Суруд к-аз дил барояд, лоҷарам бар дил нишинад

Апрель 28, 2016 09:20

Душанбе, 28.04.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Матни  асил ва мусиқии касбӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи шунаванда ва мухлис қарор мегирад.  Ҳангоми  ҳифозати ҳамаи унсурҳои мусиқӣ  он мусиқӣ абадӣ боқӣ хоҳад монд. Аммо, мутаассифона, солҳои охир дар Тоҷикистон  сарояндагони зиёд рӯи саҳна омада, бо шеърҳои беқофияву бемантиқ ва оҳангҳои сабуку бегона суруд хонда, ба мафкураи ҷавонону наврасон таъсири манфӣ мерасонанд. Чунин ҳолат имрӯз тамоми ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо ба ин масъала ишора кардаанд. Ҳатто супориш шуда буд, ки дар нақлиёту ҷойҳои ҷамъиятӣ чунин суруду оҳангҳо пахш нашаванд. Аммо, мутаассифона, ин иқдом низ сафи сарояндагони «худрӯй»-ро, ки худ оҳангу шеър  эҷод мекунанду  худашон месароянд, кам накард. Баръакс, имрӯз ҳатто аз тариқи телевизиону радиоҳои давлативу ғайридавлатӣ чунин сурудҳоро  пахш мекунанд, вале ин гуна сурудҳо, ба қавле «якрӯза»-анд ва бо пайдо шудани суруди нав на танҳо аз радиову телевизион, балки аз хотираи шунавандагон  низ зудуда мешаванд.

Баъзе суруду оҳангҳо хеле сабуку содалавҳонаанд ва аз ҳамин сабаб умри тӯлонӣ намебинанд. Ин гуна сурудҳо дар дили мардум ҷой намегиранд. Сабаби ин ҳолро оҳангсози шинохтаи тоҷик, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон  Қудратулло Яҳёзода аз  набудани гардишҳои дилчасп дар оҳангҳо медонад.

Баъзе оҳангҳо имрӯз чун пуфак умри тӯлонӣ надоранд

«Баъзе оҳангу сурудҳои имрӯза ба талабот ҷавобгӯй нестанд, онҳо чун пуфак тез нобуд мешаванд. Сабки бастакорони касбӣ мураккаб буда, ҳар кас наметавонад бо чунин сабк оҳанг эҷод кунад ва суруд хонад. Сарояндагони мо сурудҳои сабук мехонанду барои пурра кардани овозашон аз компютер истифода менамоянд»,-гуфт Қудратулло Яҳёзода.

Номбурда  мегӯяд, ки бархе аз сарояндагони имрӯза дар муқоиса бо Одина Ҳошим, Зафар Нозимов, Боймуҳаммад Ниёзов, Нуқра Раҳматова, Муқаддас Набиева, Ҷӯрабек Муродов ва дигарон фосилаи овозии хурд доранд. Сарояндагони имрӯза аз тариқи  таҷҳизоти компютерӣ овозҳои ноҷӯри худро ҷӯр  ва фосилаи хурдашонро васеъ карда,  овози худро гӯё касбӣ мекунанд ва  сурудҳояшонро бо фонограмма мехонанд.  Ин сабаби он гаштааст, ки баъзе сарояндагон овозашонро такмил намедиҳанд  ва роҳи осонро меҷӯянд. Ба қавле, мутахассисони техникӣ ба сарояндагон  «хизмати хирсона» мекунанд.

Бале, имрӯз таҷҳизоти компютерӣ кори сарояндагону оҳангсозони ғайрикасбиро хеле осон кардааст. Имрӯз аз тариқи барномаҳои махсуси компютерӣ ҳар нафаре, ки шунавоии мусиқӣ дорад, метавонад оҳанг эҷод кунаду овозашро ба таври  касбӣ сабт намояд. Вале чунин нафарон бе фонограмма ва ба таври зинда сароида наметавонанд. Оҳангҳои аз тариқи компютер эҷодшуда оҳанги миллии мо яъне овози дутор, доира, рубоб, ғижжак ва ғайраро дода наметавонанд. Аз ҳамин сабаб баъзе оҳангҳои имрӯза сирф хориҷӣ гашта, ягон нотаи миллиро инъикос намекунанд.

Раиси Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон Қудратулло Ҳикматов сабаби инро  ба фаъолият накардани  як гурӯҳ ҳунармандони ба ном «сароянда» дар дастаҳои ҳунарӣ вобаста медонад.

«Чунин нафарон  бо мақсади тарғибу ташвиқи худ  аз матну оҳангҳои пастсифату кӯчагии худашон бофта  истифода менамоянд. Онҳо дар назди худ   ба ном «бастакорон»-еро  пайдо намудаанд, ки  аз рӯи шунавоӣ оҳангҳои афғониву эронӣ ва арабиро гирифта, оҳангҳои нав месозанд»,-илова намуд Қудратулло Ҳикматов.

Ба гуфтаи раиси Иттифоқи бастакорони тоҷик, чунин «эҷодкорон» саводи мусиқӣ надошта,  бо дониши композиторӣ  неву бо ҳавову ҳавас ва завқи паст  оҳанг эҷод мекунанд. Сарояндагони тоҷик аз чунин одамон оҳангро харида, ба он суруд мебанданд ва  пешкаши мардум мегардонанд. Ин ҳолат сабаб шудааст, ки  ҷомеа ва хусусан як гурӯҳ наврасону ҷавонон аз мусиқиву шеъри баланд дур мондаанд.

«Оҳангҳои баландмазмунро бояд бастакорони касбӣ эҷод кунанд. Баъзе сарояндагони имрӯза чӣ будани нотаву диапазонро намедонанд. Солҳои  пеш сарояндагон аз оҳангҳои бастакорон истифода менамуданд ва  аз ҳамин  сабаб  сурудҳои онҳо то имрӯз зинда боқӣ мондаанд. Сарояндагони ҷавоне, ки дар ягон дастаи ҳунарӣ фаъолият намекунанд ва қадамҳои аввалини худро дар ҷодаи ҳунар ниҳода истодаанд,  бояд бо Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги ҶТ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд»,-афзуд Қ.Ҳикматов.

Чаро ҷавононро узви Иттифоқи композиторони тоҷик намекунанд?

Ҷаъфар Ҷалол, як сарояндаи ҷавони тоҷик, ки бо оҳангҳои ватандӯстонааш ном баровардааст, мегӯяд, ки ҳарчанд вай ба эҷоди оҳанг машғул бошад ҳам, вале  аъзои Иттифоқи бастакорон нест.  Ба гуфтаи Ҷаъфар, аслан мутасаддиёни ин Иттифоқ намехоҳанд оҳангсозони ҷавонро ба  узвият пазиранд.

«Ба андешаи  ман, онҳо бояд худашон ҷавононро ҷалб кунанд, то онҳо ба Иттифоқ аъзо шаванд. Ман худ Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро   хатм кардаам ва ҳастанд дигар ҷавононе, ки дар мактабҳои мусиқӣ таҳсил мекунанд ва мехоҳанд бо Иттифоқи бастакорон ҳамкорӣ кунанд ва ё узви он шаванд, зеро ин барои мо, ҷавонон як имконияти хуб барои расидан ба қуллаҳои баланди ҳунарӣ мебошад,  вале онҳо, мутаассифона, инро намехоҳанд», — иброз намуд сарояндаи ҷавон.

Дар мавриди аъзо накардани  ҷавонон ба Иттифоқи бастакорон оҳангсози шинохтаи тоҷик Қудратулло Яҳёзода мегӯяд, ки барои   касби оҳангозиро аз худ кардан, бояд аз мактаби оҳангсозӣ гузашт. «Бо эҷоди ду -се оҳанг наметавон композитор шуд. Композитор дар тамоми жанр: вокал, опера, эстрада ва ғайра бояд асар эҷод карда тавонад.  Ана ҳамин гуна ҷавононро бояд дастгирӣ кард, то онҳо ҳунарашонро сайқал диҳанд. Эҷодиёти чунин нафарон бояд муҳокима шавад,  эҷоди оҳангҳои сабук ва такрори оҳанги дигарон онҳоро композитор намекунад»,-зикр дошт бастакори шинохта.

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев  бо гуфтаҳои ин бастакори тоҷик розӣ аст. «Дар Иттифоқи бастакорон бояд касоне фаъолият кунанд, ки дар  қатори оҳангҳои ватандӯстонаву сулҳпарварона мусиқии симфонӣ, классикӣ, оратория,  опера ва  балет  эҷод карда тавонанд. Бастакорон бояд чун  Зиёдулло Шаҳидӣ, ва Шарофиддин Сайфиддинов оҳанг эҷод карда тавонанд,  он гоҳ онҳоро метавон бастакор номид. Ин бастакорон ҳам асарҳои калон ва ҳам оҳангҳои хурди эстрадӣ эҷод мекарданд ва дар ҳамаи оҳангҳояшон унсурҳои миллии тоҷикӣ шунида мешуд. Бастакорони номдори мо  Фаттоҳ Одина, Ҷӯрабой Охунов Миратулло Атоев оҳангҳое эҷод карда буданд, ки то имрӯз зиндаанд ва зери ин оҳангҳо чанд насли ҷавон тарбия гирифта ва боз чанд насли дигар тарбия хоҳад ёфт. Барои бастакор шудан бояд шахс замина ва малакаю лаёқат дошта бошад. Бастакори асил аз боғча бояд тарбияи мусиқӣ гирифта, то номи «бастакор»-ро  касб кардан қариб 10 мактаби гуногуни мусиқиро гузарад. Пас аз ин  вай метавонад асарҳои сатҳи ҷаҳонӣ эҷод кунад. Имрӯз сарояндагони шинохта, чун  Саидқул Билолов, Давлатманд Холов ва Ҷӯрабек Муродов худ оҳанг эҷод мекунанд ва он оҳангҳо ба дили мардум роҳ меёбанд,  ҳарчанд онҳо узви Иттифоқи бастакорон  нестанд»,-мегӯяд С.Нуруллоев.

Суруду мусиқӣ яке аз воситаи муҳими тарбияи зебоишиносии  мардум буда, одамонро бояд ба меҳнат, мубориза ва корнамоиҳои бузург раҳнамоӣ кунад. Беҳтарин суруду оҳангҳои бархе аз бастакорону сарояндагони касбии мо намунаи барҷастаи таснифотест, ки дар онҳо рӯҳи қаҳрамонӣ, ватанпарварию сулҳофарӣ ва садоқат бо обуранг, тобиш, ифодаҳои баланди мусиқӣ инъикос ёфтаанд.

Чаро сарояндагони ҷавон бо бастакорони касбӣ ҳамкорӣ намекунанд?

Ба соҳибистиқлолии Тоҷикистон имсол 25 пур шудаву дар ин давра қариб ҳамаи соҳаҳои кишвар рушд доранд. Соҳаи  фарҳанги тоҷик низ дар дарёфти ҳунармандони ҷавону болаёқат бояд комёб гардад. Барои ин лозим аст, ки сарояндагону композиторон аз як гиребон сар бароварда, якҷоя сари ин мушкилӣ кор кунанд.

Ҷаъфар Ҷалол, сарояндаи тоҷик мегӯяд, ки имрӯз барои сарояндагон харидани оҳанги касбӣ аз сабаби гарон будан мушкилӣ ба бор меорад.
«Дигар тарафи ин мушкилӣ дар он аст, ки композиторони мо аслан барои оркестрҳои симфониву Театри опера ва балет асарҳои калонҳаҷм эҷод мекунанд»,-баён  дошт сароянда.

Бастакори шинохта Қудратулло Яҳёзода, ки барои сарояндагони шинохтаи кишвар, чун Кароматуллои Қурбон, Муқаддас Набиева, Ширинмоҳ Ниҳолова ва дигарон оҳанг эҷод карда, он сурудҳоро абадӣ кардааст, мегӯяд, ки вай наметавонад барои аксари ҷавонони имрӯза оҳанг эҷод кунад, зеро оҳангҳои эҷодкардаи вай  кашишу гардишҳои мураккаб  доранд ва ҷавононе, ки муроҷат мекунанд, аз уҳдаи иҷрои онҳо намебароянд.

«Оҳангҳои эҷодкардаи маро бархе аз ҳунармандон сароида наметавонанд. Ҳоло ман барои кӯдакон эҷод карда истодаам, зеро онҳо аз сохтакорӣ дуранд ва  табиӣ суруд мехонанд. Ман розӣ ҳастам барои сарояндагони асилу касбӣ, агар онҳо хоҳиш кунанд,   чун Нуқра Раҳматова, Мастона Эргашева ва дигарон оҳанг эҷод кунам»,- зикр намуд Қ. Яҳёев.

Барои эҷоди оҳанги асил вақт лозим аст

Раиси Иттифоқи бастакорон Қ.Ҳикматов дар мавриди ҳамкории оҳангсозони ҷавон бо Иттифоқ мегӯяд: «Намедонам аз чӣ бошад, ки ҷавонон бо мо ҳамкорӣ кардан намехоҳанд.  Ба онҳо осонтар  аст, ки ҳамон оҳангҳои дар студияҳои хусусӣ аз рӯи «завқу шавқ» эҷодкардаашонро пешкаши шунавандагон кунанд.  Мо ҷонибдори кам кардани сарояндагони худрӯе ҳастем, ки оҳангу шеъри асил эҷод намекунанд ва дар ин самт кор ҳам карда истодаем. Барои мусиқии хуб эҷод кардан вақт лозим аст ва  бояд заҳмати зиёд кашид».

Вале бархе аз сарояндагон бар ин ақидаанд, ки бастакорони  имрӯза дар 2-3 сол як ё ду асар эҷод карда,  бо он қонеъ мегарданд. Бо ҳамин гӯё бастакори асил шудаанду дигар бояд кореро анҷом надиҳанд.

Ҷаъфари  Ҷалол мегӯяд, ки имрӯз иддае аз  сарояндагони ҷавон оҳангҳои афғониву эрониро гирифта, моли худ кардаанд. Вале ҳастанд оҳангсозоне, ки оҳангҳои олӣ эҷод мекунанд ва ҳангоми пешниҳоди оҳанг ба бастакорони касбӣ онҳо он асарро куллан бо диди худ тағйир медиҳанд.

«Оҳангсозони касбии мо наметавонанд  оҳангҳои барои сарояндагон мақбул  эҷод кунанд. Шояд сабаб он бошад, ки бештари оҳангсозони мо дар мактабҳои мусиқии Русия таҳсил кардаанд ва услуби нигоҳашон русист,  на тоҷикӣ. Мо бояд бештар  оҳанги миллиамонро тарғибу ташвиқ кунем»,- афзуд сароянда.

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев мегӯяд, ки забони тоҷикӣ худ забони шеъру суруд аст ва сарояндаи касбӣ метавонад аз он хуб истифода намояд.

«Вале афсӯс, ки имрӯз сурудҳои баъзе сарояндагон қофияву маъно як тараф истад, ҳатто намефаҳмӣ,  ки бо кадом забон сароида шудаанд.   Ҳар як давлату миллатро  аз рӯи фарҳанг, шеъру шоир ва варзишгаронаш мешиносанд. Имрӯз   суруду оҳангҳои ватандӯстонаву сулҳпарварона эҷод мешаванд, вале, мутаассифона, суруду оҳангҳое, ки дар дили шунаванда эҳсоси воқеии ватандӯстӣ ва ғурури миллиро бедор кунанд, каманд. Устодони Консерваторияи миллӣ бояд ба ин масъала аҳамияти  ҷиддӣ диҳанд, то ҳар суруду оҳанг  сатҳу савияи баланд дошта бошад»,- илова намуд С.Нуруллоев.

Санъаткоре, ки бо савту сози худ ба халқ муроҷиат менамояд, агар сурудро ғалат ва бе эҳсос ифода кунад, нисбат ба шунаванда беҳурматӣ мекунад. Гурӯҳе аз сарояндагони мо ба маънии сухан сарфаҳм нарафта, мавзуниву бадеияти шеърро коста, мавзунии оҳангро аз байн мебаранд.

Ба андешаи раиси Иттифоқи бастакорони тоҷик Қ.Ҳикматов бархе аз сарояндагон оҳангу сурудро чун мол тиҷорат кардаанд.  Мусиқии касбии сатҳи баланд эҳтиёҷ ба ташвиқу тарғиб надорад.

Барои ба танзим даровардани мусиқиву сурудҳо Иттифоқи бастакорон   пешниҳод дорад,   ки як гурӯҳи коршиносони  босалоҳият аз ҳисоби кормандони Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони ҶТ, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ ташкил карда шавад.

Аз сарояндагони «ғайрикасбӣ» бояд ҷарима ситонд

«Ҳамаи сарояндагон бояд пеш аз сабт сурудҳояшонро ба оҳангсозону  шоирони касбӣ  нишон диҳанд ва пас аз тавсия  ин суруд он дар телевизиону радио пахш гашта, дар фиттаҳо сабт шавад.  Фикр мекунам, пас аз ин амал   шумораи сурудҳои кӯчагӣ кам мешавад.  Барои ҷиддияти кор аз нафароне, ки саркашӣ мекунанд,  бояд ҷарима ситонд»,-чунин мешуморад Қудратулло Ҳикматов.

Ҳунармандони маъруфи кишвар мегӯянд, ки пештар барои дар телевизион ва радио пахш шудани сурудҳояшон онҳо моҳҳо сари он кор мекарданд. Мусиқишиносону мутасаддиёни бахши мусиқӣ сурудро борҳо аз назар мегузарониданду пас аз он суруд пахш мешуд. Яъне, то пахши суруд сароянда заҳматҳои зиёд мекашид.  Имрӯз ҳар як сароянда метавонад суруди сабткардаашро бе ягон мамониат  аз тариқи телевизиону радио пахш кунад ва ё дар дӯконҳои фиттафурӯшӣ пешкаши мардум намояд.

Суруду  оҳангҳои имрӯза самимӣ нестанд

Барои беҳдошти сатҳи бадеии чорабиниҳои мусиқӣ, ки дар ҷумҳурӣ доир мегарданд, хуб мешуд, ки мазмуну мундариҷаи онҳо аз лиҳози касбӣ-  эстетикӣ бо мутахассисони Иттифоқи бастакорон  мувофиқа карда шаванд. Дар ин сурат сурудҳои бемафҳуму оҳангҳои номатлуб тарғибу ташвиқ нахоҳанд шуд.

Ҳар як калима, ҳатто ҳар як ҳиҷо оҳанги хосе дорад. Агар сароянда ба мизон, оҳанг, ғоя, мазмуни шеър сарфаҳм рафта, онро сарояд, бешубҳа, он ба шунаванда таъсири амиқ мерасонад.

Баъзе суруду оҳангҳои имрӯза самимӣ нестанд ва аз ҳамин лиҳоз ба дили мардум роҳ намеёбанд. Ҷ.Ҷалол, сарояндаи ҷавон мегӯяд, ки эҷоди оҳангу сурудҳои ватандӯстонаю сулҳпарварона ва сароидани он  кори хеле мушкил аст: «Барои ин бояд тарбияи олӣ дошта бошӣ, суруде, ки пешкаши мардум мекунӣ, бояд самимӣ ва аз қалб  сароида  шавад. Сароянда бояд аввал худаш сурудашро дарк кунад, аз он ҳаловат барад, тарбия гирад ва сипас  онро ба шунаванда пешкаш намояд».

Воқеан ҳам, чуноне мегӯянд, «суруд к-аз дил барояд, лоҷарам бар дил нишинад». Ба қавли Низомии Ганҷавӣ, суруд бояд дар дили санг оташ афканад.

Дар Тоҷикистон чанд бастакор фаъолият мекунанд?

Бино ба иттилои раиси Иттифоқи бастакорон Қ.Ҳикматов, Иттифоқ имрӯз 57 нафар аъзои фаъол дорад.

Содиқ Нуруллоев мегӯяд, ки  ҳарчанд дар иттифоқ 50-60 бастакор фаъолият кунанд ҳам, вале мо онҳоро намешиносем, аксари онҳо ба ном бастакоранду халос.

«Дар Иттифоқи бастакорони мо  имрӯз ба ном «бастакорон»  зиёданд, вале онҳо бастакорони  асил нестанд. Чунин эҷодкоронро метавон  танҳо «оҳангсоз» (мелодист) номид. Аз ҷавонон ман метавонам танҳо Ҷ.Халиловро  ном гирам, ки бо  асарҳояш дар дохил ва  берун аз Тоҷикистон шуҳрат пайдо кардааст. Дигар ягон бастакори ҷавонро намешиносам»,- афзуд С.Нуруллоев.

Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 -солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳар як фарди ватандӯст мехоҳад, ки дар ин рӯзҳо суруду оҳангҳои ватандӯстонаву сулҳпарваронаро бештар  шунавад, зеро оҳангу суруди асил  дар муборизаю меҳнат кумакрасони халқ гардида, дар тарбияи мардум дар рӯҳияи мардонагӣ, матонат, олиҳимматӣ, муҳаббат ба Ватан нақши босазо мегузоранд. Ҳарчанд чунин оҳангу сурудҳо имрӯз  ангуштшуморанд, мо бояд аз эҷодиёти нобиғаҳои гузаштаамон истифода намоем. Аз пахши суруду оҳангҳои сабуку кӯчагӣ беҳтар мебуд даст кашем ва аз  суруду оҳангҳои Зиёдулло Шаҳидӣ, Зафар Нозимов,  Одина Ҳошимов, Аҳмад Бобоқулов, Ҷӯрабек Муродов ва дигарон истифода намоем, шояд ин иқдом сарояндагони ҷавонро водор созад, ки ба эҷоди суруду оҳангҳои асил даст зананд.

 

Лайло Қосимова

Апрель 28, 2016 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад