29 000 ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ ДАР 11 МОҲ

Декабрь 1, 2010 14:18

Душанбе, 1 декабр.(АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).-Дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ёвон ба шаҳрвандон 2220 ҷойи нави корӣ пешниҳод гардидааст,- иттилоъ дод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Абдулқосим Сатторӣ имрӯз, 1 декабр  дар ярмаркаи ҷойҳои холии кории дар ноҳияи Ёвон баргузоргардида. Азбаски Ёвон  ноҳияи  агросаноатӣ мебошад, дар ин ҷо ниёз ба нерӯи корӣ низ зиёдтар аст. Хусусан барои корхонаҳои саноатӣ, заводи кимиёвӣ ва  таҷҳизоти оҳану бетонӣ, корхонаҳои бофандагӣ коргари зиёд лозим аст. Дар ярмаркаи имрӯз барпошуда 124 нафар шаҳрванд бо ҷойи кор ва маоши мувофиқ таъмин гардиданд. Музди миёнаи маоши корхонаҳои саноатии ноҳия то 600 сомонӣ муқаррар шудааст. Бояд гуфт, ки айни замон раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Ёвон бо 22 тшкилоту  корхонаҳо ҳамкорӣ дорад. Дуруст ба роҳ мондани сиёсати ҳифзи иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки шурӯъ аз аввали соли ҷорӣ дар қаламрави шаҳру навоҳии мамлакат танҳо аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои давлатӣ 123 ҳазору 464  ҷойи кории нав ташкил шудааст. Аз ин ҳисоб 29 ҳазору 53 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор ва маоши мувофиқ таъмин гардидаанд.

Декабрь 1, 2010 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид