Ҳамоиши «САSA-1000 ва дурнамои ҳамкории минтақавии энергетикӣ» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон идома ёфт

Май 11, 2016 16:39

Душанбе, 11.05.2016./АМИТ«Ховар»/.Имрӯз баъди зуҳр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш дар мавзӯи «САSA-1000 ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавии энергетикӣ» идома ёфта, Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди иштирокдорони он сухан гуфта, зикр намуд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки камчинии неруи барқ дар мавсими сармо ба танзим даромада, рушди устувори соҳаи энергетика ба роҳ монда шавад. Ин дар навбати худ воситаи воқеӣ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои рушд, аз ҷумла истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон хоҳад гардид.
Зимни суханронӣ дар ҳамоиш хонум Аннет Диксон, муовини Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба минтақаи Осиёи Ҷанубӣ, Даниел Розенблум, мушовири котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Марказӣ ва хонум Тизиана Бонапасе, роҳбари Дафтари минтақавии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором лоиҳаи «CASA-1000»-ро, ки пагоҳ дар Душанбе маросими расмии татбиқи он бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Раиси Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков баргузор мегардад, табрик гуфта, онро қадами устувор дар роҳи истиқлолияти энергеткии Тоҷикистон, ҳамчунин рушди кишварҳои минтақа арзёбӣ намуданд.

Май 11, 2016 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд