Тағйироти кадрӣ дар мақомоти судӣ

Апрель 18, 2016 18:38

Душанбе, 18.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Садирзода Нусратулло Абдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси суди шаҳри Душанбе озод карда шуд.

Гиёзода Исмон Қурбон раиси суди шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод карда шуд.

Саидзода Гулбону Исуф раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Душанбе озод карда шуд.

Ваколати раиси суди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Саидраим Абдураҳим бинобар вафоташ қатъ карда шуд.

Раҳмонзода Саидалӣ Сабзалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифи раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе озод карда шуд.

Аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар робита ба тағйироти кадрӣ дар мақомоти судӣ оид ба бозхонд ва интихоб ба вазифаҳои муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси коллегияи Ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Ҳамчунин бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зикриё ва Давлатзода Садриддин Хол муовинони Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

 

Апрель 18, 2016 18:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад