Давлатсозӣ оғоз дорад, анҷом не

Май 16, 2016 14:16

Душанбе, 16.05.2016 (АМИТ «Ховар»). Вобаста ба зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарнигори АМИТ «Ховар» бо cармутахассиси Раёсати таҳлил ва  ояндабинии сиёсати  хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, ки муҳтавои он пешкаши хонандагон мегардад.

АМИТ «Ховар»: Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ муҳимтарин маъракаи сиёсӣ маҳсуб мешавад. Хоҳиш мекунем, дар мавзӯи Конститутсия, вазифа ва ҳадафҳои он андешаҳои худро изҳор намуда бошед.

 З.Давлатов: Дар мавриди мазмуни калимаи «Конститутсия» баъзан шарҳҳоеро мешунавем ё мехонем, ки ҷавобгӯи маънои ин калима нестанд. Калимаи «Конститутсия» лотинӣ буда, маънои барпо намудан, бунёд гузоштан, таъсис доданро дорад. Дар қонуни асосии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин калима 35 маротиба истифода шудааст.

Дар ҳар як Конститутсия тартиби таъсис додан, муайян кардан, муқаррар намудани асосҳои низоми сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа, принсипҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, низоми мақомоти он, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ифода мегардад. Ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои шаҳрвандони кишвари муайян маҳз дар Конститутсияи ҳамон кишвар тарҳрезӣ мешаванд.

Вазифаи дигари Конститутсия таъмини тартибу низом ва суботи ҷамъиятист. Он санадест, ки сохтори давлатӣ тавассути он ба худ шакли муайян мегирад. Маҳз тавассути меъёрҳои конститутсионӣ дар қаламрави давлат фазои ягонаи ҳуқуқӣ таъмин мегардад.

То соли 1994 дар кишвари мо меъёрҳои ҳуқуқии  давлати Шӯравӣ бо омехтагӣ бо тарзи идораи  шӯравӣ   амал мекарданд. Соли 1994 бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин раванди номатлуб хотима гузошта шуд.

Баъди таназзули  давлати  Сомониён ва  гузашти  зиёда аз ҳазор  сол Конститутсияи соли 1994 дар Тоҷикистон қабулгардида ба таъсиси  давлати соҳибистиқлол, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд таҳкурсии ҳуқуқӣ гузошт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофи созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо яке аз намунаҳои беҳтарини конститутсияҳои ҷаҳонист.

АМИТ «Ховар»: Пештар ҳам дар кишвари мо раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия баргузор гардида буд. Кадом омилҳоро метавон ҳамчун асос барои ворид намудани тағйиру иловаҳои навбатӣ  номбар кард?

З. Давлатов: Дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия таҷрибаи паҳншудаи ҷаҳонист. Таҳрир ва иловаҳоро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафти иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар, таҳаввулоти ҷомеаи шаҳрвандӣ тақозо дорад. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Бори аввал моҳи сентябри соли 1999 ва бори дуюм 22 июни соли 2003.

Табиист, ки аз соли 2003 то инҷониб дар ҳаёти ҷомеаи мо дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омаданд. Дигаргуниҳо дар ҷомеаи шаҳрвандӣ, зарурати такмили тарзи идораи сохторҳои давлатӣ, ба талаботи нави ҷамъиятӣ мувофиқ гардонидани меъёрҳои конститутсионӣ, танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ миёни сохторҳои гуногуни давлатӣ, амниятмеҳвар  шудани  сиёсати дохилию хориҷии  кишварҳои олам- ҳамаи ин аз омилҳое ба шумор мераванд, ки дохил намудани тағйиру иловаҳоро ба низоми қонунгузории давлат тақозо мекунанд.

Конститутсия санади асосии ҳуқуқии давлат ба шумор меравад. Ҳуқуқшиносон хуб медонанд, ки меъёрҳои ҳуқуқӣ-конститутсионӣ меъёрҳои олии ҳуқуқианд. Аз ин рӯ ҳамаи дигар қонунҳое, ки аз тарафи сохторҳои қонунгузор таҳия мешаванд, бояд ба меъёрҳои Конститутсия мувофиқ бошанд.

Аз ҷумла, қабул шудани қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ аз моҳи октябри соли 2011 зарурати мутобиқгардонии истилоҳот, ибораву калимаҳою вожаҳоро пеш овард.

АМИТ «Ховар»: Дар лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба райъпурсии умумихалқӣ пешниҳодшуда 34 тағйиру иловаи пешбинишуда танҳо ба ивази калимаҳо, вожаю ибораҳо, пайвандакҳо, ҳиссачаҳо, ҷонишинҳо ва дигар аломатҳои китобатӣ мансубанд. Инро чӣ тавр метавон шарҳ дод?

З. Давлатов: Дуруст мегӯед. Танҳо иваз намудани калимаи «марз», «қаламрав» бо калимаи «ҳудуд» дар 5 моддаи Конститутсия: моддаи 7, қисми 4, 56 қисми 1, 74 қисми 1, 78 қисми 2, 79 қисми 1 пешбинӣ шудааст, ки ба фарогирии мазмуни ин калимаҳо вобастагӣ дорад. Калимаи марз аз ҷиҳати мазмун фақат хати сарҳад ё худ сарҳадро дар назар дорад. Ҳол он ки дар моддаҳои номбаркардашуда сухан на танҳо сари марзи давлат, инчунин сухан дар бораи  тарзи таъсис ва ё барҳам   додани воҳидҳои маъмурию  марзӣ  меравад. Дар ин ҳолат ба ҷои калимаи «марз» навиштани калимаи «ҳудуд» дуруст меояд, зеро калимаи «ҳудуд» маънои васеъ дошта, тамоми ҳудуди давлат, хушкӣ, обӣ ва ҳавоиро дар бар мегирад.

Дар моддаи 32 баъд аз калимаҳои «ҳизбҳои сиёсӣ» ба ҷои пайвандаки «ва ё» аломати «,» вергул гузоштан пешниҳод шудаст. Ин таклиф аз рӯи таснифоти забонӣ зарурат пайдо намудааст, зеро пайвандаки «ва ё»  қисмати аввалӣ ва минбаъдаи ҷумларо мазмунан дуруст пайваст карда натавонистааст. Пас, пешниҳод шудааст, ки аломати «,» вергул  ин вазифаро  беҳтар иҷро мекунад.

Дар моддаи 15 қисми 2 иваз кардани  пайвандаки «ва» бо ҳиссачаи мустақили «ё»  пешниҳод шудааст. Дар ин модда сухан дар бораи шаҳрвандии Тоҷикистон меравад. Дар қисми дуюми моддаи 15 омадааст, ки «Мансубияти шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрванди давлати дигар эътироф намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун ва шартномаҳои байнидавлатии Тоҷикистон нишон дода шудааст». Мувофиқи пешниҳод ин ҷо баъди калимаи «қонун» ҳиссачаи мустақили «ё» навишта мешавад. Сабаб он аст, ки ҳиссачаи мустақили «ё» калимаҳои «қонун» ва «шартномаҳои»-ро  дурусттар бо ҳам мепайвандад.

Дар Конститутсияи ҳоло амалкунанда қисми 1 моддаи 5 чунин навишта шудааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошад». Пешниҳод шудааст, ки ба ҷои ҷойнишини «он» ҷойнишини мушаххаскунандаи ишоратии «ӯ» навишта шавад. Дар чунин ҳолат ҷойнишини шахси сеюми танҳо «он» як навъ дурӣ ва ноҷӯриро ифода мекунад. Дар ҳолати навиштани ҷойнишини ишоратии «ӯ» ду ҷумлаи сода мазмунан бо ҳам дуруст мепайванданд.

Дигар тағйироти таклифшуда ба қисми 6-и моддаи 78 тааллуқ дорад. Дар қисми 6 моддаи 78 омадааст: «Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷамоат аст, ки тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти онро қонун танзим менамояд». Чуноне, ки мебинед калимаи «ҷамоат» бо ҳарфи «ҷ»-и хурд  навишта шудааст. Ҷамоат ном аст, номи мақомоти маҳалии идоракунии ҳокимият. Айни ҳол  калимаи ҷамоат исм аст, исми хос. Пас он бояд бо ҳарфи калон навишта шавад. Дар лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таклиф  шудааст, ки дар қисми 6-и моддаи 78 калимаи «ҷамоат» бо ҳарфи «Ҷ»-и калон, яъне «Ҷамоат» навишта шавад.

Нуҳ моддаҳои  дигари  Конститутсия, моддаҳои  1, 5, 15, 28, 49, 65, 78, 85, 89 дар таҳрири нав баён шудаанд. Раъйдиҳандагон, шаҳрвандони Тоҷикистон бояд донанд, ки таҳрири нави моддаҳои Конститутсия аз иловаҳои нав фарқ дорад. Вақте қисматҳои гуногуни моддаҳои Конститутсия бо мазмуни нав ҳамчун илова пешниҳод мешаванд, ин аллакай такмилдиҳӣ, аниқгардонии паҳлуҳои ҳуқуқии моддаҳо ва ба меъёрҳои конститутсионӣ боз ҳам бештар мувофиқ гардонидани ифодаҳои ҳуқуқист.

Дар лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муҳокомаи умумихалқӣ пешниҳод шудааст, дар 6 модда бандҳои нав илова карда шуданд. Ин иловаҳо ба моддаҳои  1, 8, 49, 65, 73, 89 дахл доранд.

АМИТ «Ховар»: Оид ба ҳамчун илова пешниҳод шудани қисми панҷум ба моддаи шасту панҷуми Конститутсия тавзеҳоти бештар медодед.

З. Давлатов: Як вижагии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки ба моддаи 65  қисми нав, қисми 5 илова шудааст, ки матни он чунин аст: «Маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида, яъне як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад, нисбат ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат татбиқ намегардад».

Бояд гуфт моҳи декабри соли 2015 Парлумони мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро ба тасвиб расонд, ки қонуни мазкур вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллатро муқаррар карда, ӯро ҳамчун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, хотимабахши ҷанги шаҳрвандӣ, эҳёгари таъриху фарҳанги бою ғании миллати куҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷик, кафили пойдориву бардавомии давлати мустақили Тоҷикистон эътироф кардааст. Чунин эътирофу эҳтиром ва қадрдонӣ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат онро ифода мекунад, ки ӯ шахсияти умумиэътирофшудаи таърихии миллат, ифодагари ормону орзуҳои насли гузашта, имрӯза ва ояндаи миллати тоҷик буда, барои Ватан ва миллат хизматҳои беназир ва таърихӣ кардааст. Аз ин ҷо шахсияти таърихӣ бояд имконияти идома  додани корҳои оғознамудаи тақдирсози худро дар оянда низ дошта бошад ва миллату ватанро ба қуллаҳои мурод расонад.

АМИТ «Ховар»: Шумо ҳамчун мутахассиси соҳа дар мавриди раъйпурсии умумихалқӣ ва иштироки шаҳрвандон дар раванди он чӣ мулоҳиза доред?

З. Давлатов: Конститутсия қонуни таъсиси давлат аст. Низоми фаъолияти мақомоти давлат, тартиби татбиқи салоҳияти онҳо ва омили муайянкунандаи равобити мутақобилаи байни мақомоти давлатӣ мебошад.  Конститутсия суботи сиёсӣ ва тартибу низомро дар давлат таъмин мекунад, симои давлатро муайян месозад. Давлатсозӣ оғоз дораду анҷом не. Яъне механизму ниҳодҳои гуногуни давлатию ҷамъиятиро мудом такмил дода, ба шароит ва талаботи рӯз мувофиқ намудан лозим аст.

Ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод намудани  лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон далели он аст, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқэҷодкунии халқ чун намуди мустақили ҳуқуқэҷодкунӣ аллакай амалӣ гаштааст.

Маънои вожаи давлат дорои сарват ва боигарӣ будан аст. Боигарии аз ҳама муҳими миллат доштани давлати миллист.  Баъди зиёда аз ҳазор сол бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон тоҷикон имкон пайдо карданд, ки бо номи худ, давлати миллии худро дошта бошанд. Имрӯз ҷонибдорӣ аз лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ аз ояндаи суботи давлат, истиқлолияти сиёсӣ ва амнияти ҷомеа мебошад.

Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  воқеан ҳам маъракаи муҳими сиёсист. Иштироки бошууронаи ҳар як шаҳрванд дар ин чорабинии сиёсӣ гувоҳи масъулият дар баробари сарнавишти давлату миллати худ ба шумор меравад.

Суҳбати Акрам Сангзода

Май 16, 2016 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад