Вакили МН моҳияти баргузории раъйпурсиро тавзеҳ дод

Апрель 28, 2016 17:00

Душанбе, 28.04.2016/АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи мулоқоти вакилони палатаи поёнии Парлумони  Тоҷикистон бо интихобкунандагон дар минтақаҳои кишвар Бахтовар Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагон бо сокинони ҷамоати деҳоти «Киров»-и ноҳияи Вахш мулоқот намуд. Мавсуф роҷеъ ба моҳияти пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22-майи соли равон баргузор мегардад,  маълумоти мукаммал дод.
Таъкид гардид, ки самти асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба рушди устувори ҷомеа, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум нигаронида шудааст. То ҷое мусаллам аст, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуда буданд, ки : «Мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат  шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул  ва амалӣ карда мешаванд».
Дар мулоқот бо сокинони ҷамоати «Киров»-и ноҳияи Вахш вакили палатаи поёнии Парлумони мамлакат зикр сохт, ки тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи кишвар воридшаванда ҷиҳати мусоидат ва амалӣ намудани ҳадафҳои  пешгирифтаи созандаи  роҳбарияти олии кишвар мусоидат  менамоянд.

Апрель 28, 2016 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт