Дар Файзобод ярмаркаи ҷойҳои корӣ доир шуд

Май 26, 2016 10:24

Файзобод, 26.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори варзишии Филармонияи давлатии ноҳияи Файзобод бо ташаббуси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор шуд, ки дар ярмаркаи мазкур 28 корхонаву муассиса иштирок карда, ба корҷӯён ҷойҳои  корӣ пешниҳод намуданд. Мувофиқи иттилои роҳбарияти шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар ярмарка 180 нафар корҷӯён иштирок намуданд, ки аз ин шумора 8 нафар бо ҷойи кор таъмин шуда, 40 нафар ба касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд.
Ҳамчунин дар соли 2016 тавассути барномаи «Мусоидат ба шуғли аҳолӣ», 99 нафар шаҳрвандони бекор ва бешуғли ҷамоатҳои деҳоти ноҳия аз рӯйи касбҳои кафшергарӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ ва муҳосибӣ ба касбомӯзӣ ҷалб шуда, соҳиби шаҳодатномаи касбӣ мешаванд.

Май 26, 2016 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»