Тоҷикистон дар Бозиҳои ҷаҳонии наврасон соҳиби ҷои дуюм гардид

Апрель 30, 2016 12:01

Душанбе, 30.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Футболбозони навраси Тоҷикистон дар Бозиҳои дувуми ҷаҳонии ҳамватанони наврас дар Сочи ҷойи дувумро соҳиб шуданд.
Ин мусобиқа аз 24 то 29 –уми апрел баргузор шуд, ки дар он  беш аз 600 варзишгари наврас аз 46 кишвар иштирок кард.
Ба барномаи бозиҳо шаш намуди варзиш дохил буд: футболи хурд, волейбол, шиноварӣ, шоҳмот, теннис рӯи миз ва стрит-бол ё баскетболи 3х3.
Варзишгарони навраси Тоҷикистон дар намудҳои футболи хурд ва баскетболи 3х3  ширкат карданд.
Дар натиҷа дастаи Тоҷикистон дар рақобатҳои  футболи хурд дар гурӯҳи «А» бар дастаҳои  Туркманистон бо ҳисоби 10:1, Олмон — 8:0 ва Осетияи Ҷанубӣ — 6:1 пирӯз шуда, бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард ва ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Футболбозони навраси тоҷик дар чорякфинал бар дастаи Канада бо ҳисоби 11:3 ғолиб омаданд. Баъдан дар даври нимниҳоӣ мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, ба финал баромаданд. Дар бозии ниҳоӣ футболбозони мо аз дастаи мизбон,- Русия- бо ҳисоби 1:2 мағлуб гаштанд ва зинаи дуввуми ифтихориро ба даст оварда, бо медалҳои нуқра сарфароз гардиданд
Дастаро мураббӣ Насим Набиев ба ин бозиҳо омода кардааст. Ба ҳайати даста Гурез Холов (дарвозабон), Ислом Зоиров, Эмомалӣ Аҳмадхон (капитан), Шӯҳрат Элмуродов, Азизбек Ҳасанов ва Ҳасанҷон Латипов шомил буданд.

Аз рӯи натиҷаи бозиҳо дастаҳо ба чунин тартиб ҷой гирифтанд:

Ҷойи 1-ум— Русия
Ҷойи 2-юм — Тоҷикистон
Ҷойи 3-юм — Қирғизистон
Ҷойи 4-ум — Туркманистон
Ҷойи 5-ум — Украина
Ҷойи 6-м — Юнон
Ҷойи 7-ум — Канада
Ҷойи 8-ум — ИМА
Ҷойи 9-ум —Осетияи Ҷанубӣ
Ҷойи 10-ум — Ирландия
Ҷойи 11-ум — Латвия
Ҷойи 12-ум — Литва
Ҷойи 13-ум — Олмон
Ҷойи 14-ум — Қазоқистон
Ҷойи 15-ум — Беларус
Ҷойи 16-ум — Туркия
Ҷойи 17-ум — Люксембург

Дастаи Тоҷикистон оид ба баскетболи 3х3  дар Бозиҳои дувуми ҷаҳонии ҳамватанони наврас дар Сочи ҷойи панҷумро соҳиб шуд.

Апрель 30, 2016 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд
Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби ду медал гардид
Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба кураш дар Эрон се медали биринҷӣ ба даст оварданд