Мардум бо табъи болида ба раъйпурсӣ меоянд

Май 22, 2016 13:46

Душанбе, 22.05.16. /АМИТ «Ховар»/. Валерий Катула, намоянда  аз  ҳайати мушоҳидони  байналмилалӣ  зимни  боздид  аз  участкаи раъйдиҳии №1-и ноҳияи Шоҳмансур,  ки дар бинои Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №20 воқеъ гардидааст, гуфт, хушҳол аст, ки мардум бо табъи болида ба раъйпурсӣ омада истодаанд.
Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон амри зарурӣ ва саривақтӣ мебошад,- афзуд ӯ.
Ба иттилои Валерий Катула,  зимни  мушоҳида  ягон  ҳолати вайрон намудани қонун ба  қайд  гирифта  нашудааст.
Дар участкаи раъйдиҳии №1-и ноҳияи Шоҳмансур то соати 12 нисфирӯзӣ зиёда аз 65 фоизи раъйдиҳандагон мавқеи худро муайян намуданд.
Яке аз шахсони номдори кишвар — Мирзошоҳпух Асрорӣ ҳамроҳи оилаи худ Сабоҳат Облоқулзода ба раъйпурсӣ омада, изҳори қаноатмандӣ намуд, ки  сокинон бо рӯҳияи баланд дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуда истодаанд  ва баргузории чунин чорабинии  муҳими сиёсӣ, ки ояндаи дурахшону зиндагии шоистаю рушди босуботро муайян месозад,  саривақтӣ мебошад

Май 22, 2016 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд