Барои амалӣ шудани Лоиҳаи «CASA-1000» Шӯрои байниҳукуматӣ созмон дода шудааст

Май 12, 2016 10:05

Душанбе, 12.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи «CASA-1000» дар муносибатҳои байниҳамдигарии Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон як марҳилаи муҳими таърихӣ маҳсуб мешавад. Хатти интиқоли барқии ҳозиразамон ва пурманфиати «CASA-1000» имконияти минтақаҳоро ба куллӣ тағйир дода, бобати ташкили бозори минтақавии неруи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ қадами муҳим ба шумор меравад.
Лоиҳаи «CASA-1000» мураккаб, вале иҷрошаванда аст. Барои амалӣ шудани ин лоиҳа Шӯрои байниҳукуматӣ созмон дода шудааст, ки он дар марҳилаи аввали фаъолияташ ҳамкории манфиатноки байниминтақавиро таъмин менамояд.
Дар доираи Шӯрои байниҳукуматӣ ин чор давлати ба лоиҳа алоқаманд бобати амалӣ шудани нақшаҳо, ҷорӣ намудани нуқтаи назар ва қоидаҳои умумӣ, истифодаи меъёрии техникиву экологӣ ва таъмини стандартҳои бехатарӣ қарорҳои муштарак қабул менамоянд.

Май 12, 2016 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд