Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷиҳати ба шуғл фаро гирифтани ҷавонону занони бекор тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд!»

Май 27, 2016 17:02

Душанбе, 27.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи пос доштани таъриху фарҳанг ва арзишҳои ахлоқиву маънавии миллӣ диққати ҷиддиро талаб мекунад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе падару модарон ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии фарзандон бетарафӣ зоҳир намуда, гузашта аз ин, ба поймолшавии ҳуқуқ ва озодиҳои ҷавондухтарон дар таъмини таҳсилоти баробар роҳ медиҳанд»,-гуфт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, зимни суханронӣ дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба андешаи Президенти кишвар, чунин муносибат сабаби аз таҳсилу касбомӯзӣ дур мондани иддае аз ҷавонон ва ба амалҳои ношоиста даст задани онҳо гардидааст.
Тибқи маълумоти мақомоти дахлдор беш аз 80 фоизи ҷинояткориҳои аз тарафи ноболиғону ҷавонон содиршуда, ба шахсони бекор рост меояд. Дар давоми солҳои 2014-2015 ва чор моҳи соли 2016 — ум беш аз 13 000 ҷинояти аз тарафи ҷавонон содиргардида ба қайд гирифта шудааст.
Аз ин рӯ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар   раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки бо мақсади муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ бештар кӯшиш намоянд ва якҷо бо мақомоти марказии давлатӣ ҷиҳати ба шуғл фаро гирифтани ҷавонону занони бекор  тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Май 27, 2016 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид