Ҷавонон: Ҳамеша дар бари Пешвои миллат якдил, яктан ва ба мисли ӯ сарсупурдаи ин миллату ин давлат мешавем

Май 27, 2016 16:57

Душанбе, 27.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ дода будем, имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷавонони фаъоли кишвар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.
Гулафзо Пирова-хонандаи синфи 10- и мактаб — гимназияи давлатии ноҳияи Бохтар, гирандаи стипендияи президентӣ, ки иштирокчии фаъоли ин чорабинӣ буд, ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки: «Пеш аз ҳама, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити муосири илмомӯзӣ ва ташаббусу ғамхориҳои рӯзафзун изҳори сипос менамоям. Имрӯз Пешвои миллат бисёр масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷамъиятиро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, тарбия намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯро  яке аз ҳадафҳои асосии давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумориданд. Ба гуфтаҳои Пешвои миллат, мо, ҷавонон омӯхтани касб, аз худ кардани технологияи муосир, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва сайқал додани донишро вазифаи муқаддаси худ мешуморем».
Олими ҷавон, доктори илмҳои филологӣ Ҳалимҷон Азизов таъсис додани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳар як ҷавони бо нангу номуси кишвар шараф ва ифтихор шуморид. «Ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа буда,  роҳбарияти кишвар  дар амалӣ сохтани ҳадафҳои муҳими стратегии худ ба онҳо такя  менамоянд. Онҳо умеду муттако ва фардои ояндасози ватан ҳастанд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ва таваҷҷуҳи хос дар сатҳи ҳукумат қабул кардани барномаҳои гуногун барои дастгирии ҷавононро ба тамоми вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои масус медиҳанд, ки ин боиси ифтихор аст. Дар шароити пуртазоди муосир як ларзиш метавонад суботро халалдор карда, эътидолро аз байн барад.  Мо, ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар зери сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Пешвои миллат фаъолият намоем»,-илова намуд олими ҷавон.
Сураҷ Чоршанбиев, мудири бахши ҷавонони раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зикр намуд, ки: «Бе муболиға шаҳди озодиву ободӣ, ваҳдату истиқлолият ва зиндагии шоиставу созандаро аз ҳама зиёд сокинони Бадахшон, махсусан ҷавонони ин минтақа чашидаанд». Аз фурсат истифода бурда, Сураҷ Чоршанбиев арзу сипос ва минатдории самимии ҷавонони хуштолеи Бадахшонро иброз намуда, ваъда дод, ки ҳамеша дар бари Пешвои миллат якдил, яктан ва ба мисли ӯ сарсупурдаи ин миллату ин давлат мешавем.
Таъсиси Шӯро иқдоми навбатии мақоми олии сиёсии мамлакат дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар оянда робитаи бевосита ва самарабахши ҷавононро бо роҳбарияти кишвар таъмин менамояд.

Мавҷуда Анварӣ

Май 27, 2016 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд