи амалкунандаи Конститутсия буд,  танҳо ба он таъминоти иҷтимоӣ ва  таълим ворид карда шудаанд, яъне падару модар барои  таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони  болиғу қобили меҳнат  барои  нигоҳбин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд. Мақсади асосии ворид намудани ин тағйирот тақвияти муносибати падару модар нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд ва баланд бардоштани масъулияти фарзандони қобили меҳнат барои нигоҳубини падару модар аст. Дар қонуни амалкунанда дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон   ин меъёр пешбинӣ шудааст. Омори расмӣ далели он аст, ки солҳои охир ба хона- интернатҳо, ки шумораашон дар ҷумҳурӣ ба 9 адад мерасад,  супоридани  шахсони пиронсол зиёд мегардад. Алҳол дар хонаҳои пиронсолон  1017 нафар шахсони синнашон аз 60 боло нигоҳбонӣ карда мешаванд. Ин ҳолат нисбат ба соли 2014-ум 12 нафар зиёд аст ва ин тамоюл дар ҳоли афзоиш буда, ба суннат ва фарҳанги мо, тоҷикон бегона аст.

        «Ховар»: Оё фарзандоне, ки аз саробонии  волидайни пиронсолашон даст мекашанд, муҷозот мешаванд?  

            Қурбонзода:Дар моддаҳои  88 ва 89-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ин меъёр пешбинӣ шудааст  ва агар  падару модар дар масъалаи аз нигоҳбонӣ саркашӣ намудани фарзандонашон ба суд муроҷиат намоянд, дар ин ҳолат аз ҳамаи фарзандон барои таъминоти  моддии онҳо маблағи муайян ситонида мешавад. Агар фарзандон тайъиноти судиро иҷро накунанд, нисбат ба онҳо дар марҳилаи аввал корҳои ислоҳӣ бурда шуда ва баъдан ба муҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки солҳои қаблӣ тамоюли ба хона-интернатҳо супоридани пиронсолон аз ҷониби фарзандон кам буд. Асосан ба хона-интернатҳо касонеро месупориданд, ки  бесоҳиб буданд. Вале,  мутаассифона,  ин раванд солҳои охир афзоиш ёфта истодааст.          

       «Ховар»:Сабаби асосии афзоиш ёфтани ин тамоюл дар чист?

Қурбонзода: Ин тамоюл, пеш аз ҳама,  вобаста аст ба тарбия дар оила ва ҷомеа. Мо бояд фарзандонро дар рӯҳияи инсондӯстию рафоқат ва меҳрубонӣ тарбият намоем, то онҳо дар айёми пиронсолӣ волидайни худро саробонӣ намоянд. Яъне фарзанд дар кадом вазъияти иқтисодию иҷтимоӣ набошад, бояд падару модари худро, хусусан дар айёми пиронсолӣ нигоҳбонӣ кунад, зеро ҳатто ҷомеа ба он фарзандоне, ки аз нигоҳубини  волидайни худ саркашӣ менамоянд, нафрат дорад ва ин амали номатлубро маҳкум месозад.

        «Ховар»: Таманнои Шумо ба бонувони Тоҷикистон?       

    Қурбонзода: Қабл аз ҳама ба бонувон ва модарони тоҷик саломатӣ, хушбахтӣ ва шукргузорӣ намудан аз ҳаёти осоиштаро таманно менамоям, зеро вақте зери осмони соф умр ба сар мебарем, ин бахти баланди зан-модари тоҷик аст. Баъдан занон бояд дар тарбия ва таълими фарзандон масъулиятшинос бошанд,  то тавонанд рисолати азалии худро  дар ҷомеа  сарбаландона иҷро намоянд. Ва фарзандоне ба камол расонанд, ки номбардори миллати тоҷик  гарданд.

         Марзия Саидзода, хабарнигори «Ховар»

Апрель 13, 2016 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад