Ваҳдат ба ҳам васл кардани дилҳост

Апрель 15, 2016 11:32

Хоруғ, 15.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имсол 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ботантана таҷлил мегардад. Дар робита ба ин ҷашни ваҳдатсоз хабарнигори АМИТ «Ховар» бо декани факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ Зевари Абдураҳмон  ҳамсуҳбат гардид, ки фишурдаи он пешкашатон мегардад:

«Ховар»: Агар миллат ба вахдат намерасид, пас вазъи кишвар чӣ мешуд?

З. Абдураҳмон: Ин суолро  беҳтар аст аз бародарони афғони мо бипурсед. Наздик ба 40 сол аст, ки дар ин сарзамин ҷангу асту нооромию нохушӣ. Ҳамарӯза каму беш 30-40 нафар бо шумули занону кӯдакон ҷони худро аз даст медиҳанд. Акнун ин рақамро ба як моҳ ва ё як сол зарб занед, чӣ қадар мешавад. Бештар аз 100 нафар. Кушташудагонро аз ҷониби гурӯҳи муқобил бо номи Толибону ба ном «Давлати исломӣ» агар илова кунем, шояд ин рақам аз 300 нафар дар як моҳ  убур кунад. Даҳҳо нафар ба хотири гурез аз ҷанг ба кишварҳои аврупоӣ фирор карданду чандин нафарашон дар баҳр нопадид шуданд. Ҳамин аст  оқибати даҳшати ҷанг. Агар хиради азалии тоҷикон боло намегирифт ва заҳматҳову ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон намебуд,  айнан мо ҳам бо ҳамин сарнавишти мардуми кишвари ҳамсоя  рӯ ба рӯ мешудем. Мо ин давраро бо кумаки сиёсати хеле мӯшикофона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон пушти сар гузоштем. Миллат аз парешонию парокандагӣ раҳоӣ ёфт. Ватан осудаву обод гардид. Дур намеравем, ба атрофи шаҳри Хоруғ назар андозем ва онро муқоиса кунем бо 25 соли пеш. Фарқ аз замин то осмон аст.

Агар дар хотир дошта бошед, замони шӯравӣ чандин сол кӯшиш карданд, ки  роҳи алтернативӣ ба воситаи Кӯлоб- Дарвоз ба самти шаҳри Хоруғ бисозанд, аммо бо ҳар баҳона онро ба таъхир мегузоштанд.  Сиёсат ҳамин хел буд. Намехостанд то манотиқи мухталифи кишвар бо ҳам рафтуомади бештар дошта бошанд.  Бо чӣ азоби алим мардуми мо худро ба зодгоҳ мерасонданд. Борҳо мушоҳида кардем, ки дар фасли зимистон ҷанозаро ба воситаи шаҳри Самарқанди Узбекистон ва  Ӯши Қирғизистон  бо чӣ азоби алим ба зодгоҳ меовардем. Дар панҷ моҳ роҳи заминӣ вуҷуд надошт.

Ҳоло сарфи назар аз фасли сол дар давоми ҳамагӣ 10-12 соат аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хоруғ мерасӣ. Ё дар замони шӯравӣ иддао доштанд, ки дар  шароити кӯҳистон бунёди манзилҳои нӯҳтабақа ғайриимкон аст, аммо ҳукумати кишвар, ба вижа Сарвари давлат ин иддаоро ботил баровард ва ба бунёди биноҳои нӯҳошёна дастур дод. Баъди ду моҳ мо шоҳиди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин биноҳои хуштарҳу замонавӣ мегардем. Дар зарфи ҳамагӣ ду сол барои маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон шаҳрчаи замонавӣ бо инфрасохтори зарурӣ бунёд шуд. Дар ҳоле, ки бештар аз 70 соли шӯравӣ ин ноҳия марказ надошт ва мардум ба хотири гирифтани ягон ҳуҷҷат ё санад овораву сарсон буданд. Ҳоло тамоми идораву муассисаҳо дар канори ҳам қарор гирифтаанд ва дар фурсати кутоҳ метавон  масъалаи худро ҳал кард.

«Ховар»: Дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ чӣ андеша доред?

З. Абдураҳмон: Медонед, ин як раванди табиии олами муосир аст ва онро олимон чандин сол қабл  пешгӯӣ карда буданд. Ба назари коршиносони масоили муҳоҷират то солҳои ду ҳазору панҷоҳ бештар аз 40 миллион сокинони  сайёра макони зисти худро бо сабабҳои гуногун тарк мекунанд. Ва ин раванди доимӣ нест. Он ҳатман тағйир меёбад. Гурӯҳе боз бармегарданд, гурӯҳи дигар азми ҳиҷрат мекунанд Аммо муҳим ин аст, ки онҳо ватан доранд ва барои ободии он кӯшиш менамоянд, чӣ ин ҷо бошанд ва чӣ хориҷ аз кишвар, зеро ҳар қадар зиндагии олиро дар давлати бегона ба сар набаранд, бояд ҳамеша бо ёди ватан бошанд. Ба қавле охирин истгоҳ ё такягоҳ ин ватан аст.

«Ховар»:  Имсол ҷашни ҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ дар маркази вилоят- шаҳри Хоруғ баргузор мегардад. Дар бораи барномаҳои ҷашние, ки бахшида ин ид  мегузаранд, чӣ фикр доред?

З. Абдураҳмон:  Ба наздикӣ барномаи наврӯзии сокинони вилояти Суғдро,  кибо ширкати Президенти кишвар дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, аз тариқи шабакаи аввал тамошо кардам. Хеле ҷолибу рангину бомаънӣ буд. Орзу доштам, ки онро аз наздик бубинам. Дирӯз аз як дӯстам шунидам, ки охири моҳи апрел ин барномаро дар шаҳри Хоруғ ба намоиш мегузоранд, хеле шод шудам. Ҳамчунин сафари дастаи «Истиқлол» ба шаҳри Хоруғ барои мухлисон ва умуман хурду бузург ҷолиб аст. Аз як сӯ он ба рушди футбол мусоидат мекунад, аз сӯи дигар варзишгарони кишварро боз ҳам ба якдигар наздиктар месозад.

Сафари ҳамкасбони шумо, яъне хабарнигорони кишвар ба хотири ширкат дар конфронси «Нақши ВАО дар таҳкими сулҳу ваҳдат» низ яке аз дигар барномаҳои хотирмони ин ҷашн хоҳад буд. Умедворам, ки хамкасбони шумо аз ин сафар бо хотироти ширину гуворо ба коргоҳи худ бармегарданд. Ваҳдат аслан ба ҳам васл кардани дилҳост.

-Ташаккур барои суҳбат

 

Мусоҳиб Файз Мирҳасан

 

Апрель 15, 2016 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад