Барномаи консертӣ бахшида ба 100 — солагии ҳунарманди мумтози шашмақомхон Нериё Аминов

Май 13, 2016 10:42

Душанбе, 13.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ба номи Нериё Аминови шаҳри Ню — Йорк дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ 29 майи соли равон бахшида ба 100 — солагии ҳунарманди мумтози сабки Шашмақом Нериё Аминов барномаи консертӣ бо иштироки беҳтарин сарояндагони Шашмақом баргузор мешавад.
Нериё Аминов аз зумраи саршиносони санъати касбии мусиқии тоҷик маҳсуб мешавад, ки қариб тамоми умри пурбаракати хешро сарфи хидмат ба мардуми Тоҷикистон намудааст. Номбурда соли 1916 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, солҳои 1939 — 1977 овозхони дастаи «Шашмақом»-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон буд.
Саҳми Нериё Аминов дар рушди мусиқии суннатии тоҷикон — Шашмақом басо назаррас аст. Ў бо шеваи фаҳмову возеҳ ва услуби хос анъанаҳои шашмақомхониро идомаю такмил бахшидааст. Дар хазинаи тиллоии радиои тоҷик суруду таронаҳои мавсуф, аз қабили «То боди сабо», Чӣ донӣ, Зулфи парешон, «Гиря», «Хубрўён», «Насруллоӣ», «Шаҳноз», «Даромади ушшоқ» ва ғайра даҳсолаҳост, ки хотири мухлисони ин санъати асилро шод мегардонанд.
Нериё Аминов аз 80 — соли умри бобаракати худ 60 — соли онро дар Тоҷикистон сипарӣ намуда, онро ватани аслиии хеш медонист. Ӯ бо унвонҳои фахрии Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон ва «Ҳофизи халқии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.
Хотиррасон менамоем, ки устодони забардасти мусиқии классикии тоҷик, донандагони дурдонаҳои Шашмақом Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов бо мадади ҳамсафону шогирдон Нериё Аминов, Маҷид Ҳомидов, Барно Исҳоқова, Фариза Сайдуллоева, Боймуҳаммад Ниёзов ва дигарон ин дастаи ҳунариро шўҳратёр гардонданд. Бори аввал асарҳои пурраи классикии Шашмақом, ки беш аз 350 оҳангро дар бар мегиранд, соли 1977 дар низоми «Моно» сабт ва ба хазинаи тиллоии радиои тоҷик гузошта шудааст.

Май 13, 2016 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарони Тоҷикистон арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба миллат аст