Бо татбиқи тарҳи «CASA-1000» мавқеи Тоҷикистон дар бозори энергетикии минтақа устувор мегардад

Май 4, 2016 17:09

Душанбе, 4.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Дар сурати татбиқи тарҳи бузурги минтақавии «CASA-1000» кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, назири Тоҷикистон ва Қирғизистон имкон пайдо мекунанд, ки солона дар мавсими тобистон дар ҳаҷми 5 миллиард кВ соат  нерӯи барқ ба кишварҳои Афғонистон ва Покистон интиқол диҳанд, ки  аз он интиқоли 3 миллиард кВ соат неруи барқ ба Тоҷикистон рост меояд»,-  гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  Манучеҳр Сафаров –сардори Раёсати тарҳрезӣ, идоракунӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика ва захираҳои  оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аҳамияти «CASA-1000»

Мавсуф доир ба сохтмон  ва аҳамияти бунёди тарҳи «CASA-1000» ибрози назар карда, афзуд, ки  самти асосии татбиқи лоиҳаи бузурги минтақавии «CASA 1000» бевосита барои  интиқоли неруи барқи изофӣ дар фасли тобистон   аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ –Тоҷикистону  Қирғизистон ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ –Афғонистон ва Покистон нигаронида шудааст. Мутахассиси  Вазорати энергетика ва захираҳои оби  кишвар зикр кард, ки  моҳи апрели соли гузашта дар Шӯрои байниҳукуматии лоиҳа, ки аз ҳисоби  намояндагони ҳукуматҳои  чор кишвар – Тоҷикистон,  Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон  таъсис дода шудааст, созишномаи генералӣ ва   созишномаи хариду фурӯши неруи барқ ба имзо расонида шуд. Дар аcоси талаботи ин созишномаҳо ҷонибҳо уҳдадор гардиданд, ки дар давоми як соли минбаъда ба тасвиб расонидани як қатор санадҳои  меъёриро ба анҷом расонанд. Дар ин росто моҳи апрели соли равон аз ҷониби кишварҳои аъзои  лоиҳа Созишномаи генералӣ ба ҳукми қонунӣ даромад.

Ҷалби маблағҳои институтҳои  молиявӣ дар татбиқи  тарҳи бузург

Тибқи асоснокуниии техникию иқтисодии лоиҳа   қисмати иншоотҳое, ки дар ҳудуди  Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд, 314 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ин иншоотҳо сохтмони хатҳои интиқоли барқи  ҷараёни тағйирёбанда,   хатти интиқоли барқи  ҷараёни доимӣ ва сохтмони  як адад зеристгоҳи конвертерӣ /табдилдиҳандаи ҷараёни тағйирёбанда ба ҷараёни доимӣ/  бо иқтидори интиқоли 1300 мВт дар ҳудуди  мавзеи  Сангтӯда мебошад. Дар ин самт аллакай  маблағҳо  барои қисмати тоҷикистонии ин лоиҳа ҷалб карда шудаанд. Аз ҷумла,  аз ҷониби  Бонки ҷаҳонӣ 45 миллион $  ба сифати грант, аз сӯи Бонки исломии рушд 70 миллион $  қарзи имтиёзнок,  аз ҷониби Бонки аврупоии сармоягузорӣ 79 миллион $,  Бонки аврупоии таҷдид ва рушд  110 миллион $ ва Агентии рушди  байналмилалии Амрико /USAID /7,5 миллион  $ ва аз сӯи Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир   дар ҳаҷми  38, 5  миллион $ ба сифати грант ҷудо карда шуд. Яъне  то имрӯз масъалаи маблағгузории қисмати тоҷикистонии лоиҳаи «CASA-1000» пурра ҳал гардидааст.

 «CASA-1000»   ба маблағи беш аз 1 миллиард $ татбиқ мегардад

Дар доираи лоиҳа сохтмони иншоотҳо ба ду қисмат ҷудо карда шудааст. Қисмати сохтмони  хатти интиқоли ҷараёни тағйирёбанда  аз зеристгоҳи «Датка»-и Қирғизистон то зеристгоҳи Суғд  477 км-ро ташкил медиҳад,  ки аз ин тахминан 22 км дар ҳудуди  кишвари  мо мебошад. Инчунин сохтмони хатти интиқоли ҷараёни хати тағйирёбанда аз  зеристгоҳи «Регар» то «Сангтӯда» ба масофаи 115 км  ва  сохтмони 117 км  хатти интиқоли барқи ҷараёни доимӣ аз мавзеи Сангтӯда то марзи Афғонистон, дар маҷмӯъ сохтмони хатти интиқоли барқи  ҷараёни  доимии тарҳи мазкур беш аз 750 км –ро ташкил  медиҳад. Сохтмони  хатти интиқоли доимӣ барои чунин лоиҳаҳои бузург, мисоли «CASA-1000» бунёд карда мешавад. Аслан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин хаттҳои интиқоли барқ нестанд ва он хатҳои интиқоли барқ, ки дар замони  шӯравӣ сохта шудаанд,  иншоотҳои ҷараёни хати тағйирёбандаанд.

Инчунин Манучеҳр Сафаров афзуд, ки дар доираи  лоиҳа алҳол  озмунҳо идома дошта,  барои сохтмони қисмати хатти интиқоли барқи  ҷараёни доимӣ дар қаламрави Афғонистон як ширкати чинӣ ғолиб омада ва дар ин самт гуфтушунид идома дорад. Тарҳи  «CASA-1000»  бо маблағи 1 миллиарду 86 миллион  $ татбиқ карда  мешавад.  Дар  назар аст,  ки 12 майи соли  2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи созишномаи генералӣ аз моҳи апрели соли 2015  оғози татбиқи лоиҳа сурат гирад. Баъдан пас аз татбиқи лоиҳа корҳои  сохтмони ин тарҳи   бузурги минтақавӣ оғоз мегарданд.

Амнияти «CASA-1000»-ро шарикони рушд таъмин менамоянд

Бо дахли таъмини амнияти тарҳи «CASA-1000»   вобаста ба авзои сиёсии кишвари ҳамҷавор — Афғонистон,  мутахассиси Вазорати  энергетика ва захираҳои  оби кишвар таъкид  кард, ки таъмини амнияти чунин лоиҳаҳои бузург  дар сатҳи минтақавӣ ҳангоми таҳияи асосноккунии техникӣ ба инобат гирифта шудааст. Мавриди зикр аст, ки  асосноккунии техникии иқтисодии лоҳаи «CASA-1000» аз ҷониби ширкати канадагии «SNC –Lavalin» таҳия карда шуда,   зери  назорати доимии коршиносони   Бонки ҷаҳонӣ,  Агентии рушди байналмилалии Амрико /USAID/ ва дигар шарикони рушд қарор дорад.

Тоҷикистон дар бозори минтақавии энергетикӣ мавқеашро устувор менамояд

Мавриди зикр аст, ки  ҳар як лоиҳа ҳангоме, ки таҳия карда мешавад, ҷанбаҳои  судманди техникӣ ва иқтисодии он мавриди омӯзиш қарор мегиранд.  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳадафи стратегӣ дар бахши ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ  якчанд зерсамтҳоро   аллакай  муайян  намудааст,  ки бунёди иқтидорҳои нав, таҷдиду навсозии иқтидорҳои мавҷуда, кам намудани  талафоти неруи барқ ё  сарфаҷӯӣ, истифодаи  манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне намудҳои ғайримаъмулӣ-   энергияи офтобӣ,  шамолӣ ва васеъ намудани  бозори содиротӣ ба он мансубанд.

Низоми  энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб ба таври автономӣ фаъолият менамояд.  Дар cурати татбиқи тарҳи «CASA-1000»  шароит фароҳам  меояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бозори минтақавӣ мавқеи худро муайян  ва мустаҳкам карда,  ҳамчун кишвари  содиркунандаи неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ба  кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубӣ фоидаи иқтисодӣ ба даст биорад.  Инчунин татбиқи лоиҳаи  «CASA-1000» дар ғанӣ гардидани  буҷети кишварамон  ва беҳтар гардонидани вазъи молиявии ширкати «Барқи Тоҷик» мусоидат намуда, дар амалӣ намудани  яке аз се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- мушараф гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами устувор хоҳад буд.

Марзия Саидзода,  хабарнигори  «Ховар».

 

Май 4, 2016 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад