«Ба номи Худо, ба шири модар…», Ҳар вожаи ин савганд як пораи ҷони ӯст

Май 19, 2016 16:31

 Душанбе, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Барои миллате, ки баъд аз асрҳои шиканҷаву гирифторӣ, баъд аз нокомиҳо ва ҷабру зулму беадолатиҳои таърих ба Истиқлолияти давлатӣ ва ормони миллии худ расидааст, вожаҳое мисли Ватан, истиқлолият, озодӣ, ҳувият…он қадар арзишу қимат доранд, ки як инсони ватандӯст наметавонад онҳоро бидуни муҳаббат ва ҳаяҷону эҳсосоти баланд ба забон орад. Дар ин марҳилаи пур аз масъулияти худшиносӣ, дар ин марҳилаи эҳёи дубораи таърихии миллатамон, дар ин замони тақдирсоз, ки воқеан ба мураккабтарину хатарноктарину пурфоҷиатарин замони таърихи башар рост омадааст, бунёди Истиқлолияти давлатӣ барои ҳалқеву  миллате  осон нест. Хусусан барои миллате,ки аз сари вайронаҳои қисмату тақдири пуршигифти худ нав қомат меафрозад ва кохи шарафу эътибори дар сари вайронаҳои таърих аз нав бунёд мегузорад.

Ин аст, ки имрӯз дар назди миллати мо, халқи мо, ҳар яки мо  масъулияти баланди дарки расолати миллии худ, дарки худшиносиву ватандории худ меистад. Эй кош, ҳар яки мо, бидуни истисно, ба моҳияти ин расолати таърихии худ  мерасидем! Эй кош, агар ҳар яки мо манфиатҳои ватану миллатро баландтар аз манфиатҳои худ мегузоштем ва дарк мекардем, ки манфиатҳои шахсии мо бе манфиатҳои ватану миллатамон ҳеҷанд, нопойдору бебақоянд! Имрӯз ҳамон мавриди тақдирсоз аст, ки шиори ҳар яки мо бояд чунин бошад:

         Модар яктост, Тоҷикистон яктост!

Вақте мо аз қуллаи 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистони азизамон ба қафо, ба роҳи тайшуда менигарем, аввалин манзарае, ки пеши назарамон ҷилвагар мешавад, манзараи ҳамон Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ дар Хуҷандшаҳр аст. Ва аз ин Иҷлосия ҳасостарин ва хотирмону тақдирсозтарин лаҳзаҳо ҳамон лаҳзаҳое ҳастанд, ки Пешвои ҷавон, далеру боҷуръти мо Эмомалӣ Раҳмон бо камоли бовар ба худ ба арсаи эҳёи меҳан по  мениҳод. Он лаҳзае,ки бо садоқату муҳаббати баланд парчами навини Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба чашм мемолиду мебӯсид. Чӣ қадар пурэҳсосу пурҳаяҷон буданд он лаҳзаҳо!

Дар он соатҳои тақдирсоз ҳар сухане,ки аз забони ӯ садо медод чун савганд қабул мешуд. Дар он суханҳо ормон, орзу, нанг, номус, шаъну шарафи  ватандорӣ, муҳаббату садоқат ба Ватан, масъулияти баланд барои тақдири халқу ватан изҳор шуда буданд. Ин суханҳо  чунон самимона, ватандӯстона ва бо қатъият гуфта шуданд, ки ҳама ба онҳо бовар карданд ва умед бастанд. Ана аз ҳамин лаҳза эҳёи Тоҷикистон, эҳёи дубораи миллат оғоз ёфт. Ҳар вожаи ин  гуфтор ҷон дошт, ҳарорати баланд дошт, ҳар вожаву ҳар ибора орзу ва наҷобати рӯҳи як миллатро ифода мекард.

“Ман ба шумо сулҳ меорам!”- ин суханоне буданд, ки чун барқ дурахшиданд, ба дили мардум рӯшноӣ  оварданд, зеро ормони дерини як миллати соҳибтамаддунро ифода мекарданд.

Имрӯз  ҳамаи мо шоҳидем, ки ӯ ба қавли худ содиқ монд, ӯ ба диёри мо сулҳ овард, яъне ҷон овард, зиндагӣ овард, умеду нишот овард. Осон набуд. Балки номумкин менамуд баҳамовардани гурӯҳҳое сершумор, ки  бо кинаву адават, ташнаи хуни якдигар, силоҳ ба даст рӯ ба рӯи ҳам сангар гирифта буданд. Он вақт   нерумандтарин қувваҳо мекӯшиданд, ки пеши роҳи сулҳи тоҷиконро бигиранд. Аммо, ҳаббазо ба ӯ, ки тавонист моро, кишвари моро аз ин вартаи ҳалокат раҳоӣ бахшад, ба ин пирӯзиҳо бирасонад.

Ӯ ваъда дода буд, ки то охирин гурезаи ғурбатзадаро ба ватан барнагардонад, дилаш ором нахоҳад ёфт. Ин ҳам кори осон набуд ва дар он замон номумкин менамуд. Аммо мову шумо шоҳидем, ки гурезаҳо баргаштанд. Хонаву заминҳои валангорашон аз нав обод шуданд. Кишвару мардуми ғурбатзадаи мо боз ба зиндагии осоишта ва тинҷиву амонӣ расиданд.

Ҳамин ду далел кофист, ки саҷда ба пешгоҳи шахсияти наҷиби ӯ кунем. Аммо ин ҳанӯз оғози кор буд. Сухани мо аз қавлу амали Пешво, аз савгади ӯ ва иҷрои он аст.

Савганде, ки Президенти кишвар ба  халқаш ироа дошт, тамоми бори гарони буду набуди миллату меҳанро ба дӯши ӯ гузошт. Бори тақдири як миллати куҳанбунёд, бори қисмати як халқи хирадпешаву нокомро. Савганди ӯ дар партави номи поки Худо садо дод. Савганде,ки таҷассуми шири сафеди модар аст. Савганде,ки дар радифи дуои неки пирон аст. Савганде, ки дорои масъулият дар назди нону намаки халқ аст. Савганди рӯида аз файзи обу хоки муқаддаси Ватан.

Номи Худо ба ин савганд ҷилои қудсӣ дод. Шири модар ба ин савганд сафедӣ бахшид. Дуои пирон болу пари ин савганд гардид. Нону намаки халқ нерӯи бегазанди  он шуд. Обу хоки  Ватан ин савгандро муқаддас гардонид. Ин савганди ҷасорати по ниҳодан ба майдони ҷоннисориҳост. Ин савганди бо шуҷоат ва бовар ба худ ва ба дигарон бар дӯш бардоштани гаронтарин бор, бори тақдири миллату меҳани хеш аст. Ин савганди тақозои гузаштан аз худ, аз ҷони худ, фидо кардани ҳастии худ барои Тоҷикистон аст.

Хушбахтии миллати мо дар он аст, ки дар баҳои ҳама берӯзиву нокомиву нокомгориҳое,ки қисмат ба ӯ раво дидааст, оқибат ӯ ба ин пирӯзии таърихӣ, ба истиқлолияти давлатии худ тавонист бирасад. Аммо хушбахтии бештараш дар он аст, ки Худованд ва тақдир барои нигоҳ доштани ин Истиқлолият, раҳнамоӣ ва дифоъ аз он Пешвое дод, ки бе сарвариву раҳнамоии ӯ  соҳибӣ кардани ин истиқлолият имкон надошт.

Таърих гувоҳ аст ва собит кардааст, ки танҳо он халқ, он кишвар аз нестиву аз фалокатҳо метавонад халос ёбад, ки пешвои наҷиби худро дошта бошад. Танҳо Пешвои наҷиб метавонад як миллатро ба пирӯзиҳо бирасонад. Ва бахти неки мо буд, ки таърих чунин Пешворо ба мо дод. Ва мо мебинем, чӣ қадар халқҳои гирифтору ғурбатзадае ҳастанд, ки ормону ҷасорату ҷоннисориҳо доранд, асрҳои аср барои озодиву истиқлолият ҷонфидоиҳо мекунанд, аммо ба мақсади волои худ, ба Истиқлолияти давлатӣ, ба озодӣ намерасанд. Шояд онҳо сарваре чун Пешвои мо надоранд, аз ин рӯ наметавонанд ба ҳадаф бирасанд?!

Қасамҳои Сарвари кишвар он таҳкурсӣ, он сутунҳое ҳастанд, ки бар онҳо кохи сулҳу дӯстӣ, қасри истиқлолияти кишвари азизамон, зиндагии шоиставу сазовори ҳалқамон қомат афрохтан доранд. Агар мо омору саҳифаҳои китоби корномаҳоро варақгардон кунему биомӯзем, мебинем, ки ҳар сол, ҳар моҳ, ҳар ҳафтаву ҳар рӯз ва баъзан ҳар соати фаъолияти давлату ҳукумат ва Сарвари кишвари мо фаъолияте тақдирсоз, корномае хуҷаста, иқдоме раҳнамо ба пирӯзиҳои нав ба нави ватану истиқлолиятамон будааст. Аз ин рӯ  наметавон дар як гузориши кӯтоҳ он ҳама комёбиву дастовардҳоро мисолу далел овард. Се ҳадафи бузург, се мақсади наҷибе, ки Пешвои миллат- бунёдгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пешорӯи миллату кишвар гузошааст: истиқлоияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ воқеан омилҳои расидани халқи мо ба пирӯзиҳо гардидаанд.

Ҳар соату ҳар дақиқаву шабу рӯзи ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллатамон, тамоми чорабиниҳову қарору нишондодҳо, ҳама иқдому ташаббусҳои ӯ ҳамин як ҳадафро доранд: баланд бардоштани сатҳи моддиву маънавии ҳаёти ҳалқ, ободу хурраму сарсабз намудани кишвари азизамон.

Бубинед, имрӯз на танҳо пойтахти Ватанамон, шаҳри Душанбе, балки тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон, ҳама шаҳру деҳоти он рӯ ба ободиву бунёдкорӣ ниҳодаанд. Ҳазорон  гектар боғу токзору полезҳо, майдонҳои зироату сабзавот,гулгашту хиёбонҳои хурраму сарсабз кишвари моро ба гулистон табдил додаанд. Имрӯз бо ташаббуси шахсии Пешвои миллати мо дар кишвари мо тамоми анвои гулҳову дархтони нодири сайёра  месабзанду мешукуфанд ва ватани моро ба биҳишти воқеӣ табдил медиҳанд. Ин рамзи шукуфоии бахти тоҷикон аст, ки ба шарафи сулҳу ваҳдат дар ҳавои поку неку осуда зиндагӣ  мекунанду нафас мекашанд.  Аз ин рӯ метавон бо дили пур гуфт, ки 25-соли истиқлолияти Тоҷикистон- 25-соли дурахшони эҳёи навини миллату кишвари тамаддунпари мост.

Камол Насрулло,

Шоири халқии Тоҷикистон

07 DSC_0419

НИШ+ПАР (2) 10 НИШ+ПАР (1)

Май 19, 2016 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати таббохии миллати мо давоми садсолаҳо ташаккул ёфтааст
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
ШАБОҲАТИ ОИНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ДАВЛАТҲОИ АВРУПО. Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст