Зиракии сиёсӣ аз дарки дурусти ҳодисаҳо ҳосил мешавад

Апрель 22, 2016 17:21

Душанбе, 22.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бояд иқрор шуд, ки вобаста ба мубориза бар зидди терроризму экстремизм ҳар нафаре онро аз равзанаҳои гуногун шарҳу тавзеҳ медиҳад ва дар шинохти аслии он то ҳанўз аҳли башар хулосаи дақиқу амиқи худро ҳосил накардааст. Терроризму экстремизмро дарди мазҳабӣ ва василаи муборизаву қасоси пайравони як дину эътиқод медонанд, чун бархӯрди фарҳанги насрониву исломӣ баҳогузорӣ карда мешавад ва ин гуна нисбатдиҳиҳо давомдор буда, дар маҷмӯъ ба Ислом робита доштани онро бештар таъкид менамоянд. Албатта, Исломро дар ин ҷода гунаҳкор намудан ҳеҷ гоҳ ҳукми саҳеҳ набуд ва нест. Таълимоти аслии ин дини гуманистиро идеологҳои ғарбӣ аз мусалмонон бештар дарк намудаанд. Ҷомеаҳои ба қавле пешрафтаву фаъол ин нисбатдиҳиҳоро чун омили муттаҳамсоз бар зидди ҷомеаи мусалмонон истифода мебаранд.
Ҳеҷ гоҳ ин фикр рад нест, ки экстремизму терроризм ин маразу заҳрест(вирус), ки хостагорони паҳнкунанда доранд. Ин заҳр ҷомеаҳои алоҳидаро фарогир аст ва ба як навъ муборизаи сиёсии гурўҳҳои хос табдил ёфтааст. Паҳлўи дарднок он аст, ки гирифторони ин мараз мусалмонҳоеанд, ки иродаи заиф доранд ва дар ғафлат афтодаанд. Нахустин ғафлати онҳо ин аз таълимоти Исломи асл дур будани онҳост. Кас худро мусалмон меномад, зоҳиран рафтори мусалмонро дорад, аммо ботинан дар ин эътиқоди худ ноустувор аст, ки ин ҳам ноогаҳии ўст. Худро ба ҳар дар мезанад, таҳаммулпазириву эҳтироми атрофу акнофро, ки асоси таълимоти ин дин аст, дарк наменамояд. Ў ҳатто он фиреби маҳзро эҳсос наменамояд, ки шиканҷаву бадбахтӣ овардан ба як фарде ҳеҷ гоҳ дарёфти «роҳи биҳишти ваъдакарда»-и хоҷааш нест. Дар ягон кунҷи олами беканори Қуръону аҳодис наомадааст, ки даҳшатафканӣ ва разолату ваҳшоният ризои Худост. Дар асри бархӯрди афкор дар ин самт беш аз ҳама холигаҳи афкор мусоидат менамояд, ки дар ин асос афроди ҷудогона гумроҳ мегарданд. Зиёд гаштани ҷараёнҳои мазҳабӣ ба ин омил вобастагии зич доранд. Паст гардонидани шиддати ҷараёнҳои мазҳабӣ дар ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистон мувофиқи мақсад ва кафолати суботу оромии ҷомеа, бақои имону эътиқоди мост.

Терроризми дар домани Ғарб печида!?.
Ҷои тааҷҷуб ва тамасхур нест, ки баъзан дар кишварҳои алоҳидаи Аврупо ва ҳатто демократитарин кишвари ҷаҳон – ИМА як занги телефонии нафари номаълум, ки таҳдиди тарконидани ҷои сериздиҳомеро менамояд, тамоми сокинони ин кишварро ба ларзаву даҳшат меорад. Дар фурудгоҳ, дар метро, дар марказҳои савдо, дар ҷойҳои сериздиҳоми ин ҷомеаҳо аз дидани нафари зоҳири шарқидошта меҳаросанд.
Дар воқеаҳои террористии ба наздикӣ дар Брюссели ба қавле «тақдирсози ҷомеаи башарӣ» рухдода дараҷаи чоруми хатар эълон гардид ва тамоми нақлиёту роҳҳо баста, фурудгоҳу корхонаҳо аз кор монда ва мардум чанд рўз ба кўча набаромаданд. Фақат дар замони фашизми гитлерӣ дар Аврупо ин ҳолатҳои бонги хатар ба мушоҳида мерасид. Асоси ҳамаи ин ваҳшату ҳаросҳо танҳо чанд нафар террористе мебошанд, ки Аврупои бузургу пешрафтаро ба таҳлука овардаанд.
Дар Британияи Кабир давоми як соли охир маротибаи чандум аст, ки бо таҳдидҳои пўшидаву ошкори террористони алоҳида аз тариқи воситаҳои коммуникативӣ чанд шабу рўзро сокинони Лондон бо ваҳшату ҳарос паси сар менамоянд. Чун ҳавопаймое аз кишварҳои ғарбӣ ба садама дучор мешавад, ё шахсияти сиёсие ба ягон фоҷиа гирифтор мегардад, терроризм аввалин фарзияи фоҷиа ба ҳисоб меравад. Яъне Ғарбе, ки нисбат ба тероризми шарқ бо тамасхур менигарист, акнун ин дард дар домани худаш печидааст. Аввалин шинохт дар мавриди террорризм маҳз ҳамин ҷиҳат аст, ки дар ҳақиқат ин падидаи манфӣ замон, макон, ватан, марз ва миллат надорад.
Он фикр хатои маҳз аст, ки танҳо кишварҳои қашшоқу ақибмонда ба ин маризӣ гирифторанд. Ҳанўз қазияҳои террористӣ дар атрофи маҷаллаи «Шарли эбдо» ба таври ҷиддӣ Аврупову олами ғарбро ба ташвиш оварда буд ва онҳо худ эълон доштанд, ки ин амалҳо эҳтимолияти такрор доранд.

Ҷомаи нави номаълуми терроризму экстремизм
Мавриди зикр аст, ки геополитикаи ҷаҳонӣ доиман дар шакли шахшуда боқӣ намемонад ва феълан дар як ҳолати тағйирёбӣ қарор дорад. Гузаштаи таърихии асри гузашта собит менамояд, ки асри 21 низ хоҳу нохоҳ гардишҳои наверо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд меорад. Дар асри 20 ду ҷанги ҷаҳонӣ ба амал омад ва нимаи дуввуми аср дар сангарҳои муқобил қарор доштани блокҳои сотсиализму капитализм ба парокандашавии абарқудрати бузург бо номи ИҶШС оварда расониду дар ниҳоят сотсиализм низ як навъ фанои худро ёфт. Акнун ҷаҳони «сармоядории ғолиб» тарҳҳои наву тираеро пайгирӣ намуда истодааст, ки дурнамои он барои аксар номаълум аст. Ин равандро алҳол ба таври умумӣ ҷаҳонишавӣ номидаанд, ки аллакай натиҷаҳои аввалини он падидор гаштааст. Нахустин натиҷаҳои он терроризми идоранашаванда аст, ки акнун чун обила дар пайкараи ҷомеаи башарӣ рў мезанад. Як навъ бозӣ будани идеологияи «демократикунонӣ»-и сиёсатсозони ҷаҳонӣ ошкор гашта истодааст. Демократияҳои бебунёди давлатҳои алоҳидаи арабӣ имрўз низоми сиёсии сайёраро халадор гардонид. Гўё ҳама бо ҳама душман гашта истодаанд. Анқариб се даҳсола мешавад, ки империяи шўравӣ фано ёфтаанд. Ин худ аллакай як давраи комили таърихӣ ба ҳисоб меравад. То имрўз идеологияи ғарбӣ як навъ тантанаи ғолибияташро ба меросхӯри ин империяи пурқудрат – Русия ҳар замон таъкид менамояд, ки оҳанги хос дорад. Акнун ногузир аст, ки баъди як давраи таърихӣ дар низоми сиёсатҳои ҷаҳонӣ гардишҳое ба вуҷуд оянд. Чунин ба назар мерасад, ки феълан кадом як сиёсате вуҷуд дорад, ки ваҳдати халқияту миллатҳои алоҳидаро барҳам задан мехоҳад. Мисоли онро на танҳо дар ҳаёти кишварҳои шарқӣ, балки дар давлатҳои аврупоӣ низ дида метавонем. ,
Табиист, ки дар ин раванди муборизаҳо терроризму экстремизм симову ҳаракати худро тағйир медиҳанд. Терроризму экстремизмро идеологияҳои фаъол барои манфиатҳои худ бо василаҳои нав истифода мебаранд. Ин маънии онро дорад, ки «ҷомеаҳои миллиардер» ҳам аз хавфи ин омилҳо дар канор намебошанд ва гўё дар шамоили нави номаълум онро интизоранд.

Манфиатҳо, дўстон ва ҳушёрии сиёсӣ
Тоҷикистон сиёсати хориҷии «дарҳои боз»-ро пеш гирифтааст ва барои робита дари он барои касе пўшида нест. Ҳама шоҳидем, ки борҳо аз забони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибораи «ҳушёрии сиёсӣ» садо додааст. Ногузир аст, ки мо бояд ин ишораро ҳар лаҳза такрор ба такрор дарк намоем, ки асри равон нозукиҳо ва печидагиҳои мураккаб дорад.
Мо бояд нахуст ба худ эътимод ва қудрати дарки ҳама чизро дар сурати асл дошта бошем. Мабод он рўз, ки аз ғафлати сиёсии мо ҷомеа ба ин маризӣ гирифтор гардад. Имрӯз дар ҳасрати сулҳу субот зистани мардумони Афғонистон, Ироқ, Сурия ва дигар кишварҳои Шарқ беҳтарин сабақ барои мост.

 

Саъдӣ Исматов,
Бахтиёри Қутбиддин,
дотсентони ДМТ

Апрель 22, 2016 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат