Эмомалӣ Раҳмон: «Ба муассисаҳои бонкӣ бештар занону бонувон ба кор ҷалб карда шаванд»

Май 27, 2016 15:40

Душанбе, 27.05.16. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти мамлакат роҳбарони бонкҳои давлативу саҳҳомӣ ва сохторҳои маҳаллиро вазифадор намуд, ки  камбудии ҷойдоштаро бартараф намуда, кормандонашонро аз ҳисоби бонувон бештар намоянд.
Сарвари давлат аз кам ҷалб шудани занон ва бонувон  ба  муассисаю корхонаҳои давлатӣ изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки шумораи занон дар мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 16 фоиз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 21 фоиз, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот 21 фоиз мебошад, ки ин рақамҳо ҳанӯз каманд.
«Мо пешниҳод карда будем, ки ба муассисаҳои бонкӣ бештар занону бонувон ба кор ҷалб карда шаванд, аммо аз таҳлили маълумоти оморӣ маълум мешавад, ки ин супориш пурра иҷро нашудааст»,-таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Вобаста ба ин, Президенти кишвар ба масъулин супориш  дод, ки  аз миёни ҷавонон шахсони боистеъдоду болаёқат, донишманду ташаббускор, забондон ва аз нигоҳи сиёсӣ устуворро пайдо карда, онҳоро тарбия ва ба вазифаҳои масъул пешбарӣ кунанд.

Май 27, 2016 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид