Пешвои барҳақ

Апрель 29, 2016 08:44

Душанбе, 29.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мардуми тоҷик аз қадимулайём бо шарофати тадбиру хирадмандӣ ва истеъдоди кишвардории фарзандони фарзонаи хеш дар рифоҳи раъият ва дар ободии мамлакат номи нек ба ёдгор гузошта, ба ин васила дар пешрафти тамаддуни башарӣ нақше тобону муассир рақам задаанд. Қабл аз ҳама, симои дурахшони Куруши Кабирро ёдовар бояд шуд, ки беш аз ду ҳазору панҷсад сол пеш аз ин аввалин дастури ҳуқуқии тамаддуни башар – Эъломияи мондагори худро дар ҷаридаи олам интишор дод, ки он барои қавму тоифаҳои гуногунмазҳабу гуногунсуннат ҳифзи ақоид ва русуми зиндагии шоистаро вазъ намуда, бори нахуст таҷрибаи ҳамзистии халқҳо, дўстӣ ва ҳамдигарфаҳмии инсонҳо ва ҷомеаҳои инсониро бар мабнои қонун кафолат дод.
Метавон аз сулолаи Сомониён ва корномаҳои Исмоили Сомонӣ ёдовар шуд, ки бо ибтикороти ояндасози сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ давлати қудратманди миллиро бунёд ниҳоданд, ки сармояи он ҳам дар замони кишвардории онҳо ва ҳам дар чанд асри баъдина фарҳанги оламшумули миллӣ ва шахсиятҳои бузурги ҷаҳониро ба вуҷуд овард. Дарунмояи фикрии давлатдории хонадони Сомониён ҳифзу инкишофи забон ва ҳувияти миллии тоҷикон буд, ки дар муқобили истеъмори фарҳангиву маънавии арабҳо асолат ва вижагиҳои мардумро дар сарзамини паҳновари Мовароуннаҳру Хуросон умри дубораи таърихӣ бахшид.
Баъд аз ҳазор соли давлати Сомониён қисмат ба мардуми Тоҷикистон фарзанди дилсўзу хирадманд, фарзонаву поксиришт, парчамбардори нангу номуси миллӣ, посдори ваҳдату дўстӣ ва сарвари арзандаву ҷонфидоро дар шахси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ато бинмуд, ки бо ҷуръату ҷасорат, ҷаҳонбинии навин, дили бузургу меҳрпарвар хидмат ба миллат ва Ватанро рисолати олӣ ва меҳвари фаъолияти дурахшони худ қарор дод.
Президент Эмомалӣ Раҳмон дар навбати аввал бо таҳаммул ва ташхиси саҳеҳи воқеиятҳо дар пайи сафару гуфтушунид бо раҳбарони давлатҳои дахлдор дар қазияи ҷанги кишвари мо шуд, бо гурўҳҳо ва неруҳои мухталиф ва размандаи дохилӣ рў ба рў шуд, музокира кард ва роҳро барои эҷоди сулҳ боз кард. Имрўз ҳамагон бидуни истисно эътироф мекунанд, ки барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар мамлакат аз бузургтарин хидмати Пешвои миллии мост. Хидмате, ки ба шарофати он Истиқлолияти Тоҷикис-тон устувор ва амнияти мардуми кишвар таъмин шудааст.
Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи ҷабрдида ва парешонгаштаи Тоҷикистон барномаи комилан нави сиёсиву иҷтимоӣ –барномаи ваҳдату ягонагӣ, навсозиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ, густариши ҳамкории гуногунҷабҳаи дўстона бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти ҷамъиятӣ, озодии баён, демократикунонии ҷомеа, хулоса, барномаи давлатдории навинро, ки дар кулли ҷаҳон пазируфта ва мавриди эътироф қарор гирифтааст, пешниҳод намуданд.
Асл ва асоси пирўзиҳои таърихии Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои олии миллӣ ва барномарезиҳои дақиқу созандаи ўст, ки бо неруи иродати бузурги ватанхоҳию ватандорӣ дар сатҳи сиёсати давлатӣ барои эҳёи иқтидори маънавии тоҷикон ҳама васила ва заминаҳоро муҳайё сохт. Ҳамин сиёсати қавианосир буд, ки ҷомеаро аз буҳрони амиқи сиёсӣ берун овард, бо татбиқи ислоҳоти конститутсионӣ ва поягузориву такмили ҳокимияти давлатӣ дар саросари кишвар низоми собит ва фазои мусоидро устувор намуд, ки он сарчашмаи ҳамаи бунёдкориҳо, тараққиёт ва сарсабзиҳои кишвари мост. Фаъолият ва корсозиҳои Президент давра ба давра дар пайвастагии мантиқиву амалӣ бо ҳамдигар ва бо ҳадафҳои бузурги миллӣ ба як низоми густурда ва неруманди кишвардорӣ мубаддал гардида, тамоми самтҳои низоми давлатдорӣ ва назми зиндагии мардумро дар созгорӣ бо авзои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба масири пайкарҳои созанда ҳидоят намуд.
Дар ибтидои солҳои навад иқтисодиёти харобгаштаи мамлакат ҳама риштаҳои иртиботи дохилӣ ва беруниро аз даст дода, ниёзманди тадбирҳои оқилона ва таъхирнопазир буд. Қудрат ва иродате лозим буд, ки дар миёни он ҳама печидагии авзои сиёсиву иҷтимоӣ масъалаҳои доѓи рўзмарраи иқтисодиро дар иртибот бо дурнамоҳои он ва консепсияи ҷомеи рушди мамлакат ҳаллу фасл ва мардумро ба роҳандозии он ҳидоят намояд. Эмомалӣ Раҳмон бо ҳусни тадбир, поймардӣ, ташхиси дурнигаронаи ҳадафҳо ба таҳаввулоти бунёдӣ дар сохтори иқтисод ва шуури иқтисодии ҷомеа комёб гардид. Барномаҳои муассиру натиҷабахши ислоҳоти иқтисодӣ ва ташаккули заминаи қонунгузории муносиб ба он ки Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Президент ба камоли кордонӣ татбиқ намудаанд, иқтисодиёти кишварро то ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии савдо вусъату рифъат бахшид ва бо иқтисоди ҷаҳонӣ пайванд дод.
Пайвастан ба низоми ҷаҳонии иқтисод ва бо фазои иттилоотии дунёи имрўза, ба роҳ андохтани муомилоти пурвусъати иқтисодиву фарҳангӣ бо соири кишварҳои рубъи маскун, манзалати ҷаҳонӣ пайдо кардани ёдгориҳои моддиву маънавии таърихӣ ва оину таомули тоҷикон, бахусус, расмияти ҷаҳонӣ пайдо кардани Наврўзи Аҷам, мақоми шоистаи Эмомалӣ Раҳмон дар бузургтарин маҷмаа ва қонунҳои ҷаҳон бо пуштибонӣ аз ҳаққу ҳуқуқ ва манофеи миллати тоҷик ва бо баррасиву пайгирии мушкилаҳои оламшумул аз ҷумлаи ибтикорот ва дастовезҳои бисёр муҳими халқи тоҷик ба раванди ҷаҳонӣ шудан маҳсуб мешаванд. Эҷоди пайвастагӣ бо шеваҳо ва таомулоти пешқадами ҷаҳони муосир, татбиқи имконоти технологияи иттилоотӣ ва фановарӣ, ки дар маърази андешаҳои амиқи Президент ва дар меҳвари тасмимгириҳои сиёсиву иҷтимоии ў қарор доранд, тафаккури ҷомеа, бахусус, тафаккури насли навхезро ба ҷодаҳои наву замонӣ роҳнамоӣ менамояд, ки аз самти дигаре иртиботи кишвари моро бо тамаддуни пешрафтаи башар тақвият мебахшад. Дар густураи назари Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин масъалаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ѓунҷоиш ёфта, дар роҳи ҳаллу фасли онҳо бо таваҷҷуҳ ба имконот ва иқтидори созмонҳои байналмилалӣ тадбирҳо ва барномаҳои судманде аз ҷониби Сарвари тоҷикон таҳия ва манзур шуданд, ки барои аҳолии тамоми сайёра дорои аҳамияти хос мебошанд. Татбиқи барномаи пурвусъати «Об барои ҳаёт», ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари олам ҷараён дорад, аз ҷумлаи чунин ибтикоротест, ки бо сарнавишти имрўза ва ояндаи ҷомеаи башарӣ иртибот мегирад.
Мояи ифтихор аст, ки дар меҳвари сиёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инсон чун гавҳари офариниш бо ҳама орзуву ормонҳо ва кўшишҳояш бар саодати зиндагӣ қарор дорад. Ин сиёсати мутобиқ ба иқтизои табиии инсонҳо ва ормонҳои миллии мардум дар Конститутсияи кишварамон расмияти ҳуқуқӣ пайдо кардааст, ки дар он инсон арзиши олӣ эътироф шудааст. Моҳияти инсонгароёнаи сиёсати Сарвари давлат дар душвортарин лаҳзаҳои оѓози даврони Истиқлолият, ки бар асари ҷанги бародаркуш ҳастӣ ва бақои миллати тоҷик дар маърази хатар қарор гирифта буд, ба тамомӣ ба зуҳур омад. Воқеан, сабабҳои сар задани нобасомониҳо дар остонаи Истиқлолият низ риоят нашудани меъёрҳои фарҳанги зиндагии озодвор аз ҷониби иддае аз ҳамватанони мо, тарҷеҳи майлу хоҳиш ва ѓаразҳои сиёсии гурўҳҳои муайян бар манфиатҳои миллӣ буданд. Дар ин овони худсўзии миллӣ Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди комил ба гароиши азалии мардуми мо ба сулҳу салоҳ ва мусолимату мадоро масъалаи оштиву ваҳдати миллӣ, таъмини якпорчагии Тоҷикистон ва бозгашти муҳоҷирони иҷбории тоҷикро дар меҳвари сиёсат ва фаъолияти густардаи худ қарор дод. Бо шарофати татбиқи пайгиронаи ин сиёсат, ки аз тарроҳи он ҷаҳду ҷадал, пофишорӣ ва ҷонбозиҳоро тақозо кард, Ҷумҳурии тозаистиқлоли мо аз вартаи заволу нобудӣ берун омал, тоҷикон сарҷамъ гаштанд, дар саросари Тоҷикистон сулҳу ризоият пойдор гардид.
Таҷлили ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ, аз қабили ҳазораи «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ, 675-солагии ѓазалсарои бузург Камоли Хуҷандӣ, 700-солагии олим, шоир ва мутафаккири барҷастаи Шарқ Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии китоби муқаддаси Авасто, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 1000-солагии Носири Хусрав, 1025-солагии Абўалӣ ибни Сино, 2700-солагии шаҳри бостонии Кўлоб, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ, 1150-солагии Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Соли бузугдошти забони тоҷикӣ ва 1310-солагии пешвои мазҳабии миллати мо-Имом Абўҳанифа (р), 2700-солагии Кўлоби бостон, 3000-солагии Ҳисори Шодмон ва ѓайра, ки маҳсули ибтикор ва раҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, зуҳуроти раванди пурвусъати бозҷўии асолати миллӣ маҳсуб мешаванд. Таҷлили шукуҳманди ҷашнҳои мазкур дар маърифати ростини таърих, эҳёи анъанаву арзишҳои фарҳанги миллӣ ва бад-ин васила амиқрафти худшиносии милливу таърихии тоҷикон ва ободону маъмур намудани сарзамини муқаддаси моро дар пай дошт.
Густариши раванди худшиносӣ ва худогоҳии таърихӣ дар ҷомеаи тоҷикон заминае барои эҷоди тафаккури навини миллӣ фароҳам овард, ки дар ҷавҳари он эҳсоси амиқи ягонагии сарнавишти миллат ва ваҳдату ягонагии миллӣ чун шоҳсутуни пойдории озодиву истиқлоли ҷомеа ва расидани инсон ба саодати зиндагӣ қарор дорад.
Инсон ва ҷомеае, ки ба ҳадди худшиносӣ ва худогоҳӣ расида, аз манзараи тафаккури навини миллӣ воқеъиятро арзишгузорӣ менамояд, бояд дар ҷодаи шинохти дигарон гом бардорад, бо соири милал дар доду ситади фарҳангиву маънавӣ қарор гирад, бо ҷаҳони муосир ҳамнаво ва ҳамсадо бошад ва дар баробари ин асолати миллии хешро ҳифз ва сарватҳои маънавии онро афзун гардонида тавонад. Ин мабдаъ тақозои фарҳанги ҳамзистӣ ва яке аз рукнҳои муҳими сиёсати Сарвари Тоҷикистон аст. Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, «ҳеҷ як миллат наметавонад бидуни баҳравар шудан аз тамаддуни муштараки миллатҳову қавмҳои ҳамҷавор бо сари худ миллати тавонову бофарҳанг гардад ва дар тўли ҳазорсолаҳо бобақову поянда монда тавонад». Воқеан ҳам, сиришти маънавибунёду фарҳангофарини миллати мо аз оғози таърихи маънавии инсоният ҳамнавои ормонҳо ва арзишҳои бани башар буд ва бо он ҳама сармояи бузургу беназири маънавӣ бо маҳфуз доштани асолати миллии худ ҳар иқдом ва падидаи нофеъ ба инсонро бидуни таваҷҷуҳ ба тааллуқоти он мепазируфт ва таҳти таъсиру нуфуз қарор медод. Ин суннати дерини ҳамзистии тоҷикона имрўз бо шеваи нав дар сиёсати Ҷаноби Олӣ таҷдид ёфта, боиси боз шудани дарҳои пўшида ва марзҳои бастаи Тоҷикистон ба истиқболи дўстони дерин ва шарикони навинаш гардид.
Сиёсат ва корсозиҳои Президенти Тоҷикистон, ки ба таҷрибаи таърихӣ ва андешаи сиёсии миллӣ такя мекунад, далел бар он аст, ки Сарвари Тоҷикистон шеваи зистан дар асри ХХI ё аниқтараш фарҳанги ҳамзистиро дар ҷаҳони муосир вазъ намуда ва роҳи равшанро ба фардои миллат дарёфтааст. Ин роҳ аз худшиносиву худогоҳии таърихии афроди ҷомеа ва эҳёи дастовардҳои маънавии ниёкон ибтидо мегирад. Аз ин ҷост, ки таваҷҷуҳи фарогир ба таърих, маърифати гузашта ва баҳрабардорӣ аз таҷрибаи он як рукни барҷастаи сиёсати Эмомалӣ Раҳмонро фароҳам овардааст. Дар ин сиёсати маънавиасос огоҳии комил аз сарнавишти миллат, таърихи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, маърифати мероси ѓаноманди фарҳангӣ ва расму оинҳои пешгузаштагон, сабақандўзӣ аз комёбиву нокомиҳои ниёгон чун омилҳои муҳимму заминасози худшиносиву худогоҳии инсон ва ҷомеа арзёбӣ гардида ва таъкид шудааст, ки «омўхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хидмат мекунад».
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ дурахшонтарин шахсиятест, ки ин рисолати муқаддаси ормонӣ дар саропои фитраташ бо шукўҳи тамом таҷаллӣ кардааст, нахустин тоҷике аст, ки дар маснади олии роҳбарӣ кишвари моро дар арсаи ҷаҳон интишор дод ва ба раѓми тоҷикситезиҳои дохиливу хориҷӣ бо камоли ҷасорат Тоҷикистонро бо он ҳама сармояҳои бузурги фарҳангӣ ва тавонмандиҳои кунуниаш дар бунёди давлати демократӣ дар саросари дунё аз мақоми арҷманде бархурдор намуд.
Он чӣ ба тариқи мухтасар дар бораи баъзе паҳлуҳои корномаҳои сарнавиштсози Президент Эмомалӣ Раҳмон зикр карда шуд, ба масал қатрае аз баҳри нопайдоканор аст. Аммо ин қатра ҳам дурахше дорад, ки асл ва ҷавҳари шукўҳманди инсонӣ ва сиёсии Президент ва пайкорҳои барозандаи ўро дар бунёди давлатдории миллӣ ва рифъати ҷаҳонии он намоён меоварад.

 

Носирҷон САЛИМӢ,
академик,
ректори Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон
ба номи С.Айнӣ

Апрель 29, 2016 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат